Моҳи январи соли 1997 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ба ҳайси мудири шуъбаи масъалаҳои иҷтимоию фарҳангӣ (ҳоло шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа) ба кор гузаштам. Рӯзе ба наздам як мӯйсафеди босалобати қоматбаланди паҳлавонҷусса даромад.
- Ман, Набиҷон Маҳкамов, сардори ташкилоти ҷамъиятии сӯхторнишонии ноҳия, 72 — солаам, вале ҳоло ҳам монда нашуда, ба халқу Ватанам хизмат мекунам, — шӯхиомез худро шиносонд ӯ.
Баъд, мушоҳида кардам, ки ин марди солдида дар ҳақиқат инсони ташаббускор ва ташкилотчӣ будааст. Дар ҳама чорабинии давлативу ҷамъиятӣ ҳузур дошт.
- Набиҷон Маҳкамов соҳиби ду ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (дараҷаҳои 1 ва 2), орденҳои «Байрақи Сурхи ҷангӣ», «Ситораи Сурх», медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои ҳимояи Ленинград», «Барои забти Будапешт», «Барои хизматҳои ҷангӣ» ва ғайра мебошанд, — ба ёдам омад суханони муовини ҳамонвақтаи раиси ноҳияи Зафаробод Аминҷон Исмоилов.
Ӯ ба ман ҳикоя кард, ки Набиҷон Маҳкамов соли 1944 дар хатти пеши фронт тасодуфан бо падараш Маҳкам Каримов дучор омада, бо розигии командирон падарро ба паҳлуи худ мегирад ва тақрибан 6-7 моҳ якҷо бо душмани ғаддор меҷанганд, дар озод кардани шаҳру минтақаҳои бисёр иштирок мекунанд. Охири соли 1944 дар яке аз муҳорибаҳо падар ҷароҳати сахт мебардораду комиссияи ҳарбӣ ӯро маъюб эълон карда, ба хона ҷавоб медиҳад.
Набиҷон Маҳкамов бошад, дар як муҳорибаи шадид, зимни озод кардани Венгрия, аз зарби душман беҳуш шуда, ба заминкан меафтад ва хоки бисёре ӯро мепӯшонад. Аз қисми ҳарбӣ ба номи падару модари ҷанговар дар бораи «бедарак ғайб задан» — и ӯ мактуб меояд.
Дар зодгоҳаш аскарро фавтида эълон карда, азо мегиранд…
- Ин умре, ки ман дида истодаам, умри дубора аст, писарам мегуфт амаки Набиҷон.
Соли 2000-ум, рӯзи 9- уми май, ба муносибати 55 — солагии Ғалаба бар фашизми Германия 75 — солагии Набиҷон Маҳкамовро дар ноҳияи Зафаробод ҷашн гирифтем. Дар чорабинӣ, ки таҳти сарварии раиси ноҳия Мирзооқил Исмоилов баргузор шуд, раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят профессор Абдусаттор Қаюмов ва меҳмонони зиёд иштирок доштанд.
***
- Шояд дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле кам иттифоқ афтодааст, ки падару писар дар майдони корзор бо ҳам вохӯрда, ҳамроҳ ба муқобили душман ҷангида бошанд. Ин ҳодиса ба ёди кас филми хотирмони «Падари сарбоз» («Отец солдата») — ро ба хотир меорад, — мегуфт Аминҷон Исмоилов.
***
Набиҷон Маҳкамов дар зиндагӣ низ як инсони бузург ва нисбат ба фарзандон мушфиқу меҳрубон буд. Иди бузурги Ғалабаро бо ҳаяҷон истиқбол мегирифтанд. Палав пухта, барои фарзандон дастурхони идона меоростанд. Илоҳо, шумо рӯи ҷангро набинед, фарзандонам, — гӯён даст ба дуо мебардоштанд.
Қаҳрамонии чунин мардони Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, зеро зикри хайр номи онҳоро ҳамеша зинда нигоҳ медорад.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»