Танҳо давлате метавонад ба ҳаёти осоишта, тараққиёти бемайлони иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ноил гардад, ки дар он ваҳдат ва сулҳу адолат пойдор бошад.
Дар ҷаҳони муосир нуқтаҳои доғ зиёд шудааст. Сабаби асосии ҷой доштани низоъҳо сари як мақсад наомадани миллату қавм, аҳзоби сиёсӣ ва равияю ҷараёнҳо мебошад.
Хиради азалии халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки 27 июни соли 1997 санади сулҳи тоҷикон ба имзо расад ва тамоми қувва ба рушди минбаъдаи кишвар ва суботи ҷомеа равона шавад.
Ба шарофати ваҳдати миллӣ халқи Тоҷикистон тавонист, ки дар муддати 25 сол як давлати ободу оромро бо неруи худ бисозад ва намунаи ибрати халқу давлатҳои ҷаҳон, махсусан нуқоти ҷангзада гардад.
Мутаассифона, дар ҳар давру замон гурӯҳҳои ифротгаро буданд ва ҳастанд. Ин гурӯҳҳо, ки рушду нумӯъ, пешравӣ ва гул-гулшукуфии Ватани азизи моро дида, нороҳат мегарданд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд оромӣ, сулҳу суботро халалдор созанд.
Бинобар ин, мардуми тоҷикро зарур аст, ки беш аз пеш дар атрофи Сарвари давлат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Шараф ҶӮРАЗОДА, сардори шуъбаи коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1