Дар Ҷамоати деҳоти «Қалъанак»-и ноҳияи Рашт ҳайати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Зарина Идизода бо мақсади таблиғи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар ва рушду нумӯи мамлакат ҳамеша чораҳою тадбирҳои саривақтӣ меандешанд. Ин нуктаро метавон аз корҳои анҷомдода, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ шудаанд, дарёфт. Мо бояд дар ҷавоби ин ғамхориҳо дар паҳлуи Пешвои миллат содиқона барои амалӣ гардидани барномаҳои гуногуни ояндасоз заҳмат бикашем, — гуфт зимни суханронӣ Зарина Идизода.
Номбурда дар анҷоми суҳбат аҳли заҳмати ноҳия ва соҳибкорони маҳаллиро ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди саноат» даъват кард.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»