Пешвои миллат буданашон арзандаву шоиста аст

№4 (3484) 09.01.2016

Як замон ба назар чунин менамуд, ки офтоби толеи мардуми Тоҷикистон ғуруб кардаву ҳама ҷоро зулмот фаро гирифтааст. ҳамагон дар ин зулмот ба чор тараф давида, роҳи наҷот меҷустанд, вале аз рўшноӣ дарак набуд. дар ҳамин айём бо инояти Худованд ҷавонмарде бар сари миллати тоҷик Сарвару Пешво интихоб гардид, ки донандаи роҳи наҷот буд. Ин ҷавонмарди Хизрхисол, бебоку ҷасур Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо ҳастиаш кишвару мардумро қадр карду дўст дошт ва онҳоро аз фаношавӣ эмин нигоҳ дошт. Як даст ба Қуръону дасти дигар ба дирафши серанг ба шири сафеди модар савганд ёд кард, ки ҳамватанонашро хушбахту хушрўз месозад.

Бо омадани Эмомалӣ Раҳмон хуршеди толеи миллат аз нав тулўъ кард. Суханони ў аз дару дарвозаҳои Қасри Арбоб ба фазои олам паҳн гардид: «Ман ба шумо сулҳ меорам!».  Дигарон шояд дилу гурдаи ин суханро гуфтан надоштанд. Аммо ў гуфт, бо дили пур ва имони комил. Раҳми Парвардигор омад ва аз домони пурбаракати ин деҳқонписар ба хоки поки сарзамин тухмиҳои сулҳ пош хўрданд, Тоҷикистони азиз дубора обод шуд. Орзую ормони халқ бо нияти поки Сарвари давлати тоҷикон амалӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шумори ками он  бузургонанд, ки саховатмандона ба корҳои бузург даст задаанд: шаҳрсозӣ, роҳсозӣ, нақбкобӣ, неругоҳсозӣ, фарҳангпарварӣ, кишоварзӣ ва ғайра.

Дур нарафта, ба пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе менигарем, ки дар муддати кўтоҳ ба маънои томаш нав шуд: «Куҳан кунад ба замоне ҳар куҷо нав буд ва нав кунад ба замоне, ки ҳар куҷо хулқон буд»- и Одам уш -шуъаро Рўдакии бузург бозгўйи ҳамин маънист.

Шунидам, ки меҳмонони шаҳри Душанбе биноҳои тоза қоматафрохтаи пойтахтро дида гуфтаанд: «Инро кай сохтанд? Чанд моҳ пеш омада будем, аз инҳо дараке набуд». Дар ин росто, баъди сафари Президенти муҳтарам ба вилояти Суғд, хоса ба шаҳри Панҷакент, ки барф чун орд ба сару рўи меҳмонҳо бо рамзи роҳи сафед рехта буд, рафтам. аз хурду калон шунидам, ки васфи роҳи Душанбе- Панҷакентро мекарданд ва қадршиносӣ: «Агар бори дигар Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номзадиашонро ба маснади президентӣ гузоранд, ҳама ба ҷонибдориашон ду даст бардошта, овоз медиҳем». Инак,  дасти ба дуо бардоштаи мардум бор овард. Президент Пешвои миллат шуд. Бидуни шакку шубҳа шоистаю зебанда аст.

Баланд бод з- ин ҳам баланд  ахтарат,

Ба авҷи фалак сар барорад сарат.

Кунад ҳифз ҷону танат аз бало,

Дуоҳои неки падар, модарат.

Вуҷуди ту беофату ранҷ бод,

Бувад Хизр ҳамроҳу Ҳақ  раҳбарат.

СУЛТОНЗОДА Афзалшоҳи Шодӣ, директори Муассисаи давлатии «Филармонияи  давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев», Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон