Пахтакорӣ дар авҷ аст

№54 (3848) 03.05.2018

3Мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои аз гардиши кишоварзӣ бозмонда ва табдили шаклкарда зиёд намудани майдони кишти пунбадона то 187500 гектар дар назар аст.

Кишоварзон бо истифода аз обу ҳавои мусоид то 30 апрел дар 183790 гектар пунбадона кишт карданд, ки нисбат ба соли гузашта 17880 гектар зиёд мебошад.

- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пунбадона аз ҳисоби мутахассисони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис додааст ва кор дар ин самт идома дорад. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои кишти пунбадона 1867 техника ва тухмипошаки муосир сафарбар карда шудааст, — иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Иҷрои дурнамои кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда, шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Кӯшониён таъмин намуданд.

 А. МИРЗОЕВ,

«Садои мардум»