Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём муайянкунандаи дурнамои рушди миллист

№48 (4310) 15.04.2021

1027963236_0_424_1000_1053_1920x0_80_0_0_5b0fe9da7fe6e6e3a69ae99902af174fДар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои соли ҷорӣ ва ояндаи наздик муайян гардида, ба фаъолияти аксар соҳаи хоҷагии халқ баҳои сазовор дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки соли 2020 дар кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шуд, ки бештари онҳо аз соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш буда, бо бунёд ва ба истифода супоридани онҳо даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор муҳайё гардид.

Дар вилояти Хатлон низ ба истиқболи ин ҷашни фархунда соли гузашта 2151 иншоот ба маблағи 537 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар онҳо 2113 нафар сокин ба ҷойи кор таъмин гаштанд. Бояд то ҷашни фархунда дар вилоят 7 767 иншооти гуногунтаъинот сохта шавад. То ҳол 5 861 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, даҳҳо ҳазор сокини вилоят бо ҷои кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид намуданд, ки «Баъди ба даст овардани соҳиб­истиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳар чӣ бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд. Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем».

Инчунин, ёдовар шуданд, ки соли 1991 дар кишвар 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуд. Танҳо соли 2020-ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи кор сохта, ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа, соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида, дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне, беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад.

Зимнан, дар вилояти Хатлон соли гузаш­та зиёда аз 90 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 900 ҷойи кори доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Фаъолияти онҳо асосан ба истеҳсоли семент, нахи пахта, барқ, орд, коркарди меваю сабзавот, шир, маҳсулоти қаннодӣ, сохт­монӣ ва дӯзандагӣ равона гардид. Айни замон шумораи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба 623 адад расида, аз тарафи корхона ва коргоҳҳои соли 2020 баистифодадодашуда ба маблағи умумии 36,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид ва аз ин ҳисоб маблағҳои иловагӣ ба буҷет ворид шуд. Дар вилоят, бо ба кор андохтани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Синсилу Данғара», барои коркарди қариб 15 ҳазор тонна нахи пахта ва бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна ришта, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи устувор гузошта шуд. Ҳамчунин, корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон 753 нафарро бо шуғл фаро гирифтанд. Корхонаҳои зикршуда соли гузашта 2,5 миллион тонна семент ба маблағи 886,8 миллион сомонӣ истеҳсол намуда, дар маҷмӯъ, ба буҷет 171 миллион сомонӣ маблағ пардохт карданд ва дар саноатикунонии мамлакат саҳми муносиб гузошта истодаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2020 дар вилоят ба 8,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019-ум 313 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ Сарвари давлат, инчунин, пешниҳод намуданд, ки кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне, соли 2021, аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд ва Ҳукумати мамлакат барои дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ барои пӯшонидани манбаи андози мазкур чораҷӯӣ намояд.

Аз ин иқдоми ғамхоронаи Сарвари давлат кишоварзон басо хушнуд гашта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳарвақта дида бештар ва пурмаҳсултар фаъолият намоянд. Соли 2020 дар вилоят ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 16 миллиард сомонӣ баробар гардид. Кишоварзон соли гузашта дар майдони 426 ҳазор гектар кишти зироат гузарониданд. Ҳамчунин, дар майдони 124 ҳазор гектар чигит кишт гардида, истеҳсоли пахта ба 278 ҳазору 200 тонна расонида шуд.

Роҳбари давлат дар Паёмашон вазъи соҳаҳои иҷтимоиро таҳлил намуда, изҳор дош­танд, ки «Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне, соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ, ҳамеша дар меҳвари сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст».

Дар вилояти Хатлон низ ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, соли 2020-ум 51 иншоот, аз ҷумла се кӯдакистон, 10 муассисаи таълимӣ ва бинову синф­хонаҳои иловагӣ бо нуҳ ҳазор ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Соли ҷорӣ низ бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни молиявӣ бунёди 43 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст, ки ба беҳтар кардани сифати таълим ва ташкил шудани ҷойҳои нишаст мусоидат хоҳад кард.

Чунон ки дар Паём зикр шуд, «Бо назар­дошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳар сол зиёд карда, онро то 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст. Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шуданд».

Бо шарофати сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёду навсозии 959 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта, ҳоло қариб 80 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки 53 беморхона, 105 маркази саломатӣ, 341 бунгоҳи тиббӣ, 230 нуқтаи хатна, 30 таваллудхона ва 200 дорухона аз зумраи онҳо мебошанд. Ҳатто, дар дурдасттарин деҳоти вилоят низ муассисаҳои тандурустӣ бунёд ёфтанд. Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд.

Ҳоло сохтмони иншооти бузургмасоҳат, аз қабили бинои Маркази периниталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Инчунин, сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар деҳот давом дорад.

Ҳамин тариқ, ҳама дастуру супориши Роҳбари давлат, ки дар паёмҳои соли гузашта ва имсола дода шуданд, муҳиму саривақтӣ буда, масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сокинони сарбаланди ин гӯшаи диёр онҳоро сармашқи кор намуда, дар ҷавоб ба ғамхориҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар пешрафту шукуфоии мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Қурбон ҲАКИМЗОДА,

раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияи

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон