То Парчами мо болост, боло сари тоҷик аст,
То болу парафшон аст, болу пари тоҷик аст.
Шоири зиндаёд, устод Гулназар, ки бо ном ва кору пайкори Ватан хеле ифтихор дошт, аз сӯзу дарди Ватан дард мекашид, аз шукуфоиаш мешукуфт. То вопасин нафас ифтихор аз он дошт, ки тавонист ҳама сӯзу соз ва ормонҳои ватандориашро дар рамзҳои миллии кишвар ҷо намояду пулеро аз муҳаббат ва садоқати ватандорӣ миёни қалбҳои пурҳасрати дар тапиши имрӯзиён барои ояндагон бино намояд.
Ин ифтихори ватандорӣ сарманшаи ҳама қаламкашони кишвар буда, таҷассумгари воқеии заҳмату ҷоннисорӣ ва ватанхоҳию ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Гузаронидани симпозиуму конфронсҳои ҷаҳонӣ дар пойтахти кишвар нишони баръалои соҳибнишонӣ будани мо — тоҷикон буда, обрӯю эътибори миллат ва давлати моро шуҳрати олам намудааст.
Шукуфоӣ, созандагӣ ва шукӯҳмандии Душанбеи азиз, ки бо талошу ҷоннисории Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба пойтахт ҳусни нав зам кардааст, таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонони Тоҷикистони меросбари Ориёи бузургро бештар ба худ ҷалб намудааст. «Боғи Парчами миллӣ», ки рамзи меросбари Ориёи бузург будани тоҷикон мебошад, дар қалби ҳазорон меҳмонону сайёҳон маскан гирифта, сархати садҳо рӯзномаю маҷалла ва филмҳои фарҳангии оламиён гардидааст. Оре, ҳамон боғи муаттари сарсабзу ҳамешабаҳор ёдгор аз Ориёи бузург аст. Ҳамон қаламрави гурдзо, ки ҳазорон гурдҳои номвар ва кишваркушоро рӯи кор оварда, номи Ориёи бузургро дар равоқи тиллоии эътибори ҷаҳон бо абадият сабт намудааст ва ҳамон боғи муаттаре, ки муҷассамаёдгорӣ ва рамзҳои таърихи давлатдории ориёиҳоро ба рӯи бинандагон боз намуда, ҳазорон достонҳои матонату қаҳрамонии гузаштагони пурифтихори моро ба маъраз гузошт. Боғе, ки ҳар ваҷаб хокаш аз муҳаббат ва самимияти ватандории Пешвои миллат ба хотири ин рамзи миллӣ сохта шуда, бар гӯшу ҷони мо садои гузаштаи дурро мерасонад ва моро дар рӯҳияи қаҳрамонӣ ва матонату садоқат тарбия намуда, ба қадри ин марзу бум ва заҳматҳои ҷоннисоронаю созандагию ваҳдатофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расиданро дар мағз андар мағзи ҷонамон ба абадият сабт месозад.
Ин аст, ки суруши хонадони Оли Сомонро аз шукӯҳи Парчами давлатӣ аз ашъори Салими Хатлонӣ бар гӯши ҷонамон мерасонад.
Ҳавои рӯзгорони фалакро даври гардон шуд,
Нишасти бози давлат бар сарои Оли Сомон шуд.
Сари Исмоили Сомониву тахти бузургон шуд,
Шукӯҳи Нуҳи Сомонӣ ба бахти тоҷдорон шуд.
Фурӯғи номи миллат халқро аркону ҳоқон шуд,
Ливои тоҷикон ин кохи шавкатро парафшон шуд.
Гузашт айёму аҳди даври гардон боз меояд,
Ба даври гардиши паймона паймон боз меояд.
Суруши зодбуми марзи достон боз меояд,
Дурахши ахтари тахти бузургон боз меояд.
Дирафши ковиёнӣ пар-парафшон боз меояд,
Даҳои тоҷикон бар Тоҷикистон боз меояд.
Ин манзумаи пур аз муҳаббати ватандории таърихӣ аз рӯзгори пур аз файзу футӯҳи Оли Сомон қиссаеро бар самъи мо мерасонад, ки ифтихори ватандорию ватансозии моро ба гузаштаи пурифтихорамон бештар менамояд ва донистани таърихи гузаштагонамонро аз Пешдодиёну Каёниёну Сосониён то ба аҳди Сомониён бар лавҳи ёдҳо оварда, хотироти таърихии моро бедор месозад. То бидонем, ки ин Парчами давлатӣ, ки бо ҷоннисории фарзандони фарзонаи миллат дар тӯли таърих, дар баҳои ҷону хонумонашон дифоаш намудаанд, чӣ арзиш дорад. Ҳама ҷоннисорию саодатёбии миллат дар рангҳои сурху сабзу сафеди он инъикос гардида, қомати баландаш сарбаландии давлату миллатамон аст. Яъне, Парчами давлатӣ, ки аз ҷониби мардуми кишвар дар асоси қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии давлат ва Ҳукумат қабул гардида, бо имзои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукми қонуниро гирифтааст, муқаддасоти миллат ва пурарзиштарин арзишҳои миллати сарбаланди тоҷик шинохта шудаанд. Он гуна, ки «Дирафши ковиёнӣ» нишони бузурги давлатдории гузаштагони пурифтихори мо будааст, имрӯз моро зарур аст, ки ба ин рамзҳои давлатӣ арҷу эҳтиром гузорем.
Хеле бамаврид медонем, ки пораеро аз таърихи «Дирафши ковиёнӣ» манзури хонандагон гардонем: — «Дирафши ковиёнӣ» Парчами шоҳони қадими ориёӣ, махсусан шоҳони Сосониён номбардори Ориёи бузург буда, дар садҳо сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ муҳаққиқон аз он ёдоварӣ намудаанд. Мутобиқи ахбори сарчашмаҳои муътамади бостонӣ, ин парчам аз пӯсти шер ва ё паланг бо нигориши рамзи Ориёи бузург тиллокорӣ карда шуда, дар набардҳои кишваркушоӣ ва дифои марзу буми шоҳони Сосонӣ бо дасти сипаҳсолори кишвар дода шуда, ҳамчун рамзи давлатдорӣ баъди ҳар пирӯзӣ баланд афрохта мешуд. Гум шудани парчам дар майдони набард нишони шикасти кишвар арзёбӣ мегардид. Шояд ҳамин бошад, ки ҳазорон сипаҳсолорон онро дар баҳои ҷон ва хонумонашон дифоъ намуда, сарафрозии онро нишони шукуфоӣ ва сарсабзии кишвар ном мебурданд. «Дирафши ковиёнӣ» чун рамзи муқаддаси давлатдории Сосониёни далеру кишваркушо аз ҷониби ҳазорон донишманду шоир сутуда шуда, муаррихон аз он ҳамчун муқаддасоти миллӣ ёдоварӣ намудаанд. Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ асли баромади «Дирафши ковиёнӣ»-ро аз пешдомани чармини Коваи оҳангар донистаанд, ки ӯ бо ин парчам бар зидди «Заҳҳоки морон» исён карда буд. Аз ҳамин лиҳоз Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар «Шоҳнома» аз он ёдоварӣ намуда, гуфтааст, ки пас аз ғолибият бар «Заҳҳоки морон» Фаридун он парчамро бо пурарзиштарин зару зевар ва сангҳои қиматбаҳо оро дода, эълон намуд, ки аз ин ба баъд ба он «Дирафши ковиёнӣ» ном гузошта, чун парчами номуси Ориёи бузург дар тамоми тантанаҳои расмии давлатӣ ва ҷашну майдонҳои набард баланд афрохта шавад. Баланд шудани он рамзи пирӯзӣ ва сарбаландӣ, поён шуданаш шикаст ва мотами миллӣ мебошад. Ҳамин гуна дар сарчашмаҳои таърихӣ аз он ёдоварӣ шуда, гузаштагони пурифтихори мо — тоҷикон онро моли ҳалоли хеш донистаанд. Ҳамин парчами номуси ориёӣ то давраи охирин ҳукмронии сулолаи Сосониён — Яздигурди III арзи ҳастӣ намуда, дар яке аз охирин набардҳои хунини ориёиҳо бо ғосибони бодиянишин, аъроби саҳроӣ, дар Қодисия бо дасти сарлашкари араб Саъд ибни Ваққос ғанимат меафтад ва онро назди халифа Умар ибни Хаттоб мефиристанд. Халифа Умар ибни Хаттоб аз ғояти нафрат ҳама зару зевари онро ба ғорат бурда, онро пора-пора намуда, ҳар пораи онро ба мардум нишон дода, «бо ифтихори зиёд тавонмандиашонро васф намуда, мегуфтанд, ки чӣ гуна Эрони ориёиро шикаст додаанд».
