Бо ҳамин ном вобаста ба шаҳру тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ҳамоиш баргузор гардид.
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ идомаи роҳандозӣ намудани иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат вобаста ба таъмини зиндагии шоиста ба мардум арзёбӣ намуда афзуд, ки Паём на танҳо як ҳуҷҷати роҳнамо барои рушди кишвар, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ хизмат мекунад.
-Дар Паёми навбатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму маориф ва фарҳанг ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардида, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия, саноатикунонии босуръат, беҳтар кардани шароити зисти мардум ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон аз вазифаҳои муҳим мебошанд,- афзуд номбурда.
Дар идомаи чорабинӣ фаъолон, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва чанде аз омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фикру андешаҳои худро дар робита ба нуктаҳои Паём баён дошта, таъкид карданд, ки татбиқи Паём метавонад ҷомеаро ба сӯи пешрафти устувор ва ҳифзи арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ намояд.
С. СУЛТОНОВ,
“Садои мардум”