Рамзҳо равшангари таърих, сарнавишти қавму халқият, миллату давлат, фарҳанг, орзуву ормони мардум дониста мешаванд. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи қадим, бою рангинро дорост. Бо мурури замон ва гардиши айём парчам ҳамчун аз рамзҳои асосии давлатдорӣ мавқеъ ва моҳияти муҳимро касб намудааст, ки озодӣ ва истиқлолияти давлатро бидуни он тасаввур кардан аз имкон берун аст.
Дар таърихи тамаддун ва фарҳанги бою қадимаи давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи ҷолибу тӯлонӣ дорад. Он дар осори хаттии қадима, асотир, сарчашмаҳои таърихию адабӣ, достон, қиссаву ривоят, эҷодиёти шифоҳии мардум инъикос гардидааст. Дар он парчам ҳамчун рамзи озодихоҳӣ, далериву шуҷоат васф мешавад. Осори мутафаккирон, адибон, олимону муаррихон ба воситаи яке аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонӣ -«Шоҳнома» то ба насли имрӯз расидааст. «Шоҳнома»- и безаволи Фирдавсӣ тафсиргари олии парчаму парчамдорӣ, ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва пирӯзиҳои ворисони Фаридун қаламдод ва баҳо дода мешавад. «Дирафши Ковиёнӣ» ё парчами Фаридун аз чарм сохта, рангҳои сурх, зард ва бунафш дошта, бо зар оро дода шуда буд. Парчами аз тахти Ҷамшед ёфтшуда «Уқоби хуршед» ном дошт. Он минбаъд аз рамзи пирӯзӣ ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфт ва имрӯз ҳам чунин асолатро дорост.
«Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».
Моддаи 3. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар набардҳо парчам илҳомбахши ҷанговарон, зӯру мадори мардони шуҷоъ буд. Роҷеъ ба хусусияти хоса ва таҳрикдиҳандаи парчам нишонаи далерӣ, тартибу низоми лашкар, дар сафи пеш нигоҳ доштани он дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабии «Таърихи Бухоро»- и Наршахӣ, «Сиёсатнома», «Фатҳнома», минҷумла асари марғуби насрии «Самаки айёр» маълумоти ҷолиб оварда шудааст.
Порчае аз қиссаи «Самаки айёр» меорем, ки чӣ тавр муҳофизат шудани қалъа ва омодагӣ аз ҳуҷуми душман, ҳамчунин парчами бисёр бо рангҳои гуногун мисли гулҳои наврӯзӣ тасвир шудааст:
«Ба зери болои қалъа тӯлу арз бозгирифта ва арродаву манҷаниқ ва алами бисёр аз ҳар гуна барпой карда ва бод андар аламҳо афтода, чун бӯстони наврӯзӣ». («Самаки айёр», Душанбе -2007, саҳ. 219).
Парчам дар осори адибони гузаштагони мо бо вожаҳои гуногун ифода ёфтааст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Москва, с.1969) калимаи алам ба маънои байрақ, ливо, дирафш, нишон, аломат, гурӯҳе аз лашкар, одамони зери як байрақ ва ғайра омадааст. Он бештар маънои маҷозӣ дошта, ба нур, рӯшноӣ ташбеҳ мешавад. Ҳангоми хондан ҷило, ҷилваи парчамро ба хубӣ эҳсос менамоем. Маҳз дар асарҳои худ адибон шукуҳ ва манзалати алам, парчамро бо сад гуна рангу тобиш васф намудаанд. Байте аз ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин маънист:
Хисрави субҳ чун алам барзад,
Лашкари шомро ба ҳам барзад.
Парчам бо шакл, рангу намуд, тасвир, ҳаҷму андоза имрӯз низ аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ҳисоб меёбад. Бо соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоию сиёсӣ зарурати қабули рамзҳои давлатӣ пеш омад.
Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробари дигар масъалаҳо, ба рӯзномаи он қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам низ ворид шуд. Баҳс атрофи рамзҳои давлатӣ тӯлонӣ ва ҷиддӣ сурат гирифт.
Ҷараёни муҳокимаи ин масъала дар рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» таври зайл нишон дода шудааст: «Дар маҷлиси бегоҳии Иҷлосия 24 ноябр депутатҳо муҳокимаи лоиҳаи Қонуни «Нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро идома доданд. Чунонки, аз ин пеш хабар дода шуда буд, дар ҷаласаи 21 ноябр ин масъала баррасӣ гардида буд. Он вақт муҳокима боиси баҳсу мунозираи ҳамаҷониба шуд. Иҷлосия, бо назардошти фикру мулоҳизаҳо, ба комиссия супориш дод, ки намунаҳои пешниҳодшудаи Парчаму Нишони давлатӣ такмил дода шавад. …Депутатҳо баъди мубодилаи афкор дар бораи тасдиқи низомномаи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона қабул карда, ба муносибати қабули рамзҳои нави давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор дохил намуданд». («Садои мардум» №216, 26 ноябри соли 1992).
Ҳамин тариқ, соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ –Парчами давлатӣ гардид. Аз миёни вожаҳои гуногун вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз вожаи қадимӣ ва тоҷикӣ –Парчамро интихоб ва қабул намуданд.
Баъдан, 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Боби дуюми қонуни мазкур «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошта, дар он тартиби афрохтан, ҷойгиркунии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Он аз муҳимтарин муқаддасоти давлати мост. Борҳо шоҳиди лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу пурифтихор ва муассир ҳастем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои садоқат ба халқу Ватан, хизмати фидокорона ба мардум савганд ёд карда, сари таъзим ба Парчами давлатӣ фуруд оварда, бо эҳтирому эътиқод онро бӯсида, ба чашм молид.
Дар арафаи таҷлили 20 –умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр расман ифтитоҳ гардид. Он боиси ифтихор ва шодмонии ҳар фарди ватандӯст мебошад. Парчам дар дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ низ барафрохта мешавад ва рамзи соҳибихтиёрию соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ менамояд. Ба хотири ғолиб омадани варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ Парчами давлатӣ бардошта шуда, Суруди Миллӣ садо додааст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи шашум- Антарктида низ парафшон шудааст. Экспедитсияи якуми Тоҷикистон ба Антарктида, ки ташкилкунанда ва иштирокчии нахустинаш профессор Абдулҳамид Қаюмов мебошад, бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашт. Доктори илмҳои тиб, профессор Абдулҳамид Қаюмов солҳои 1983- 1984 ба ҳайати экспедитсияи Иттифоқи Шӯравии Антарктида дохил буд. Дар ин сафар ӯ дар ҳайати муҳаққиқони Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буд ва Тоҷикистонро муаррифӣ намекард.
Дар чорабинии нахустини Соли байналмилалии қутбӣ (2007-2008) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии бевоситаи он буд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 №587 «Дар бораи гузаронидани «Соли байналмилалии қутбӣ 2007- 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Мутобиқи ин қарор, ки мақсад иҷрои барномаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи илм мебошад, комиссияи тадорукот ташкил ёфт. Профессор Абдулҳамид Қаюмов котиби илмии ин комиссия таъин гардид.
Ҳамин тариқ, экспедитсияи байналмилалӣ, ки дар доираи Соли байналмилалии қутбӣ ташкил ёфта буд, баъди 60 рӯзи сафар тавассути киштии «Академик Фёдоров» ба стансияи «Мирный» ба қитъаи Антарктида расид. Он аз 29 октябри соли 2008 то 24 майи соли 2009 идома ёфт.
Ягона иштирокчии экспедитсияи якуми Тоҷикистон бо чунин мазмун ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияи шодбош фиристод:
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Супориши Шумо ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Соли байналмилалии қутбӣ иҷро гардид. Экспедитсияи аввалини Тоҷикистон бо дастгирии экспедитсияи 54- уми антарктидии Федератсияи Россия баъди 60 шабонарӯзи шино тариқи уқёнусҳои Антарктида ва Ҷанубӣ ба Антарктида расид. Ба корҳои илмӣ шурӯъ намудем. Парчами Тоҷикистони мустақил 6 январи соли 2009 ба таври расмӣ дар Антарктида бардошта шуд.
Бо камоли эҳтиром профессор Абдулҳамид Қаюмов стансияи «Мирный».
-Дар ин маросими воқеан ҳам хотирмон роҳбарони экспедитсияи Федератсияи Россия иштирок доштанд. Мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ, он минтақаи Антарктида, ки Парчам барафрохта мешавад, ҳудуди ҳамон ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар қитъаи шашум сабти ном шудааст. Илми тоҷик дар бурдани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар доираи чорабиниҳо вобаста ба солҳои байналмилалии қутбӣ таҷриба ва заминаи кофӣ дорад, зеро пиряхҳои Тоҷикистон бо хусусияти табиии худ шабеҳи иқлими Антарктида мебошанд,- мегӯяд профессор Абдулҳамид Қаюмов.
-Сафари мо дар маросими ҷашни Наврӯз иттифоқ афтод, -ба ёд меорад профессор Абдулҳамид Қаюмов.- Ин иди ниёгонамонро дар диёри сармо бо оростани дастархони хоксорона гузаронидем. Сардори стансияи «Мирный» Владимир Анатолевич Бондарчук мардуми тоҷикро бо ин ид табрик намуд. Якҷо шеъре иншо намуда, гирди дастурхон замзама намудем:
Таджик, татарин, парен рус,
Вместе празднуем Навруз.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»