Бо харҷи 3 миллиону 250 ҳазор сомонӣ дар назди 12 муассисаҳои таълимии ноҳияи Панҷ 35 синфхонаи иловагӣ сохта шуд.
Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шарофиддин Асомиддинзода зикр кард, ин иқдом бо дастгирии падару модарон амалӣ гардида, то андозае мушкилоти норасоии ҷойи нишаст бартараф гардид.
Дар назди даҳ муассисаи таълимӣ бунёди 50 синфхонаи иловагии дигар бомаром идома дошта, қисмати зиёди онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар муассисаи таълимии рақами 36 сохтмони панҷ синфхонаи иловагӣ муташаккилона идома дорад.
Соли ҷорӣ дар ноҳия сохтмони мактабҳои рақами 9, 41 ва 45 ба нақша гирифта шуда, лоиҳаи онҳо омода ва ҷойи сохтмон низ муайян гардидааст. Инчунин, дар баробари бунёди синфхонаҳои иловагӣ, толорҳои варзишии мактабҳои рақами 36 ва 27 дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»