Вақте ки Тоҷикистон истиқлолият ба даст оварду халқи азияткашидаи тоҷик пас аз садсолаҳо соҳиби давлати воқеан миллии худ гардид, барои баъзе аз кишварҳои дуру наздик маъқул наафтод. Ҳарчанд, ки баъзеи онҳо ба таври рӯякӣ бошад ҳам, аз сохти конститутсионии кишвар тарафдорӣ мекарданд. Аммо, дар асл бигирем, агар бештари ин мамлакатҳо ҳеҷ гоҳ хостори пешрафти миллати тоҷик набуданду Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар минтақа дидан намехостанд.
Ин қабил кишварҳо аз бухлу нотавонбинӣ ошкору пинҳон ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ кардан мехостанд. Гӯё пешрафти Тоҷикистон заволи давлати онҳо бошад. Аз ин ҷост, ки ҳамарӯза аз тамоми роҳу воситаҳои дар ихтиёрашон буда истифода бурда, хостори барҳам додани сулҳу оштӣ, якдилию ҳамдигарфаҳмии ин миллат буданд. Гоҳе НБО-и «Роғун»-ро фоҷиаи минтақавӣ медонистанду гоҳе ТАЛКО-ро боиси ифлос шудани муҳити атроф маънидод мекарданд. Гоҳе роҳҳоро мебастанду гоҳи дигар роҳҳои мавҷударо мекананду зироат мекунанд. Гоҳе газро маҳкам мекарданду гоҳе дигар ҳазору як баҳонаи дигар меҷустанд.
Даъвоҳои ин кишварҳои ба мо «дӯст»-ро гоҳе аз Созмони Милали Муттаҳид мешунавему гоҳи дигар тариқи воситаҳои ахбори омма. Мутассифона, чунин ҳолат қариб муддати бист сол аст, ки идома дорад. Имрӯзҳо бошад, маводу мақолаҳои фаровоне бар зидди Тоҷикистон тариқи шабакаи Интернет паҳн карда мешавад, ки силсилаи тахрибкориҳои онҳо мебошад.
Яке аз чунин матлаб бо номи «Р.Хоҷибоев: Иваз кардани номи кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба кӣ лозим», рӯзи 12 августи соли 2013 дар сомонаи «Центразия» ба нашр расидааст. Дар ин мақола муаллиф аз факту далелҳо истифода набурда, Ҳукумати кишварро саросар буҳтону туҳмат намудааст. Ӯ мегӯяд, ки: «Зиёда аз бист сол гузашт, ки Тоҷикистон истиқлолияти сиёсии худро ба даст овардааст. Аз он давра то ин замон такрор ба такрор мегӯянд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол демократия рушд кардааст. Аммо воқеан дар ин муддат ягон пешравие на дар сиёсат на дар иқтисодиёт ва ҳатто на дар соҳаи иҷтимоёт ба даст наовардааст».
Аммо ба касе пӯшида нест, ки дар муддати бист сол Тоҷикистон ба кадом пешравиҳо ноил гаштааст. Рӯз то рӯз сатҳи зиндагии мардум хуб гашта истодааст, даҳҳо ҳазор ҷавонони тоҷик дар хориҷӣ кишвар таҳсили илм доранд, садҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд ёфтааст… Тоҷикистон муддати даҳсолаҳо аз ҷониби баъзе ҳамсоякишварҳо дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт ва имрӯз пурра озод гашт, хати неруи барқи баландшиддати Шимол — Ҷануб ба фаъолият оғоз кард ва тамоми қаламрави кишвар ба шабакаи ягонаи барқдиҳӣ васл шуд. Неругоҳҳои зиёди хурду бузурге бо маблағгузории сармоягузорони хориҷию ватанӣ бунёд ёфт. Бо кушода шудани нақби «Истиқлол» шароити рафтуомад бо шимоли кишвар дар тамоми сол муҳайё гашт. Аммо, гӯё ҳамаи ин пешравиҳо дар чашмони муаллиф наменамоянд ва умед дорад, ки ин суханону сафсатаҳои ӯро касе бовар менамояд.
Дар ҷойи дигар муаллиф аз он нигаронӣ кардааст, ки гӯё бесабаб роҳбарияти шаҳри Душанбе кӯчаҳои шаҳрро, ки бо номи қаҳрамонҳои рус буданд, иваз кардааст. Ҳатто ин амал боис гардидааст, ки роҳбарияти шаҳрро бо миллатчигӣ муттаҳам намояд: «Ин амали миллатчигиашонро онҳо бо баҳонаи ватандӯстии дурӯғин маънидод мекунанд ва мақсади асосии онҳо рӯпӯш кардани нуқсонҳои фаъолияти корияшон мебошад.»
Имрӯз ин баҳонаро пеш оварда, мехоҳанд дар чашми мардум Ҳукумати Тоҷикистонро барои миллатчӣ буданашон муттаҳам кунанд. Аммо ба касе пӯшида нест, ки то ҳол ягон мансабдори тоҷик барои миллатгаро буданаш расонаӣ нагаштааст. Баръакс, дар ҳоли ҳозир аз тамоми кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон тамоми миллатҳо озодона кору фаъолият менамоянд. Ҳатто дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ Тоҷикистон ягона давлатест, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон забони русиро ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо қабул кардааст. Ғайр аз ин, то имрӯз оид ба миллатчӣ будани мансабдорони кишвар на дар ҷое хондаему на шунидаем. Агар воқеан мо миллатчӣ мебудем ин муаллиф як далел барои исботи фикраш меовард. Вале ин суханони подарҳавою ғайримантиқиаш ба ақли одами солим намеғунҷад.
Шоҳини ИСМОИЛ