Панелҳои офтобӣ

№ 10.06.2024

БАРК САИДО 070624 — копияБонувони деҳот таҷрибаи истифодаи онро меомӯзанд

Сокини деҳаи Деҳқонободи шаҳри Ҳисор Мавлуда Аҳмадоваи 70-сола аз бонувони фаъолу ташаббускори шаҳр мебошад.

Ӯ роҳбари занони деҳот буда, дар амалисозии «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва сабукгардонии оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал» саҳми бориз дорад.

Хонаводаи ин зани деҳотӣ, ки солҳои тӯлонӣ ба деҳқонӣ машғул мебошанд, бо пешниҳоди шарики рушд аз «Маркази экологии ҷавонон», ки дар панҷ деҳаи Ҳисор бо занони кишоварз кор мекунад, панелҳои офтобиро барои тавлиди неруи барқ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дарёфт карданд. Онҳо аз ин манбаи алтернативии энергия самаранок истифода мебаранд ва қаноатманданд.

Ба ҷуз ин, оилаи зикршуда аз аввалинҳое мебошанд, ки истифодаи обгармкунаки офтобӣ, танури каммасрафи навъи непалиро таҷриба намуданд.

Сайидо НАЗАРОВ,

 «Садои мардум»