Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Баробари ба Истиқлолият расидани Тоҷикистон дар радифи масъалаҳои дигар зарурати таҳияву қабули рамзҳои давлатӣ пеш омад. Аз ин хотир, 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ — Парчами давлатӣ гардид ва дар асоси муқаррароти моддаи 3- юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.
Дар робита ба ин, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт. Қонуни мазкур 12 майи соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ин қонун аз ду боб иборат аст ва боби дуюми он ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи санади мазкур Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳҳои расмӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти прокуратура, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон насб карда мешавад. Парчами давлатӣ, инчунин дар нақлиёти хизматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, роҳбарони ҳайати давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Парчами давлатӣ рамзи Истиқолияти давлатӣ, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Акси ҳафт ситора дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора ба ҳафт иқлими ҷаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт табақаи осмон, ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз рамзи саъю кӯшиш ва заҳмати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишвар аст.
Дар Парчами кишвар ибтидо мебинам,
Фарҳангу нишонаи ниё мебинам.
Чун ҷилва кунад ҳамеша дар боми Ватан,
Бар ҳастии хештан бақо мебинам.
Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад. Парчаме, ки гувоҳи истиқлолият, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ватандории мост.
Б. АБДУЛЛОЕВ, муовини прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мушовири адлияи дараҷаи 2