Паради ҳарбӣ бо иштироки 30 ҳазор низомӣ

№111 (4373) 07.09.2021

7 сентябри соли 2021 ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Он бо расми гузашти 30 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне, муҳофизони истиқлолияти Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот, дар фазои тантанавӣ оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд.

Ба истиқболи Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбӣ — нафасӣ мусиқии тантанавӣ таҳти унвони «Навои ифтихор» иҷро шуд. Маросими ҷашнӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ ифтитоҳ шуд.

Қабл аз гузашти низомӣ хизматчиёни ҳарбии ротаи қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун рамзи муқаддас аз назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ гузаронида, дар сафи пеши дастаҳо қарор доданд. Сипас, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ, ба гузашти низомӣ гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукӯҳи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нутқи пурмуҳтаво намуда, аз ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол, фазои орому осудаи кишвар ва рушду тараққиёти босуботу бонизоми Ватани азиз дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷастаи таърихии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ махсус таъкид карда, иброз доштанд, ки хизмати софдилонаву ватандӯстонаи низомиёни кишвар, яъне, фарзандони далеру ҷасур ва ғаюру шуҷои миллат, боис ба ифтихор аст.

Президенти мамлакат бо итминон изҳор дош­танд, ки низомиён қарзи фарзандӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати ҷавонмардиро дар назди миллат, Ватан ва давлат минбаъд низ содиқона ба ҷо меоранд.

Баъд аз анҷоми суханронии Сарвари давлат ва зимни иҷрои Суруди Миллӣ дар як вақт аз тӯпҳо 30 шиллик парронда шуд.

Сипас, бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии 30 ҳазор нафар ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ шурӯъ гардид.

Таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар ҳайати дастаҳо вориди майдони баргузории чорабинӣ шуда, аз назди минбари ифтихорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти низомӣ қадам заданд.

Дар паради ҳарбӣ шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони Хадамоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантҳои муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, занону бонувони Артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, муҳассилини кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат фаъолона ширкат варзиданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки баргузории паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз дигар парадҳои ҳарбии замони соҳибистиқлолии кишвар ҳам аз ҷиҳати шукӯҳу шаҳомат ва ҳам вобаста ба теъдоди ҳайати шахсии иштирокчиёни он фарқ мекард.

Дар гузашта зимни баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шумораи иштирокчиёни парадҳои ҳарбӣ дар майдони марказии пойтахт асосан 5 — 15 ҳазор нафарро ташкил медод, ки дар муқоиса ба гузашти низомии 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ теъдоди онҳо танҳо дар шаҳри Душанбе ба 30 ҳазор нафар баробар аст. Илова бар ин, дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва ҳар як шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ низ бо ҷалби қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ парадҳои ҳарбӣ доир шуд, ки маҷмӯан шумораи онҳо зиёда аз 162 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ширкати фаъолонаи низомиёни кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ, инчунин, техникаҳои гуногуни вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, автомашинаҳои махсуси ҳарбӣ ва дигар намуди нақлиёти автомобилӣ, ки марбут ба қисмҳои низомӣ, захираҳои эҳтиётӣ ва воситаҳои моддӣ-техникии минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ мебошанд, дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва ҳар як шаҳру ноҳия дар як вақт бо иштирокчиён дар гузашти ҳарбӣ иштирок намуданд.

www.president.tj