Аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, ки аз 12 январи соли 2021 парвозҳо дар хатсайри Душанбе — Истанбул — Душанбе ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе ба роҳ монда мешавад. Вақти парвоз аз Душанбе 0620, аз Истанбул 1105 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Масъулони парвоз мусофиронро даъват менамоянд, ки талаботи наверо, ки соли 2021 вобаста ба пешгирии бемории COVID-19 ҷорӣ шудааст, риоя карда, ҳатман ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Пеш аз нишасти ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсус (the Passenger Locator Form)-ро пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд.
Тибқи қоидаҳои нави аз ҷониби Вазорати тандурустии Туркия муқарраршуда, ки аз 30-юми декабри соли 2020 то 1-уми марти 2021 амал хоҳанд кард, мусофирони аз шашсола боло, аз ҷумла, мусофироне, ки аз тариқи транзит сафар мекунанд, маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки 72 соати пеш аз вуруд дода шудааст, бояд дошта бошанд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад ва аз ҷониби ташхисгоҳи акредитатсиядошта бо муҳри муассисаи тиббӣ пешниҳод карда шавад. Ашхоси мубталои СOVID-19 ба парвоз роҳ дода намешаванд. Ёдовар мешавем, ки барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус (COVID-19), ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Истанбул мусофирон бояд аз санҷиши нишонаҳои коронавирус гузаранд. Нафароне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад ё ин ки маълумотномаи натиҷаи манфии PCR-тестро пешниҳод карда наметавонанд, 7 рӯз дар макони дар анкета дарҷшуда ба карантин фаро гирифта мешаванд. Агар мусофир пешакӣ макони будубошашро дар Туркия қайд накарда бошад, пас ӯро дар ҷойи муайянкардаи Вазорати тандурустии Туркия таҳти карантин нигоҳ медоранд. Дар ҳолати муайян шудани гирифторӣ ба коронавирус пас аз 7 рӯзи карантин мусофир аз ҳисоби худ ва ё аз ҳисоби ширкати суѓуртаи тиббӣ табобати зарурӣ мегирад. Аз ин лиҳоз, доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.
Ҳамчунин, ба диққати мусофирони хатсайри Истанбул – Душанбе расонида мешавад, ки тибқи талабот бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то сесола аз пешниҳоди маълумотнома озоданд.
Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати вуруд ба Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад. Ба шаҳрвандони Туркия иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вуруд ба Тоҷикистон лозим нест.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»