Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», мақолаи «Панҷакент, оё адолат мутеи пуштибонҳо шудааст?», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 18 майи соли 2017, № 54 (3691) нашр гардидааст, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Муайян карда шуд, ки бо ҳалномаи Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 20 майи соли 2016 даъвои У. Э. Зокиров қонеъ карда шуда, қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 8 майи соли 2003, №152 оид ба ҷудо намудани қитъаи замин ба шаҳрванд С. Давлатов барои сохтмони чойхона беэътибор дониста шудааст. Даъвои С. Н. Давлатов оид ба бекор кардани шартномаҳои ҳадя, хариду фурӯши чойхона ва қарори кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент аз 22 майи соли 1992, № 113 қисман қонеъ карда шуда, шартномаи ҳадя аз 21 феврали соли 2008, қарори кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент аз 22 майи соли 1992 беэътибор дониста шуда, даъвои ӯ дар қисми беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши бинои чойхона байни У. Э. Зокиров ва Р. Мирзоолимов аз 15 июли соли 2001 рад карда шудааст.
Даъвои Р. Мирзоолимов оид ба эътироф намудани харидори бовиҷдон қонеъ карда шуда, Р. Мирзоолимов харидори бовиҷдони бинои чойхона, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ эътироф шудааст.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз 2 августи соли 2016 ҳалномаи мазкур бетағйир монда шудааст.
Аз мазмуни мақола бармеояд, ки муаллиф нисбат ба ҳалномаи суди марҳилаи якум ва қарори марҳилаи кассатсионӣ норозигӣ баён намуда, дарҷ кардааст, ки қаблан Раёсати Суди Олӣ ҳалномаи судиро аз 2 феврали соли 2009 вобаста ба баҳси мазкур бекор намуда, суди марҳилаи якумро водор кардааст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, оид ба баҳси ҷойдошта санади қонунӣ ва асоснок қабул намояд, аммо суди марҳилаи якум ин ҳолатро сарфи назар карда, ҳалномаи ғайриқонунӣ баровардааст.
Бояд қайд намуд, ки парвандаи номбурда бинобар ворид нагардидани шикояти назоратии иштирокчиёни парвандаи гражданӣ иловатан мавриди баррасии коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ қарор нагирифтааст.
Мутобиқи талаботи моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни парванда ва дигарон, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои қабулкардаи суд вайрон гардидааст, метавонанд ба суди болоӣ шикояти назоратӣ пешниҳод намоянд.
Тибқи талаботи моддаи 366 кодекси номбурда ба қарори кассатсионии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоятҳо, Суди шаҳри Душанбе, фармон, ҳалнома ва таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи суди шаҳр ва ноҳия мутаносибан ба Суди ВМКБ, суди вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст
Дар ҳолати норозӣ будан аз қарорҳои судӣ даъвогар Сафар Давлатов метавонад бо риояи талаботи меъёрҳои кодекси зикршуда бо шикояти назоратӣ ба суди дахлдор муроҷиат намояд.
Бахши иттилоотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон