Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент – роҳнамои фаъолият

№44 - 45 (4627 - 4628) 27.03.2023

Раиси РаштПаём ин номаи самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар Паёми навбатӣ низ, ки 23-юми декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, Президенти мамлакат дастовардҳои чанд соли охири кишварро ҳамаҷониба таҳлил намуда, муваффақиятҳоро ном бурда, дар назди масъулин вазифаҳои навбатиро гузоштанд.

 Аз ҷумла, дар хусуси навгониҳои соҳаҳои барои ҷомеа муҳим — маориф ва тандурустӣ Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст». Пешравиҳо дар ин самтҳо дар тамоми манотиқи кишвар ба назар мерасанд. Агар вазъи имрӯзаи ин ду соҳаи муҳимро ба 20-25 соли собиқ қиёс намоем, дар дилхоҳ шаҳру ноҳия фарқият аз замин то осмон аст ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки соҳаҳои маориф ва тандурустӣ барои Ҳукумати кишвар муҳим буда, барои рушд ва пешрафти онҳо аз тамоми имконоту воситаҳо самаранок истифода бурда мешавад. Аз зиёд шудани теъдоди муассисаҳои тандурустӣ ва кормандони ин соҳа низ дар Паём зикр гашт, ки «Дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст».

Беҳ шудани сатҳи даромади мардум имкон медиҳад, ки онҳо барои пешбурди рӯзгор, таълиму тарбия ва беҳтар намудани шароити маишиву иҷтимоии худ маблағҳои бештарро ҷудо намоянд. Дар ин маврид Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ чунин зикр намуданд: «Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд шуд. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт». Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум барои беҳтар шудани сатҳи рӯзгори хеш сол то сол имконоти бештарро пайдо мекунанд.

Дар ҳама давру замон барои инсоният дастрасӣ доштан ба манзил яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт ва имрӯз ҳам он ба мушкилоти аввалиндараҷа табдил ёфтааст. Муҳимияти ин масъаларо дарк намуда, Ҳукумати кишвар тамоми чораҳоро меандешад, то ин ки сол то сол шароити манзили шаҳрвандон беҳтар шуда, онҳо соҳиби сарпаноҳ гарданд. Ба ин масъала Президенти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид карданд: «Дастрасӣ ба манзил яке аз самтҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд.

 Аз соли 2000-ум то соли 2022-юм ҳаҷми солонаи ба истифода супоридани манзил аз 245 ҳазор метри мураббаъ ба зиёда аз 1,5 миллион метри мураббаъ расидааст.

 Бо мақсади беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми кишвар танҳо дар 10 соли охир 7,2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардидааст.

 Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо карда дода шудааст».

 Барои исботи ин гуфтаҳо кофист ба дилхоҳ деҳкадаву шаҳраки ҷумҳурӣ назар андозем ва мебинем, ки рӯз то рӯз симои онҳо зеботар гашта, мардум бо манзилҳои дорои тамоми шароит таъмин мегарданд. Ин бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар таъмини аҳолӣ бо манзили зист ё қитъаи замин дар ҷойи аввал меистад.

 Агар ба гузаштаи начандон дури мамлакат назар андозем, баръало эҳсос мегардад, ки вазъи роҳҳои кишвар то кадом андоза харобу валангор буданд ва барои аз як гӯшаи кишвар ба дигар канори он рафтан ҳафтаҳо сарф мешуд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ вазъи роҳҳои кишвар куллан тағйир ёфта, имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ роҳҳои кишвари мо яке аз беҳтаринҳо ҳисобида мешаванд. Акнун имкон шудааст, ки ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар намуда, аз роҳҳои ҳамвору мумфарш истифода барем. Дар ин маврид Президенти мамлакат дар Паём муфассал сухан ронда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар панҷ соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шудаанд.

Татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун — Обигарм — Нуробод (76 километр) бомаром идома дорад».

Боварӣ дорем, ки пас аз пурра ба анҷом расидани ин лоиҳа сокинони водии Рашт имкон пайдо мекунанд, ки бо ҳама гӯшаҳои мамлакат озодона рафтуомад кунанд.

 Дар мавриди соҳаи кишоварзӣ низ Президенти мамлакат муфассал суханронӣ намуда, доир ба рушди ин соҳаи барои кишвар муҳим чунин андешаронӣ намуданд: «Соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд. Дар натиҷа, тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.

 Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид.

 Дар панҷ соли охир ҳолати мелиоративии 50 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида, 13 ҳазор гектар замини нав аз худ ва 23 ҳазор гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиш ворид карда шуд».

Ноҳияҳои водии Рашт асосан ба кишоварзӣ машғуланд ва аз Паёми навбатии Президент илҳом гирифта, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳар порча замин самаранок истифода бурда, барои ба даст овардани ду ҳосил дар давоми сол самаранок меҳнат намоянд.

Чунин ба назар мерасад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди занону бонувони маълумоти олӣ ва махсуси касбидошта рӯ ба афзоиш аст, ки ин албатта, аз ғамхории роҳбарияти кишвар нисбат ба ин табақаи ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Паёми навбатӣ чунин зикр карданд: «Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шуданд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд». Исботи ин гуфтаҳоро мо дар мисоли деҳкадаву шаҳракҳои дуртарини кишвар, аз ҷумла водии Рашт, эҳсос менамоем.

 Таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар барои ба вазифаҳои баланди давлатӣ ҷалб намудани занону бонувон низ шоистаи таҳсин аст. Ин аст, ки сол то сол теъдоди занону бонувони дар вазифаҳои баланди давлатӣ фаъолият­дошта рӯ ба афзоиш аст. Ин нуктаро дар Паёми имсола Президенти мамлакат махсус таъкид намуданд: «Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71 фоиз, фарҳанг 47 фоиз, бонкдорӣ 39 фоиз, алоқа 25 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз, мебошанд».

Воқеан ҳам, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикис­тон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сар аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуда, бо кӯшишу талошҳои ҳамагон он дар оянда боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.

Метавонем ин рақамҳоро бо далелҳои раднопазир дар мисоли шаҳру ноҳияҳои кишварамон тасдиқ намоем. Дар ноҳияи мо низ бо дастгириҳои Пешвои миллат соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бомаром рушд ёфта, сатҳи зиндагии мардум батадриҷ беҳтар гардид. Масалан, аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 108,7 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 30 миллиону 730 ҳазор сомонӣ, 33 миллиону 414 ҳазор сомонӣ дохил гардид.

Дар ҳамин давра аз Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Чорводорӣ ва чарогоҳ» ва лоиҳаи сармоягузории «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» 365 техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба 65 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия дастрас карда шуд.

Дар асоси ҳидоятҳои Роҳбари давлат соли сипаришуда 5 бунгоҳи тиббӣ, 4 китобхона ва 8 бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар 18 муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳои нави иловагӣ идома дорад.

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 5031 тонна, зироатҳои техникӣ ба 778 тонна, сабзавот ба 10210 тонна, картошка ба 5707 тонна ва мева ба 33350 тонна расонда шуд.

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 61 миллиону 294 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 5 миллиону 626 ҳазор ё 10,1 фоиз зиёд мебошад.

Аз 203 иншооти ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифташуда 54 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 64 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дорад. Аз ин теъдод 32 иншоот бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорон рӯи кор омадааст.

Аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии дар ноҳия фаъолиятдошта ба маблағи 24 миллиону 473 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба соли 2021- ум 8 миллиону 425 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар мавзеи Дашти Беоби деҳоти «Ҳоит» бо дарозии 1100 метр қубурҳои обгузар хобонда, ба маблағи 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки тавассути он беш аз 100 гектар замин ба ҳолати кишоварзӣ оварда шуд.

Аз ҳисоби ташкилоти хайриявии «Тоҷикистон» сохтмони биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар деҳаи Ҳоит, №39 дар деҳаи Воринг, таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии Ҳоит ва бинои нави дуошёна дар назди беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод идома доранд.

Дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо ҷалби маблағгузории Бонки осиёгии рушд сохтмони маркази модару кӯдак ва таъмири асосии биноҳои беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия оғоз гардида, идома доранд.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия дар соли 2022 ба 61 млн. 294,4 ҳазор сомонӣ баробар мебошад, ки нисбат ба соли қаблӣ 5 млн. 626,2 ҳазор сомонӣ ё 10,1 фоиз зиёд аст.

Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6- уми январи соли 2022 «Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026» нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст, ки тибқи он, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026 бо назардошти мавҷудияти ашёи хом бунёди 21 адад коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.

Шумораи корхонаҳои истеҳсолии ноҳия то 1-уми январи соли ҷорӣ ба 20 адад расонида шудааст, ки нисбат ба нишондоди аввали соли сипаришуда 4 корхона зиёд мебошад.

Аз моҳи июни соли 2022 фаъолияти ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Баҳодур-2013», «Абдураҳимиён» ва «Сандуқи заррин» ва аз моҳи сентябр Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хишти пухта» дар мавзеи Бини Суфиён ба расмият дароварда шуда, ба фаъолият оғоз намуданд. Ҳамзамон, дар назар аст, ки ҳуҷҷатгузорӣ ва бақайдгирии Корхонаи истеҳсоли қуму шағал дар шаҳраки Навобод, коргоҳҳои мебелбарорӣ ва истеҳсоли сафолакҳо дар маҳаллаи Сомониён, Коргоҳи истеҳсоли макарон дар назди Корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм ва Коргоҳи истеҳсоли хишти сабук дар маҳаллаи Сари пул ба анҷом расонида шаванд.

Бо мақсади эҳё ва роҳандозӣ намудани фаъолияти КВД «Матбааи ноҳия» таҷҳизоти калонҳаҷми чопӣ дастрас карда шуда, фаъолияти истеҳсолии корхонаи мазкур, ки солиёни зиёд бефаъолият буд, аз нав эҳё карда шуд.

Баҳри таъмини рушди бомароми соҳаи саноат дар ноҳия «Барномаи рушди соҳаи саноат дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» таҳия ва бо қарори раиси ноҳия аз 7-уми июни соли 2021, таҳти №445 тасдиқ карда шуда, раванди иҷрои он таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Бо дастгирии мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи технопарк дар ноҳияи Рашт таҳия шудааст, ки вобаста ба мавҷудияти манбаъҳои ашёи хом ва коркарди онҳо, бунёди корхонаҳои гуногун дар назар дошта шудааст. Лоиҳаи мазкур ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ барои дастгирӣ пешниҳод карда мешавад.

Дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни кишвари азизамон хеле зиёданд, ки инро мардуми заҳматкаши ноҳияи Рашт дар мисоли ноҳия ва деҳаи худ дар ҳар қадам эҳсос мекунанд. Барои мардуми шарифи Тоҷикистон Паём бозгӯкунандаи рушду шукуфоӣ ва барномаи пешрафт барои оянда ҳисобида мешавад.

Ҳар як сокини кишварро мебояд, ки ин ҳуҷҷати муҳимро чун роҳнамо истифода барад ва дар амалӣ гаштани он саҳми худро гузошта, дар пешрафту ободии кишвар ҳиссагузор бошад. Сокинони ноҳияи Рашт низ бо сипосгузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кор қарор дода, баҳри ба дастовардҳои нав ба нав ноил шудан дастҷамъона саъю талош меварзанд.

Раҳимҷон МУҚИМӢ,

 раиси ноҳияи Рашт,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон