Деҳаи зебоманзари сароби Зарафшон — Роғ бо марғзору ғаллазорони доманфарохаш, сарчашмаи садҳо баёзу куллиётҳо гаштааст. Вожаи Роғ макони зебои обшору мусаффо ва ниҳоят, заминҳои ҳосилхезу мардумони асолатдор тасвир шудааст.
Ватанхоҳию ватанпарастӣ, футувватпешагӣ, одамгарӣ, меҳмоннавозӣ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад гӯем, хато нест. Ин сифатҳо дар китоби адиби латвиягӣ Аво Сузи «Матча в разных измерениях» ифода ёфтааст.
Дар миёни 56 деҳа дар ноҳияи Мастчоҳ роғиён бо дастурхондории хоси худ бартарӣ доранд. Нонҳои лазиз ва ғизою таомҳои хуштаъми Роғ дар тамоми водии Зарафшон шуҳратёр гардидаанд. Инро истилоҳоти хоси фарҳанги таомпазию ғизоомодасозии аҳли деҳ, ки бо унвонҳои «нони Роғ», «талқони Роғ», «қурутоби Роғ», «фатирмаскаи Роғ», «лочараи Роғ», «кашки Роғ», «суманаки Роғ» ва ғайра машҳуранд, собит месозанд.
Фарзандони қомусдониши деҳа чун Абдуллохони аллома, усто Қурбони Ҳаддод, Тошмаҳмади барзгар, Абдураҳими додхоҳ, Давлат Обиди родмард, Паҳлавонзодагони соҳибшаҷара, Охуни Мулломираваз, Эшони Олимхоҷаи Ҳоҷӣ, Пӯлоди Ҳомид шуҳрати деҳи бостониро зиёд кардаанд.
Усто Қурбони Охун аз нафаронест, ки аз бисёриҳо бо сифатҳои олии кордонию инсонгарӣ фарқ мекард. Соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд ва аз ин деҳа 32 нафар ба фронт рафтанд. Аз ҷумла устои оҳангар ҳам. Вале аҳли деҳ тариқи ариза доир ба баргардонидани усто Қурбон истодагирӣ кардаанд: «Ин инсон ягона оҳангарест, ки барои кишоварзон чун обу ҳаво зарур буда, дос, бел, зоғнӯл (чок), оҳани ҷуфт, наъли аспҳои бидаву ҷангӣ, корду теша, каланду бел тайёр мекунад. Агар ӯ ба ҷанг равад, мо ҳазорҳо гектар майдони ғалладонаро чӣ тавр кишт мекунем? Мо розӣ, бигузор ба ҷои ӯ ба майдони ҷанг мо равем, вале Қурбони оҳангар барои деҳаҳои болооби Зарафшон садчанд манфиат дорад».
Муовини раиси кумиҷроияи ноҳия Мақсуд Шукуров дархостҳои қатъиро дар мизони ақлу хирад баркашида, худи ҳамон рӯз усторо аз рӯйхат мебарорад. Ин аст, ки поёни ҷанг усто Қурбони оқсақол ҳам барои хизматҳои арзандааш дар ақибгоҳ бо медали «Барои хизмати шоён» дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ноил гардид.
Мегӯянд, ки:
Падар бошад агар шахси накукор,
Сабақ гирад писар аз ӯ ба кирдор.
Хушбахтона, дар ҳамин муҳити оилавӣ 8-уми октябри соли 1942 Малик Қурбонов ба олами ҳастӣ омадааст ва аз хурдӣ чун шаш бародару хоҳаронаш ҳар насиҳати волидонро кӯшиш мекард, ки амалӣ гардонад.
Соли 1958 усто Қурбон бо даъвати Ватан ба Дилварзин кӯч баст. Малик Қурбонов баробари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Рӯдакиро хатм кардан соли 1962 Омӯзишгоҳи касбӣ — техникии Исфараро ба анҷом расонид. Ниҳоят, соли 1962 ба Донишгоҳи политехникии Тошканд шомил шуда, соли 1971 онро бо ихтисоси муҳандис тамом кард. Ногуфта намонад, ки дар ҳамин давраи хонишаш низ хизмати ҳарбиро адо намудааст.
Аз қафои мансабу пулу мол надавид. Ӯро аз рӯи ихтисосу донишаш сардори гурӯҳи лоиҳакашии Идораи оби ноҳия таъин карданд. «Бӯи мушк пинҳон намемонад», — гуфтагӣ барин кори ҳалолу фаъолияти номбурда ба роҳбарияти ноҳия аён гардид ва ӯро сармуҳандиси Идораи об таъин карданд.
«Ба кордон кор осон», — мегӯянд. Рӯзе ӯро ба идора шахсан котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳия хонд ва дар ҷаласаи ғайринавбатӣ иброз дошт, ки бо ризоияти ҳамагон аз ҳамин рӯз (10 апрели соли 1975) шуморо бо як овоз директори калонтарини совхози ноҳияи Мастчоҳ — «Правда» таъин кардем.
Аз байн чор сол гузашт. Хоҷагӣ аз иҷрои ҳама нақшаҳо баромада, дар сафи хоҷагиҳои номдори вилоят ҷой гирифт. Котиби якуми ҳизби коммунисти вилоят Р. Ҳоҷиев аз корнамоиҳои ҷавон қаноатманд буд. Соли 1980 ӯро ба вилоят даъват намуданд ва муттасил вазифаҳои директори генералии совхозҳои навкорам — «Пахтакор»-и ноҳияи Зафаробод, «Заркор»-и ноҳияи Ашт, «Умари Хайём»-и ноҳияи Мастчоҳро ба дӯшаш гузоштанд ва аз ин ҷобаҷогузории кадрӣ бурд карданд. Солҳои 1983 — 1987 ба ҳайси директори «Главсредазсовхозстрой»-и Вазорати хоҷагии оби собиқ ИҷШС беш аз 14682 гектар заминҳои бекорхобидаро корам намуд. барои коргарон дар масоҳати 25400 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, иншооти зиёди тандурустӣ, мактабу маориф, савдо ва нуқтаҳои хизмати маиширо бунёд намуд. Аз соли 1987 то соли 1990 дар чандин маснадҳои масъул худро ҳамчун кадри аз ҷиҳати кордонию сиёсӣ обутобёфта собит намуд. М. Қурбонов солҳои 1990 — 2000 раиси ноҳияи Мастчоҳ буд. Ӯ аз оғоз то анҷоми роҳбарӣ дар рушду нумуи иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маданияти калонтарин ноҳияи вилоят саҳм гузошт.
Дар давраи раисии мавсуф пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ ҳосилнокии пахтаро ба 65 ҳазор тонна расониданд ва сари синаи раиси ноҳияро ордени «Нишони фахрӣ» зеб дод. Давоми даҳ соли сарварӣ ва баъди Истиқлолияти давлатӣ низ мардум ӯро бо як овоз вакили мардумӣ дар Парлумони кишвар интихоб намуданд.
Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуд. Ҳар маснад аввалу анҷом дорад. Чун давраи пирию нафақабароӣ фаро расид, ӯро ҳам ба нафақа гуселонданд. Фарзандон ҳама соҳибмаълумоту соҳибмартабаанд. Саидшариф — корманди Раёсати гумруки вилоят, Зафарҷон — сарвари ҶДММ «Зафар» ва Суҳробҷон ҳуқуқшинос аст. Адолату Латофат дар муассисаҳои таълимӣ ифои вазифа доранд.
Ҳарчанд падар дар 71- солагӣ ҷаҳонро падруд гуфта бошад ҳам, аммо корҳои неку номи некаш абадан зиндаанд. Барои абадияти номи Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» Малик Қурбонов бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд таҳти №487 (аз 25 марти соли 2014) муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Мастчоҳ ба номаш гузошта шуд. Ин иқдом шоистаи дастгирӣ ва далели возеҳи арҷгузории хизмати ин фарзанди фарзонаи миллат маҳсуб меёбад.
Усмон ОЛИМ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Дар сурат: вакили парлумон Малик Қурбонов дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992) аввалин шуда, номзадии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ кард.