Маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ оғоз гардид.
Дар вилояти Хатлон то 7-уми январи соли ҷорӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар панҷ ҳавзаи якмандата оид ба интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кард.
Аз ҷумла, дар ҳавзаҳои интихоботии Ҷайҳун, №33 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, Балхӣ, №30 — Холиқзода Ҳоким, Вахш, №32 — Бахтовар Сафарзода, Ёвон, №29 — Толибҷон Азимзода, Ҷомӣ, №28 — Ашурзода Гулбаҳор номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Тибқи иттилои раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зафар Ализода, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Бохтар, №26 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон намояндаи онҳо Сарвиноз Маҷидова номзад пешбарӣ шудааст.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»