Мусоҳиба бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода доир ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Бигӯед, ки вожаи «истиқлолият» чиро дар бар мегирад ва бештар нисбат ба кадом масъалаҳо истифода бурда мешавад?
- Вожаи «истиқлолият» ҳамрадифи калимаи франсавӣ-немисии «souveränität» буда, ду паҳлуи як масъала – фаъолияти давлатро дар дохил ва дар муносибатҳои байнидавлатӣ ифода мекунад. Аз ин ҷо, вожаи «истиқлолият» мустақилияти давлатро дар муносибатҳои байни давлатҳо (муносибатҳои байналмилалӣ) ва волоияти (соҳибихтиёрии) онро дар дохили давлат, дар муносибатҳо бо шахсони алоҳида, созмону ташкилотҳо (иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигарҳо) ифода мекунад.
Яъне, давлат ифодакунанда ва барандаи (дорандаи) ҳокимияти олӣ дар ҷамъият буда, дигар шаклҳои иттиҳодияҳо (оила, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ғайра) бояд дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи ин ҳокимияти олӣ (конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ) созмон ёбанд ва фаъолият кунанд. Ин муқаррарот ба дӯши давлат масъулияти таъмини тинҷиву оромӣ, тартибу низом ва кафолати фаъолияти муътадили ҷомеаро вогузор менамояд. Бинобар ин, давлат ҷомеаро муттаҳид месозад, аз номи он сухан мегӯяд, намояндаи расмӣ ва масъули ҷомеа мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои охири мавҷудияти давлати шӯравӣ бештар истилоҳи «соҳибихтиёрӣ» истифода мешуд, ки он кӯшиши ҷумҳуриҳои иттифоқиро ба мустақилияти бештар ифода мекард. Аз ин ҷост, ки Эъломияи 24 августи соли 1990 низ бо номи «Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд.
Вожаи «истиқлолияти давлатӣ» баъди эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 сентябри соли 1991, истифода бурда шуд. Дар Изҳорот «Дар бораи соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 9 сентябри соли 1991 қабул шуданд, ин истилоҳ ворид гардид.
Ҳамчунин, мавриди тазаккур аст, ки вожаи «истиқлолият» аз калимаи арабии «истиқлол» гирифта шудааст, ки мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар – давлатро ифода мекунад. Ба андешаи мо, калимаи «истиқлолият» назар ба «соҳибихтиёрӣ» маънии васеътар дорад ва ҷанбаҳои муҳими сиёсиро дар бар гирифта, шукӯҳу шаҳомати ин падидаро бештару беҳтар ифода мекунад.
- Шумо эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро чӣ хел қабул кардед?
- Ман дар он вақт дар Комитети қонунгузории Шӯрои Олии Тоҷикистон кор мекардам ва дар омода намудани ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида бевосита ширкат доштам. Агар аз нигоҳи имрӯза ба он давра назар кунем, хоҳем донист, ки муносибати одамон ба ин масъала якранг набуд. Бештар зиёиён ва кормандони илмиву эҷодӣ мафҳуми «истиқлолият»- ро маъқул донистанд. Қисме аз кормандони давлатию ҳизбӣ онро хуш надоштанд, чунки онҳо бе Москва Тоҷикистонро тасаввур карда наметавонистанд. Хусусан иқтисоддонҳою молиячиён гумон мекарданд, ки кишвари мо имконияти молиявии нигоҳдории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиаро, ки дар он вақт аз ҳисоби буҷети Иттифоқи Шӯравӣ маблағгузорӣ мешуданд, надорад.
Албатта, чунин душвориҳо вуҷуд доштанд, аммо боварӣ буд, ки Тоҷикистон ин мушкилотро паси сар менамояд ва ба як кишвари ободу зебо, пешрафтаю мутамаддин табдил меёбад. Тавре мегӯянд: инсон танҳо барои хӯрдану пӯшидан офарида нашудааст, ҳаёти маънавӣ, неруи ақлонию инсонии он дар ҷомеа ва ҳаёти худи ӯ нақши муҳиму пешбарандаро дорост.
Аз ин хотир, мо бояд аз Истиқлолият, ватандорию соҳибдавлатии хеш ифтихор намоем. Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки: «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд».
- Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолият ин қабули Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлол мебошад. Нақши ин ҳуҷҷати муҳими давлатдорӣ дар самти ба расмият даровардани Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон чӣ гуна аст?
- Доир ба ин суолатон аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибос меорам, ки ба назари ман беҳтарин ҷавоб аст: «Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.».
