Натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Панҷакент давоми семоҳаи аввали соли 2023 барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баррасӣ гардид.
Дар маҷлис ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Саидов ва муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо иштирок намуданд.
Дар бораи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ ҳисобот дод. Аз ҷумла зикр шуд, ки дар давраи мавриди назар барои иҷрои лоиҳаҳои дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025» пешбинишуда 793,3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст, ки ин 42,5 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Нақшаи қисми даромади буҷет, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 ва даромад ба буҷети маҳаллӣ 103,6 фоиз иҷро гардид.
Шумораи соҳибкорон назар ба семоҳаи аввали соли гузашта афзуда, дар ин давра барои бунёди иншооти гуногун 141 миллиону 4 ҳазору 800 сомонӣ маблағгузорӣ шуд. Муҳим он аст, ки дар ин марҳила шумораи корхонаҳои саноатӣ даҳ адад зиёд гардид.
Дар ин давра, ҳамчунин, «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар шаҳри Панҷакент барои солҳои 2023-2025» ва нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи он таҳия шуда, 1100 нафар ба ин раванд ҷалб шудаанд.
Зикр шуд, ки ба истиқболи 35 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 1000 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта, ҳоло корҳои сохтмону ободонӣ дар 15 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ ва чор муассисаи таълимӣ идома дорад.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 миллион сомонӣ афзуда, нуҳ сардхона бо ғунҷоиши 1930 тонна маҳсулот фаъолияти пурмаҳсул доранд. Нотиқ иттилоъ дод, ки дар 44 гармхона (14 ҳазору 70 метри мураббаъ) лимӯ, помидор, бодиринг ва гул парвариш мешавад ва дар хоҷагии ёрирасони назди Корхонаи муштараки «Зарафшон» бунёди гармхонаи замонавӣ ба масоҳати 1 гектар оғоз гардидаст.
Комрони АСЛОН,
«Садои мардум»