Шаҳомат ва шукӯҳмандии «Дирафши ковиёнӣ»-ро Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш чунин васф кардааст:
Фурӯ ҳишт з-ӯ зарду сурху бунафш,
Ҳамехондаш Ковиёни дирафш.
В-аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,
Ба шоҳӣ ба сар бинҳодӣ кулоҳ.
Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.
Зи дебои пурмояву парниён,
Бар он гуна гашт ахтари Ковиён.
Ин муқаддасоти миллии мо — тоҷикон заминаи ба миён омадани Парчами давлатӣ буда, ҳамин ифтихори ориёии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътиборашро миёни пайравон дар олам бештар намуда, ҳазорон шоирону нависандагон ва муҳаққиқони таърихи Ориёи бузург ӯро сутудаанд ва сарчашмаи ба миён омадани шеъри пурмуҳтавои мутантани шоири шаҳир Масъуди Сипанд «Ман ориёиям», ки ба Пешвои миллат бахшида шудааст, сарчашма мебошад. Ин Абармарди таърихи навини кишвар дар душвортарин лаҳзаҳо мамлакатро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшида, онро бо тарҳи нави ориёӣ ва андешаи созандаи башардӯстӣ сохт.
Имрӯз ҷаҳониён шоҳиди садҳо вохӯриҳои фарҳангии кишвар мебошанд, ки ориётаборҳо боифтихор аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат пуштибонӣ намуда, дар симои ӯ эҳёгари суннатҳои созандагии гузаштагони хешро мебинанд. Ҳамагон худро ҳамқадаму ҳаммароми Пешвои миллат дониста, таъбири пурмуҳаббати «Тоҷикистон, ба пеш» меҳвари тамоми музаффариятҳои онҳо қарор гирифтааст. Борҳо дар ҳалқаҳои аҳли зиё ва фарҳангу фаросати инсонӣ иқдомҳои созандагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифта, ҳамагон бар он назаранд, ки Тоҷикистонро ояндаи хеле дурахшон пешорӯ истода, ҳамин талошҳои созандаю ватанхоҳии Пешвои миллат, муҳаббат ва самимияти ӯро дар қалби сокинони кишвар маскан намуда, онҳоро ба арсаи корзори номусу нанги ватандорӣ овардааст. Арсаи користони нурбахши НБО «Роғун» гувоҳи ин андешаҳост, ки ҳамарӯза заҳмати бунёдкорию созандагии коргарони он дар мадди таваҷҷуҳи аҳли назари ҷаҳон қарор гирифтааст. Нахустсухан ва аҳде, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ин иншооти азими кишвар гуфта буданд: «…Бо нохун синаи он кӯҳро шикофта, «Роғун»-ро месозам» дар мағз андар мағзи ҷони мардуми шарафёри кишвар ҷой гирифта, якдилона ба ин арсаи номусу нанг омаданд.
Ин ҳама иқдоми созандагӣ аз ҳамдилию якпорчагӣ мужда расонда, ифтихор аз рамзҳои давлатӣ буда, нишони саодатмандии миллат ва гувоҳи арҷгузорӣ ба сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА,
рӯзноманигор