Истиқлолият вақте эълон гардид, ки дар Тоҷикистон Конститутсияи даврони шӯравӣ (соли 1978) амал мекард. Сарфи назар аз он ки вобаста ба эълони Истиқлолияти давлатӣ ба он баъзе тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, рӯҳу мазмуни онро арзишҳои давраи шӯравӣ ташкил медоданд. Аз ҷониби дигар, зарур буд, ки ҳар чӣ зудтар марому мақсади ҷомеа, сохтору низом ва шаклу тарзҳои давлатдории кишвари соҳибистиқлол муайян ва мустаҳкам карда шаванд.
Бояд зикр кард, ки дар замони муосир Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ва олӣ яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ мебошад. Бе ин санад давлатҳои демократии муосир вуҷуд дошта наметавонанд, зеро дар Конститутсия масъалаҳои бунёдии ҷомеа, аз ҷумла мақсаду маром, вазифаҳо ва асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, низоми мақомоти олӣ ва муҳими давлатӣ, асосҳои ташкил, фаъолият ва ҳамкории онҳо танзим мегарданд, ки онҳо муайянкунандаи роҳу равиш ва пешрафту инкишофи ҷомеа мебошанд.
Бинобар ин, зарур буд, ки ҳар чӣ зудтар ин санади раҳнамои миллат қабул карда шавад ва хушбахтона, 6 ноябри соли 1994 ин санад аз тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ бо тарафдории аксарияти кулли халқи Тоҷикистон қабул гардид.
- Баъзеҳо савол медиҳанд, ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо чӣ дод? Мо ба кадом натиҷаю дастовардҳо дар 25 сол ноил гаштем?
- Албатта, 25 сол дар назди таърих бисёр муддати кӯтоҳ аст ва хулосабарорӣ кардан нисбат ба арзишҳо ва масъалаҳои калидии ҷомеа душвор аст, аммо ба назари ман, ин 25 сол бисёр давраи муҳим, тақдирсоз ва мушкил буд. Мутаассифона, дар ибтидои Истиқлолият бо дасти душманони дохилӣ ва берунӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба сари миллат таҳмил шуд ва мавҷудияту ҳастии миллат ва сарзамини тоҷикон зери хатар қарор гирифт. Хушбахтона, бо барқарор шудани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ба сари қудрат омадани роҳбарияти нави ҷумҳурӣ, ҷонбозию меҳнати шабонарӯзии онҳо дар муддати кӯтоҳтарин дар мамлакат сулҳу оромӣ ва сарҷамъию ваҳдати миллӣ ба даст омад. Ин дастоварди бузург ва таърихии даврони Истиқлолият мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ боварии мардумро ба ояндаи миллату Ватан қавӣ гардонд ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам сохт.
Пешрафти бемайлон ва устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият рушду таҳкими тафаккури миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватандориро тақозо менамояд, зеро таҷриба нишон дод, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва мушкили таърихӣ маҳз тафаккури миллии қавӣ, сарҷамъию ваҳдат ва ҳисси баланди ватандӯстию ватандорӣ имкон медиҳанд, ки чунин давраҳои вазнин паси сар карда шаванд. Шоистаи ифтихор аст, ки миллати тоҷик бори дигар ин воқеиятро собит кард ва имрӯз ин арзишҳо заминаи асосии рушди минбаъдаи ҷомеаи мо гаштаанд.
Ман муътақидам, ки барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки ормону орзуи ҳазорсолаи тоҷик буд, рӯҳи гузаштагони бузурги мо шафоат кард. Акнун зарур аст, ки бо кору пайкори созанда мо рӯҳи онҳоро шод ва ормону орзуи онҳоро амалӣ намоем. Ин қарзи инсонӣ ва фарзандии ҳар яки мо дар назди гузаштагон ва Ватану давлат мебошад.
- Барои таҳкими минбаъдаи Истиқлолияти давлатӣ ба андешаи Шумо боз чӣ тадбирҳоро анҷом додан зарур аст?
- Имрӯз таҳкурсии мустаҳками Истиқлолияти давлатӣ гузошта шудааст. Барои рушди минбаъдаи он, ба андешаи ман, лозим аст, ки сулҳу ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ, қонунияту тартибот боз ҳам таҳким бахшида шавад, рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ баланд бардошта, иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона ва пайваста амалӣ карда шавад.
Боиси қаноатмандист, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз ба қадри тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ расидаанд, ки ин кафолати муҳими устуворӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад.
Боварӣ дорам, ки халқи Тоҷикистон дар атрофи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид гашта, барои таҳкими минбаъдаи Истиқлолияти давлатӣ ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз содиқона ва сарбаландона заҳмат мекашанд, зеро ҳар яки мо вазифадорем, ки Истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Мусоҳиб Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум»