Пирӯзӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ

№ 08.07.2024

Дар шаҳри Лондон аз 23 то 30-юми июн олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle 2024» аз фанни забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он дар қатори дигар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзида, 1 ҷойи 1-ум, 5 ҷойи 2-юм, 6 ҷойи 3-юмро ишғол карданд.

Бино ба гуфти масъулини раёсати маорифи вилоят олимпиадаи мазкур аз рӯи 3 категорияи синнусолӣ ва 2 номинатсия байни хонандагони синфҳои 3-юм ва 11-ум барпо шудааст.

  Ба ғолибон диплом ва медалҳои олимпиада дар Донишгоҳи Сурей дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»