Намедонам дӯстии ман бо Абдулмаҷид Салимович Достиев кай ва чӣ хел оғоз ёфт, аммо ӯро эҳтиром мекунам ва чун инсоне мешиносам, ки ба касе бадӣ кардан намехоҳад.
Бо шунидани номи ӯ пеши назари ман суханони зерини шайх Саъдӣ намудор мешаванд:
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор.
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор.
А. Достиев шахси ҷисману рӯҳан пурра аст. Аслан сахт қоматбаланд нест, аммо гоҳе аз наздик бинӣ, эҳсос мекунӣ, ки ҳайбат дорад, ӯ фарбеҳ нест, аммо тану тӯши пурра дорад. Ором сухан мегӯяд, бо таъм, ширин ва шоирона. Шоирона барои он ки суҳбати вай бе тамсил, бе латифа, бе эҳсос намешавад. Эҳсоси ширин ӯро гоҳе чунон фаро мегирад, ки қисса андар қисса, латифа андар латифа мегӯяд, дар ҳар мавзӯъ, дар ҳар маҳфил ва ба ҳамон лаҳза мувофиқ.
Номи падари Абдулмаҷид аслан Абдуғаффор аст, аммо, ба сабаби он ки зимни дарав ӯ аз ҳама чолоктар буд, роҳбари хоҷагӣ бошад ҳам, раиси «Достӣ» мегуфтандаш. Деҳаи онҳо Виён дар баландтарин мавзеи ноҳияи Балҷувон воқеъ буд. Он ба деги тагаш ҳамворе мемонд ва чор тарафаш кӯҳ аст. Ба ҳар сӯ, ки раванд, аз кӯҳ гузаштан зарур меомад.
Соли 1946 аҳолии деҳаро ба водӣ кӯчонданд. Аммо оилаи раиси Достӣ дар Балҷувон монд, то ки дараву киштро саранҷом кунад. Онҳо 4-5 сол он ҷо монданд. Соле касалии домана омад. Қариб тамоми деҳа бемор шуд. Аз марказ барои ёфтани илоҷи он духтурзанҳои рус омаданд.
Рӯзе падар гуфт: «Ба Виён бозмегардем». Зимистон ҳам бошад, роҳ пеш гирифтанд. Аммо дар он ҷо амакашон вафот кард. Баъди як-ду рӯз писари калонӣ гуфт:
- Падар, амакро-ку гӯр кардем. Худое нахоста, бадбахтие пеш ояд, як оила, тани танҳо чӣ кор мекунем? Ба болои ин галаи гургони гурусна ҳар шаб ба деҳаи холимонда меоянд.
Падар камтар андеша карду гуфт:
- Пагоҳ ба Балҷувон бозмегардем.
Як соли дигар дар Балҷувон монданд. Сонӣ, бархе аз балҷувониҳоро ба ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ) муҳоҷир карданд.
Замини бакамолрасидаи Абдулмаҷид Достиев Вахш аст. Деҳааш Виён — номи деҳаи бобоиро аз Балҷувон гирифтааст.
Замони шӯравӣ барои гирифтани маълумоти миёнаи ҳатмӣ тамоми шароит фароҳам буд. Аз ҷумла, барои фарзандони мардуми деҳаҳои хурду дурдаст, ки дар макони зист имконияти мактаби миёна доштан набуд, дар марказҳои хоҷагӣ ё ноҳияҳо мактаб-интернатҳо фаъол буданд. Дар деҳаи онҳо, ки танҳо мактаби ибтидоӣ дошт, баъди хатми он таҳсилро дар мактаб-интернати ба номи Т. Г. Шевченко, маркази совхоз-техникуми ба номи В. В. Куйбишев — шаҳраки «Семеновод» давом дода, маълумоти миёна гирифт. Баъди хатми Институти хоҷагии қишлоқ корро аз халтаи тухмии пахтаро сари китф бурда, ба тухмипошак рехтан оғоз намуда, баъд «сигналчӣ», яъне аз субҳ то офтоб фурӯ рафтан, қатор ба қатор даруни майдони пахта гашта, ҳашарот ҷуста, аломат мегузошт, то ки онҳоро бо дастгоҳи дастӣ ё майдони зиёдро сироят карда бошад, бо техникаи махсус- «ОВХ», «ОДН» ва ё самолёт заҳролуд мекарданд. Баъди оғози пахтачинӣ лаборанти колхоз, дар назди Заводи пахтаи шаҳри Қӯрғонтеппа буду сипас, сардори бригадаи пахтакории деҳа.
Қаҳрамони нигошта иқрор аст, ки «мардуми водии Вахш, новобаста ба он ки аз кадом маҳалли кишвар омада, он ҷо сукунат доранду намояндаи кадом қавманд, бо ҳам ёру бародар буданд, ба якдигар меҳру муҳаббати комили инсонӣ доштанд, ки мутаассифона, ҳоло ҳамин чиз дар ҷомеа камчин шудааст.».
Ин маъноро тақвият дода, А. Достиев дар як асараш менависад: «Ман дар солҳои Истиқлолияти давлатии кишварамон дар вазифаҳои баланди давлатӣ, ки аксарият орзуяш доранд, фаъолият карда, садри раёсати ҷамъомаду анҷуманҳои бошукӯҳи умумимиллӣ будам, дар матбуоту телевизион соатҳо баромад мекардаму дар ҳама ҷо чеҳраи шинохтаву бологузар. Бисёриҳо барои хотира рӯйи коғаз ва китоб «автограф»-амро мегирифтанд, вале мутаассифона, он самимияту меҳрубонӣ ва меҳру муҳаббати инсонӣ ё ҳаловати зиндагиву хотирҷамъӣ аз фардову ояндаи худу фарзандону наздикон ва пеш аз ҳама, қавму диёрро, ки замони дар водии Вахш дар маснаду вазифаҳои пасттар доштанам буд, надидаам. Он солҳо ҳамаи мардуми водӣ бо ҳам ёру бародар, дӯстони якдил буданд. Дар ин сарзамини пурсаховат падидаи миллатхӯр — маҳалчигӣ аслан ному нишон надошт, инро ба мо, баъдтар «туҳфа» оварданд. Аниқтараш, баъди таъсис ёфтани вилояти Қӯрғонтеппа (апрели соли 1977)… Баъд ибораҳои «Ту аз куҷоӣ? Фалонӣ кисту куҷоист?» пайдо шуду оҳиста-оҳиста қувват гирифт.
Умуман, А. Достиев аз он инсонҳоест, ки дарду ғамро фурӯ бурда метавонад ва хуни дил хӯрад ҳам, барои манфиати умумии миллат, барои пирӯзии мавқеи пешакардааш хомӯш меистад ва мегӯяд: «Ба Худо супурдамат, мукофоти амалатро Худо диҳад» ва пеш меравад бо ҳамон роҳе, ки интихоб кардааст.
***
Абдулмаҷид Салимович ба тақдирсоз будани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, табиӣ будани даъвати он дар шаҳри Хуҷанд, муҳим ва мушкил будани ҳалли ҳама масъалаи дар он ҷо баррасӣ, қабул ва радшуда борҳо сухан гуфта ва навиштааст. Порчаи зер, ки дар китоби «Шикастанҳо ва бастанҳо» қайд аст, далел мебошад:
«Ба назари ман, баргузории Иҷлосия дар Хуҷанд, дар таърихи парламентаризми мо воқеаи бузург буд. Хоруғу Турсунзода барои он рад шуд, ки ин шаҳрҳо зери таъсири гурӯҳҳои муқобил истода буданд. Хориҷи кишварро барои он рад кардем, ки ин аз як тараф, нангу ори миллӣ буд, аз тарафи дигар, таҷрибаи талхи тақдири Афғонистонро пеши назар овардем, яъне, дар Маскаву Душанбе (давраи шӯравӣ), чанд роҳбару раёсат тайёр карда, ба он ҷой бурда нишонданду оқибат ин амал ба чӣ овард, медонистем. Ва ин рӯйдоди таърихӣ барои он дар ин шаҳр баргузор гашт, ки тавре қаблан гуфтем, дигар дар мамлакат ҷои бехатару қулай ва барои ҳама ҷониб бе ваҳму ибо мерафтагӣ надоштем. Дувум, нодуруст будани даъвои он, ки шимолиҳо, аниқтараш, гӯё «хуҷандиҳо ба хотири бақои ҳукуматдории худ минтақаҳои ҷанубро ба ҳам ҷанг андохтанд»-ро исбот кард. Яъне, Хуҷанд, на ин ки ҷудоиандоз, балки муттаҳидкунанда ва созандагии худро бо муносибати самимӣ ва масъулияти баланди ватанпарастӣ дар назди таърихи кишвару миллат нишон дод, ки ҷиҳати баргузориву самаранок будани натиҷаҳои кори Иҷлосияи XVI тамоми имкониятро истифода кард. Мо иштирокчиёни Иҷлосия дар толор, ҳангоми танаффусҳо дар долон ва гулгаштҳои атрофи Қасри «Арбоб», назди фаввораҳо, баъди ба итмом расидани рӯзи корӣ дар дохили нақлиёт, дар ҳавлӣ ва дохили меҳмонхонаву ошхона аз ҷониби масъулону мардуми одӣ чунон самимияту ҳалимӣ ва хайрхоҳиву ғамхорӣ медидем, ки гӯё наздикони ҳар яки онҳоро аз вартаи ҳалокат наҷот дода бошем»
Хулосаи Достиев он аст, ки «Боварии комил дорем, ки чӣ қадаре ки вақт моро аз баргузории Иҷлосияи таърихӣ дур барад, ҳамон қадар аҳамияту саҳмаш дар бақову пойдории давлатдории мо пурарзиштар эҳсос мешавад ва дармеёбем, ки бо чӣ заҳмате вакилони дарвоқеъ мардумӣ, истиқлолияти бадастовардаро ҳифз намуда, якпорчагии хоки Тоҷикистон ва ҳамбастагии мардуми онро таъмин намудаанд».
Навиштаи А. Достиев барои хонандаи ҳозира басо муҳим аст, зеро на ҳама медонанд, ёд доранд, ки муносибат ва бархӯрди ҷомеаи он замон — ҳам Тоҷикистон ва ҳам ҷаҳон ба он чӣ гуна буд. Ҳоло баъзан онро чунон тасвир мекунем, ки гӯё зуҳуроти одӣ бошад. Ҳол он ки иҷлосияро қисме аз вакилон сарфи назар карданд, баъдтар ғайриқонунӣ эълон намуданд, ба қонунияти ҳуҷҷатҳои қабулкардааш шубҳа доштанд, онро табаддулот гуфтанд ва амсоли ин. Навиштаи Достиев дар муқобили он ҳама дурӯғу душманӣ далел аст, зеро вай иштирокчии одии иҷлосия не, раиси котиботи он буд ва бо ҳуҷҷатҳо шиносоӣ дошт, онҳоро дар ҷараёни маҷлис шарҳ медод. Бисёр мардум, ки унвонии иҷлосия хату барқия мефиристоданд, бо муроҷиат ба вай оғоз мекарданд. Забони бурро, халқӣ, ширин ва гуфтаҳои бомантиқу намакини ӯ ба мардум боварӣ ва қувват мебахшид. Дар китобаш ҳам ба фактҳо такя мекунад ва аз ҷумла менависад, ки:
«Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати XII, 16 ноябри соли 1992, соати 10 пагоҳӣ, таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров, ба кор шурӯъ намуд. Дар он аз 230 нафар вакилони Шӯрои Олӣ 193 вакили мардумӣ иштирок доштанд. Аз 37 нафар вакилони боқимонда 4 нафар (Шерализода, Ҳувайдуллоев, Олимов, ва Имомов) бо сабабҳои гуногун аз олам гузашта, 4 нафар дар давоми иҷлосия расида омаданд. 25 нафар бесабаб дар кори иҷлосия ширкат наварзиданд. 4 ҳавза бошад озод буд.».
А. Достиев бо ишора ба вазъи душворе, ки дар маҷлисҳои иҷлосия доир мегардиданд, бисёре аз вакилон ба ҳамдигар бовар надоштанд ё аз фиреб хӯрдан метарсиданд, зикр мекунад, ки барои фаъолияти иҷлосия зарур шуд, Комиссияи муросо таъсис ёбад ва он корашро «паси дарҳои пӯшида» идома дод.
Баъди гузаронидани машварати Комиссияи муросо Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 197 вакили халқ корашро идома дод.
Яке аз мушаххасоти иҷлосия дар он зоҳир мешуд, ки дар он ғайр аз вакилони мардумӣ, меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, ходимони илм, маданият, роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, ҷунбишҳои мардумӣ ва намояндагони расонаҳои ахбори оммаи дохиливу берунӣ, инчунин, намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллӣ иштирок доштанд.
Ин ахбор далел аст, ки дар сахттарин рӯзҳои талоши сиёсӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ натанҳо кворум дошт, балки намояндагони миллатро ҷамъ оварда, дар мисоли фиристодагони давлатҳои ҳамсоя шоҳидони ҳақиқати қонунгузориро низ дошт. Барои ҳамин ҳам А. Достиев онро воқеаи муҳими таърихи халқи тоҷик донистааст, аз он ҳимоя кардааст.
Гузашта аз ин, А. Достиев соҳиби сухан аст. Ин дар давлатдориву сиёсатмадорӣ заруртарин ва дар айни замон нодиртарин хислат аст. Соҳиби сухан будан масъулият ба гуфтаву карда доштан аст. А. Достиев ҳеҷ вақт аз гуфтаву кардааш мункир нашудааст ва ман инро бо мисоли зиёди замони ҳамкориам исбот карда метавонам. Ҳоло, ки сухан аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аст, мавқеи хосаи ӯро дар ин маврид иқтибос кардан мехоҳам, ки на ҳар соҳибвазифа дар он солҳо чунин гуфтаву аз рӯи он амал карда метавонист.
«Ман бошам, Иҷлосияи XVI, даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олиро табадуллот неву инқилобе барои аз ҳолати беҳокимиятӣ, номуайянӣ ва худхӯрӣ баровардани миллат ва нигоҳдории давлати баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав ташаккулёфтаи мо мешуморам. Бояд бо маънои томаш демократ буд, яъне, модоме ки мехоҳем ё даъвои онро дорем, ки ақидаи мо, мавқеи моро дигарон эҳтиром кунанд, бояд мо низ ақидаи дигаронро эҳтиром намоем, на ин ки пардозем ба санг заданаш, боз ба лафзи қабеҳе, ки барои тоҷики асил хос нест. Як бор доварӣ намуда, якеро дӯзахиву дигареро биҳиштӣ эълон кардем ё иддае аз ҳаммиллатонамонро кофиру иддаеро мусулмон эълон карда, чӣ мусибатҳо дидем, ки ба гумонам, барои ҳафт пуштамон басанда аст. Ҳол он ки довари ягона танҳо Худост, на бандаҳои хокияш».
Дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ А. Достиев дар ҳайати Раёсат дохил шуда, муовин интихоб гардид. Ба сабаби лағв шудани идораи президентӣ зарурати таъсиси вазифаи муовини якуми Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон пеш омад ва ба ин вазифа ӯ таъин ва ним сол иҷрокунанда буд. Ва Иҷлосияи XVII-и Шӯрои Олӣ моҳи июни соли 1997 ин вазифаро расман ташкил ва А. Достиевро ба ин мақом интихоб кард.
Ӯро андаке пештар аз дигар шахсоне, ки дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ мақом гирифтанд, мешинохтам. Дар интихоботи соли 1991 бар мансаби президентӣ ӯ чун витсе-президент ба номзад Исмоил Давлатов номнавис шуда буд. Аммо шаби интихобот Исмоил Давлатов аз иштирок дар интихобот даст кашид. Шояд касе ба ӯ фишор овард ё таъсири дигар дошт. Ба ҳар ҳол, номи Абдулмаҷид Достиевро дар ҳамон солҳо аҳли ҷамъияти маркази кишвар нағз шунид. То он вақт ӯ дар хоҷагии қишлоқ ва дастгоҳи шаҳру ноҳиявии Ҳизби коммунист мақом дошт, раиси комиҷроия ва ҳукумати ноҳия буд. Яъне, дар он муҳите, ки зиндагӣ ва кор мекард, обрӯ ва эътибор дошт. Он муҳит бо этноси тоҷикӣ не, ба ҳама халқияти тоҷикзабону туркигӯйи Осиёи Миёна тааллуқ дошт. Дар он ҷо мардуме умр ба сар мебурданд, ки бобою бибӣ ё падару модарашон то 60 сол пеш аз Рашт, водии Фарғона (Фарғона, Намангон, Андиҷон, Ленинобод), Зарафшону Самарқанду Бухоро, Бадахшону Кӯлоб муҳоҷир шуда буданд.
***
Дар тасаввуроти онҳое, ки зиндагиро фақат бо айнаки сиёҳ нигоҳ мекунанд, А. Достиев ҳам яке аз он нафаронест, ки дар замони карахтӣ ташаккул ёфтааст. Онҳо шахсиятҳоро дидаву шинохта наметавонанд. Барои он сиёсатшинос, қаламдору дарднавис ба ғайри худашу чор хешу табораш ҳама нотавону сохта менамояд. Зеро барои онҳо ҳар кӣ моҳҳои февралу марти соли 1990 вакил интихоб гардид — дар замони қуюди шабгардӣ, авҷи талоши сиёсӣ, арафаи фанои Давлати Шӯравӣ дастнишондаи Ҳизби коммунист, яъне, шахси куҳна, ба замони мо бегона аст. Онҳо тифли гаҳвораро, ки бӯ аз замони куҳна набурдааст ё онро, ки хунаш ба таънаву норизоӣ аз сохти пештара мурдор шудааст, танҳо ва танҳо онро эътироф мекарданд ва хушбахтона, чархи таърих боз як бор лаҷом ба даҳони он бесаранҷомҳо зад.
Ҳо, Абдулмаҷид Достиев ҳам дар тасаввуроти онҳо он вақт ба гурӯҳи депутатҳое мансуб буд, ки маълум не, ба сохти нав чӣ дода метавонад. Чунки кори ҳукуматӣ, ҳизбӣ кардааст ва зиёдтар аз ҳама, барои ҳимояи Ҳукумати қонунӣ мубориза бурдааст. Барои ҳақиқату ростиро пойдор намудан ҷаҳд кардааст.
Ростӣ, ҳоло ҳам душвор аст, ба шахсиятҳои солҳои навадуми асри ХХ баҳо додан, дурустӣ ё ғалатии фаъолияти онҳоро баҳогузорӣ кардан. Чунки, мутаассифона, то ба ҳол бо ҳама муваффақияте, ки давлати тоҷик дорад, ҳолати сиёсӣ — иҷтимоии онро возеҳ гуфтан душвор аст. Бинобар ин, насли ҷавон меҳнати шахсиятҳоеро чун А. Достиев, М. Убайдуллоев, С. Зуҳуров кам ёд дорад.
Пас мо хотираи таърихии маҳдуд дорем. Шояд аз ҳамин сабаб ҳам аз таърихи тӯлонӣ ва ғании гузаштаамон андак чизро то ба имрӯз расонидаем. Аксарашро ихтиёран ё маҷбуран аз ёд бурдаем. Ин, метарсам, одати миллӣ нашавад.
Аммо ҳоло гап дигар аст. Мо «калӯшдепутатҳо»-ро хандидаву масхара карда метавонем, аммо гуфта наметавонем, ки маҳз ҳамонҳо боз давлатро ба роҳи дуруст гардонданд. Забонамон намегардад, озодии байни солҳои 1989-1992-ро иқрор шавем, ки «микрофони шумораи фалон» аҳамияти он ҷамъомадҳоро муайян мекард. На танҳо маҷлисҳои охирини Шӯрои Олӣ, балки Иҷлосияи аввалини Маҷлиси Олӣ ҳам тӯфони сахти андешаҳо ва ақидаҳоро дошт.
Он замон, хушбахтона ё бадбахтона, даст бари доман, лабфурӯбаста, маҳалситоянда ва хушомадгӯйҳо, қариб ки набуданд. Аммо сухангӯйҳое чун А. Достиев зарур буданд, ки мардумро ба сӯи ҳақиқат ҳидоят намоянд.
Ман намедонам ӯ аз силоҳ тир паррондааст ё не, аммо медонам ва дидаам, вай барои расидан ба ҳадаф аз сухан чӣ қадар бо тавоноӣ истифода кардааст ва пай бурдаам аз Зоти пок, на як бору ду бор хоҳишу илтиҷо кардааст, ки забонашро гӯё ва суханашро бурро созад.
Ва ин замоне буд, ки Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон — Роҳбари киштии наҷотбахши сарнавишти миллат, ҳамсангаронро барои сарҷамъ кардани халқ ва Ватани парокандашаванда фиристод. Достиев аз Вахш корро оғоз кард, аз сарзамине, ки қӯрхонаи ҷанги ҳамватанӣ буд. Аз водии ободе, ки фарзандонаш дар зарфи ним сол ба чуғзхона табдил доданд, аз диёре, ки умеди тоҷикон буду бадбахтии тоҷикон аз он оғоз гирифт. Сахт буд дар он ҷо сухан гуфтан, ба дарди падару модари фарзандгумкарда, арӯси бевамонда, тифли падаргумкарда ва дили ҳамаро ба даст овардан, то ки аз нав он ҷо хун нарезад, садои тир баланд нашавад. Ва ӯ ин корро карда метавонист, барои ин сухан дошт, гуфтанӣ дошт, мешуниданду мефаҳмиданд, бовар мекарданд, ба ҳукумати нав эътиқод менамуданд. Ба қудрати вай ҳама — дӯсту душман боварӣ доштанд. Дар ин радиф, чизе ба ёдам мерасад. Дар ду давраи аввали музокироти тоҷикон (апрели соли 1994, шаҳри Москва, июни соли 1994, шаҳри Теҳрон) роҳбарияти мухолифин дар музокирот ба паси миз наменишастанд, мақоми роҳбарии моро ночиз ҳисоб мекарданд ва мегуфтанд ё Раиси Шӯрои Олӣ ва ё муовини якуми ӯ (яъне, ё Эмомалӣ Раҳмон ё Абдулмаҷид Достиев) бояд ин ҷо ҳузур дошта бошанд.
Сардори давлат ҳам ба ин ҳамсангари хеш, дӯсти худ эътиқоди зиёд дорад ва ба маҷлиси муассисони Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ (декабри соли 1992) фиристодани ӯ, ба Гурӯҳи корӣ оид ба навиштани Конститутсия роҳбар шудани вай, роҳбарӣ карданаш ба таъини рамзҳои давлатӣ ва ниҳоят, ҳайати Ҳукуматро дар Комиссияи оштии миллӣ роҳбарӣ намуданаш эътиқоди Эмомалӣ Шарифовичро ба вай гувоҳӣ медиҳанд. Пай бурдаам, ки онҳо дар душвортарин лаҳзаҳои таърих паҳлуи ҳам буданд, дар сарнавишти миллату давлат ҳамандешаанд.
Ин ҷо тарафи дигари муносибатро зикр карданам даркор аст. Эътимоду имони Достиевро ба Сарвари давлат ва садоқати ӯро. Ман дар Комиссияи оштии миллӣ шоҳиди он будам, ки вай ҳама чизро ба бурдборӣ, тамкин ва агар маъқул набошад, бо лабханди малеҳу пурмаънояш гӯш мекарду ҷавоби лоиқ медод. Аммо ҳар гоҳ сухани ноҷо ё беэҳтиромӣ нисбат ба Сарвари давлат мешунид, фарқ надошт онро кӣ мегуфт, душмани доно ё дӯсти нодон, якбора медамид ва ниҳоят сахт эътироз мекард. «Ақаллан қадри онро донед, ки миллатро, аз ҷумла, шуморо, сарҷамъ кард, ақаллан қадри онро донед, ки захми Ватанро даво мекунад…» мегуфт. Ин садои қаъри дил буд, ҳақиқат буд. Ин эътиқод буд, ки барои изҳори он фикр кардан лозим намешуд.
Абдулмаҷид Салимович на танҳо шахси сухандон, балки сухангӯ низ мебошад. Яъне, ҷои суханро медонад. Ин ё он суханро он вақт мегӯяд, ки ҷояш аст, фурсаташ аст ва тарзе мегӯяд, ки ошно бегона нагардад. Аммо ин чунон маъно надорад, ки ҳақиқатро рӯпӯш мекарда бошад, баръакс дидаашро санҷида, боваркардаашро мегӯяд.
А. Достиев дар Парлумони Тоҷикистон 15 сол муовини якум буд. Кори мавқеи давлатиаш дар ин давра ҳамсон набуд, зеро ҷомеа, одамҳо ва мавқею муносибатҳо дигар мешуданд, аммо обрӯи вай заррае кам намешуд. Эътиқод ва эҳтироме, ки халқ нисбаташ дошту дорад, мустаҳкам монд.
Ӯ барои он бо ному эътибораш доимӣ монд, ки дар гуфтору кирдораш фарқ набуд. Тавре шоирон гуфтаанд, забону дил мувофиқ омаду рафтору кирдораш. Дар солҳои душвори аввали истиқрори ҳукумати нав вай дар ҳама ҷойи ноороми Тоҷикистон ҳозиру нозир буд. Ҳолати он маҳалҳо чӣ гуна буд, ман аз тасвираш оҷизам. Барои фаҳми он чашмони аз ашк варамидаи модарони фарзандмурдаро, дар қафаси сина ё дар тори сар бардошта гаштани акси ҷавонрафтагонро, хонаҳои вайронаро дидан даркор аст. Он вақт аслан Тоҷикистон ҷойи ором надошт. Пас, Достиев дар ҳама ҷойи Тоҷикистон буд. Суҳбат, дилбардорӣ, раҳнамоӣ мекард, умед медод, тавонад, ёрӣ мерасонд, ғамро сабук мекард, шодиро гӯётар ва мушкилро осонтар мегардонд. Ин ҳунари худодод ӯро ба муҳаббати халқ сазовор мекард.
***
Баҳо ба замони худшиносии давраи бозсозии горбачевӣ, ба шурӯи муқовимат ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ба талошҳои сиёсӣ, аз ҷумла, вабои депутатшавӣ аз ҷониби сиёсатмадорон ва олимон ҳамсон нест. Аммо гумон мекунам, он чӣ Абдулмаҷид Салимович дар ин бобат навиштааст, сазовори диққат ва арзандаи ақлу хирад аст. Зеро ин фикри инсонест, ки дар қӯраҳои оҳансӯз сӯхтааст, ин фикри иштирокчии воқеаҳо, фикри олим, андешаи арбоби бузурги давлат аст. Вай менависад:
«Интихоби депутатҳо ба Шӯрои Олии Тоҷикистон соли 1990 раванди муборизаҳои сиёсиро тезутунд карда, муқовимати неруҳои мухолифини ҳанӯз пурра ташаккулнаёфтаро ба Ҳукумат шиддат бахшид. Воқеаҳои феврали соли 1990-ум оғози фоҷиаи миллӣ гардид. Гирдиҳамоиҳои ифротгароёна ва нотавонии роҳбарияти Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъият, ҳалли сулҳомези мушкилии бавуҷудомадаро таъмин карда натавонист. Роҳбарон ҷамъиятро ба ин ҳол оварда, мехостанд мансабу чавкиашонро танҳо бо роҳи фишор, таъқиб ва зