Матбуот дар ташаккули афкори ҷомеа нақши босазо бозида, дар тӯли таърих барои пешрафти тафаккури инсоният хидмати шоистаеро ба анҷом расонидааст. Дар баробари ин матбуот яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, тавассути он зиндагӣ ва рӯзгори мардум ба таври воқеӣ бозгӯ карда мешавад. Ба ҳамин хотир бузургони ҷаҳон матбуотро чашму гӯши халқ ва роҳнамои зиндагӣ номидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100 — солагии матбуоти тоҷик таъкид намуданд, ки: «Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».
Дар ин замина барои рушди воситаҳои ахбори омма дар кишвар заминаи мусоид фароҳам омада, рӯзномаву маҷаллаҳо озодона фаъолият менамоянд ва дар инъикоси ҳаёти халқ ва дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат нақши шоиста доранд. Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ рӯзномаҳое ҳастанд, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ саҳми босазо гузошта, рӯйдодҳои хурду бузурги кишварро инъикос карда, барои таҳкими амнияти миллӣ ва рушди устувори ҷомеа матолиби ҷолиб ва саривақтиро ба нашр мерасонанд. Яке аз онҳо рӯзномаи «Садои мардум» мебошад.
Нашрияи «Садои мардум» ҳамсоли Истиқлолияти давлатӣ буда, дар замони барои мамлакат ниҳоят ҳассос арзи ҳастӣ намудааст. Ин рӯзнома ба Давлату Ҳукумати қонунии кишвар содиқ монда, яке аз зарбаҳои аввалину ҷонкоҳро бар дӯши худ гирифтааст. Дар вазнинтарин рӯзҳои нооромӣ сармуҳаррири рӯзнома Муродулло Шерализода қурбонии тири ноҷавонмардонаи хоинону душманони миллат гардид. Вале бадхоҳон иродаи қавии кормандони нашрияро шикаста натавонистанд. Баръакс, онҳо бо азми дучанд фаъолият намуда, бо қаламу сухан аз сохти конститутсионии кишвар ҳимоят карданд ва баҳри пурра барқарор намудани сулҳу субот саҳми арзанда гузоштанд.
Хушбахтона, рӯзҳои вазнин пушти сар гашта, сокинони мамлакат дар фазои орому осоишта умр ба сар мебаранд, мушкили пешомадаро бартараф менамоянд ва бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ба корҳои созандагӣ даст мезананд. Дар ин раванд, аҳли заҳмати рӯзномаи «Садои мардум» низ садоқатмандона кору фаъолият карда, дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими рӯзгори мардум саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Ҳайати эҷодии рӯзнома заҳмат кашида, доир ба фаъолияти Президенти мамлакат, Маҷлиси Олӣ, шарҳу тавзеҳи қонунҳо ва қарорҳои Парламент ва назару андешаҳои вакилон маводи зиёд интишор менамоянд ва ҳақиқати пешрафти ҷомеаро ба таври васеъ инъикос мекунанд.
Мо дар ин ҷода ба ҳар як корманди рӯзномаи «Садои мардум» барори кор таманно намуда, умед дорем, ки дар оянда кормандони ин муассисаи босалоҳият баҳри пешрафти Тоҷикистон матолиби ҷолибро интишор карда, минбаъд низ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тарғиби дастовардҳои халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ нақши хешро мегузоранд.
Бо ин ниятҳои нек, аҳли заҳмати рӯзномаро ба муносибати 30 — юмин солгарди нашри нахустин шумораи «Садои мардум» ва Соли нави мелодии 2021 шодбош гуфта, барои ҳар як корманди эҷодии он хушбахтию саодатмандии бепоёнро орзу менамоям.