ПАРЧАМ АЗ РАМЗҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИСТ

№140-141 (3286-3287) 24.11.2014

- «Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.

Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.» — иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ, шоми 30 августи соли 2011.

Воқеан ҳам, давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар моддаи 93 Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1931 дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон сухан мерафт, ки мутобиқи он  Парчам аз матои сурх иборат буда, дар қабати болои тарафи чапи он бо ҳарфҳои зарҳалӣ «ÇSS Toçikiston» навишта шуда буд.

Таносуби бар ба дарозии Парчам 1:2  муайян гардида буд.

Бо қарори Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон ба Парчам дар кунҷи тарафи чап расми досу болға ва  номи ҷумҳурӣ бо тоҷикӣ ва русӣ — «ÇSS Toçikiston, Таджикская ССР»-ро илова карданд.

Соли 1938 калимаи «Cumhurija» ба калимаи «Respublika» иваз карда шуд ва дар Парчам низ тағийрот ворид шуд.

Дертар, 28 сентябри соли 1940, ҷумҳурии мо бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон аз алифбои лотинӣ ба алифбои кириллӣ гузашт. Дар ин робита, ба Парчам низ тағйирот ворид шуд.

20 марти соли 1953 Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон бори дигар қарорро «Дар бораи Парчами давлатии РСС Тоҷикистон» қабул намуд, ки тибқи он Парчами давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон рамзи давлатии РСС Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳо  муайян гардид. Рассом М.П.Шликов Парчами давлатии РСС Тоҷикистонро тасвир намуда буд.

Баробари соҳибихтиёрии худро эълон кардан ва шурӯъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия масъалаи аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон пеш омад, зеро рамзҳои давлатии ҶШС Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд,

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  марҳум академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда доштанд.  Аз муаллифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад адад пешниҳод вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардиданд.

Дар охири озмун аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатӣ як гурӯҳ таъсис дода шуд, ки Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев ҳамчун роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева-рассом ва санъатшинос, номзади илмҳои санъатшиносӣ Анатолий Заневсий – президенти Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина — санъатшинос, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ба он шомил буданд.

Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи серахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ва бари матоъ бошад, якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.

Дар аввал ба сифати ангораҳои асосӣ муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшинкорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои тоҷику форс сарчашма гирифта, ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд.

Баъдтар гурӯҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуд.

24 ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуд ва  таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамчун рамзи истиқлолу соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтанд.

Ба муносибати қабули рамзҳои нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 169 ва 170-уми Конститутсия тағйирот ворид намуд.

Рӯзи дигар, яъне 25 ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд ва аввалин маротиба Раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд намуд.

Дертар бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро пешниҳод намуд, ки он 19 ноябри соли 2009 қабул гардид ва аз ҳамон вақт инҷониб ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 муқаррар мекунад.

Дар муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст:

«Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.».

24 ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт.

Ҳамин тавр, шоми 30 августи соли 2011 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон партавфишон гашт. Ҳоло Боғи Парчам яке аз мавзеъҳои дӯстдоштатарини сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон мебошад.

Абдухалил РАҶАБОВ, сармутахассиси шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон