Дар шафати чор идораи давлатии вилояти Хатлон — Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳр ва Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар партовгоҳе мавҷуд аст, ки касе масъулияти тоза кардани онро ба уҳда намегирад. Маълум аст, ки онро кадом як ниҳоде сохтааст, зеро аз се тарафи партовгоҳ девор гирифта шудааст. Аммо дар он ҷо қуттии махсус вуҷуд надораду мардум партовро ба замин мепартоянд.
Роҳбари Корхонаи манзилию коммуналии шаҳри Бохтар Абдулқосим Мусоев зимни суҳбат иброз намуд, ки аз мавҷудияти партовгоҳ хабар надорад. Номбурда зикр кард, ки дар мувозинати корхонаи онҳо 57 нуқтаи партовпартоӣ, 202 ҳазор метри мураббаъ роҳу роҳрав ва 38 ҳазор метри кубӣ ҷӯйборҳои обгузар мавҷуд аст, ки доимо тоза карда мешаванд.
- Корхонаи мо ба тариқи шартнома хизматрасониро ба роҳ мемонад. Он ҷойҳое, ки аксар вақт аз партов пур аст, шартнома надоранд ва масъулияти тоза намудани онҳоро ба зимма намегирем, — гуфт А. Мусоев.
Мутахассиси шуъбаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар Ширинбек Ҷумахонзода низ зикр намуд, ки аз мавҷуд будани партовгоҳ огаҳӣ надорад. Шояд он нав ва худсарона сохта шуда бошад. Зеро дар ҳар нуқтае, ки партовгоҳ сохта мешавад, иҷозатномаашро корхонаи мо медиҳад.
- Мо ин ҳолатро дида мебароем, — илова кард Ширинбек Ҷумахонзода.
Дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки аз партовгоҳ истифода намебаранд. Масъулини ин корхонаҳо гуфтанд, ки бо Корхонаи манзилию коммуналии шаҳри Бохтар шартнома доранд ва сари вақт омада, партовҳои онҳоро мебарад.
Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар Аскар Нуриддинов зикр кард, ки партовгоҳро маъмурияти коллеҷ бунёд намудааст. Аммо аз он корхонаҳои гирду атроф ва сокинон низ истифода мебаранд. — Бояд корхонаҳои гирду атроф дар баробари мо масъулият дошта бошанду ба навбат партовгоҳро аз партов тоза кунанд. Лекин онҳо ин масъулиятро бар зимма намегиранд. Дар дохили коллеҷ партовгоҳи алоҳида низ дорем ва аз он истифода намебарем, — гуфт директори коллеҷ.
Ҳамчунин, дар назди партовгоҳ Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳр ҷойгир аст. Сокиноне, ки ба ин ҷо меоянд, аз бӯйи ғализи он изҳори нороҳатӣ мекунанд.
Агар ҳеҷ кадом аз идораҳои номбаршуда масъулиятро бар дӯш нагиранду Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар бетарафиро ихтиёр кунад, дар чанд моҳи оянда бӯйи ғализи партовгоҳ то ба куҷо мерасида бошад? Кош, ба димоғи масъулини Маркази санитарию эпидемиологии шаҳр рафта мерасид…
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»