Марҳилаи навин зарурати омӯзиш ва таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихию фарҳангии чандинҳазорсолаи миллатро дар пояи воқеияти таърих ба миён гузошт. Ҳар як халқу миллат бояд аз таърихи гузаштаи худ, бахусус аз арзишҳои миллии давлатдорӣ, огоҳ бошад ва бо онҳо ифтихор намояд, чунки онҳо ҷойгаҳи баланди ниёгони моро тасвир мекунанд.
Наслҳои нав бояд таърихи гузаштаи худро, ҳамон тавре ки ҳаст, донанд, зеро ба маърифати таърихӣ, маънавиёти пурғановати гузашта ва анъанаю суннатҳои дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи халқ такя намудан асоси муваффақият мебошад.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таърихи пайдоиши Парчами давлатӣ ва шону шукӯҳи он бо мудири шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ, номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров ҳамсуҳбат шудем.
- Аз адабиёти пурғановати халқи тоҷик маълум мегардад, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ на танҳо барои барафрохтан, балки ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат арзиш доштааст. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ мақому манзалати парчам зиёд гардида, он ҳамчун нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин боигарии давлатдорӣ буд. Дар ҳама давру замон ҷои парчам дар сафи пеш буда, он аз матои зебою нафис тайёр шуда, тартибу низоми истифода, нигоҳдорӣ ва супориданро дошт. Парчамбардор мансаб буда, ба он шахсе интихоб мешудааст, ки дорои ҷисми тавоно ва ғайрату матонати мардонагӣ дошта бошад. Ҳангоми набардҳо парчамбардор аз ҳар ду тараф дорои мақоми махсус буда, аз натиҷаи набардҳо, аз ҷумла пурра ғолиб ё мағлуб шудан, аз ишораи онҳо тавассути боло ва поён намудани парчам муайян карда мешудааст.
Ҳанӯз дар асрҳои III-II пеш аз мелод қабилаҳои ориё нажод соҳиби рамзи худ, ки онро «Меҳроб» ё «Фарри ориёӣ» меномиданд буданд ва он рамзи хуршед, офтоб, покизагию нишонаи абадият буда, ишораест ба чаҳор унсур-хок, об, оташ ва ҳаво. Аз ҷумла, доимо боло ва рост будани парчам, дар дасти шахси муътабару ғаюр будани он, ҷои махсуси нигоҳдорӣ доштан, аз беҳтарин матоъ тайёр шудан, дар сафи пеш будан, дар болои мизи аҳли ҳунару давлатдорон будан ва дар васфаш шеъру суруд хондану доимо ситоиш намудани он эҳтироми хоса арзёбӣ мегардад.
Парчами давлатӣ имрӯз, пеш аз ҳама, боарзиштарин муқаддасоте мебошад, ки боло аз ҳама дастовардҳо ва боигарии миллӣ дар баландии 165 метр қад афрохтааст. Дар ҳақиқат боло бардоштани Парчами давлатӣ ва намудор шудани он аз ҳамаи гӯшаи пойтахти давлати тоҷикон ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
Тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда, муқаррароте оварда шудааст, ки он низ сарчашма ва асоси таърихӣ дошта, мероси гузаштагони мо дар самти эҳтиром ба Парчами давлатиро ифода мекунад, ки муҳтавои он чунин аст: «Эҳтироми волои парчам ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба Парчами давлатӣ бояд тавре муносибат намоем, ки нисбат ба он беҳурматӣ зоҳир нагардад».
Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи оҳангар ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаю ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
«Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи ин қаҳрамони миллии халқи тоҷик ёдовар мегардад. Замоне ки парчами Кова боло шуд, онро ҳамагон «Дирафши ковиёнӣ» номиданд ва муборизаи онҳо танҳо муборизаи озодихоҳӣ буд. Аз он айём сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдоди мо қабул ва шоистаи парастиш қарор дорад.
Муқаддас будани парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.
Дар зери парчам мардуми ориёитабор на танҳо империяҳои абарқудрат, ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониёнро ба вуҷуд оварда, низоми тавонманди идоракунии давлатиро созмон доданд, ҳамчунин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқии аҳли башар, ки дар таърих бо номи «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир» маълум аст, ба оламиён муаррифӣ намуданд.
Абдулло Ғафуров дар идомаи суханонаш гуфт, ки дар давраи Сомониён низ мирони Хуросон дирафш ва парчами худро барафрӯхтанд. Баъди суқути ҳокимияти сиёсӣ парчами ягонаи миллии тоҷикон то соли 1924 ба назар намерасад. Ҳангоми шӯришҳои халқӣ Маҳмуди Торобӣ ва Сарбадорон парчамҳои худро партавфишон карда буданд. Бо аз байн рафтани Аморати Бухоро (1920) дар ҳудуди Бухорои шарқӣ Ҷумҳурии Халқии Советии Бухоро (1920-1923), баъдан Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Бухоро ташкил ёфт, ки парчами худро дошт.
Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои он боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Он яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормонҳои мардуми Тоҷикистон мебошад.
29-уми октябри соли 2009 дар Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷиб пешниҳод гардид, ки 24 -уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шавад. Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3-юми ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19 -уми ноябри ҳамон сол парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ кард. Ин иқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, аз ҳар як сокини кишвар ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи баланди хештаншиносию меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд, зеро Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди Миллӣ рамзҳои асосии давлат ва муҳимтарин идеалҳои сиёсӣ ба шумор рафта, воситаи тарғибу ташвиқи мақсад ва нишонаи соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро 24-уми ноябри соли 1992 қабул намуд.
- Вобаста ба аксҳои дар Парчами давлатӣ таҷассумёфта ҳаминро бояд гуфт, ки акси тоҷ ва ҳафт ситора низ дар фарҳанг ва тамаддуни мо решаи тӯлонии таърихиро доро буда, дар Парчами давлатӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузурги давлатдории куҳанро ифода мекунад, зеро тоҷикон аз қабили он миллатҳои тамаддунофаре мебошанд, ки давлатҳои шукӯҳмандро ба майдони таърих овардаанд ва ҳақ доранд, ки имрӯз худро як халқи ифтихорманду тоҷдор бидонанд. Аз ин лиҳоз, акси тоҷ дар Парчами давлатӣ аломати ифтихори миллӣ буда, азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллист.
Дар масъалаи ҳафт ситораи Парчами давлатӣ бояд зикр намуд, ки шумораи ҳафт дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда, маънии он моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончи, ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати замину осмон, ҳафтсин, ҳафтшин, ҳафт рӯзи ҳафта, ҳафтпайкар, ҳафтдодарон, ҳафтахтар, ҳафтрӯд, ҳафтавранг ва ғайра. Аз ин рӯ, зинатбахши Парчами давлатӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боиси ифтихори миллӣ мебошад, — гуфт дар охир Абдулло Ғафуров.
Суҳбаторо Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»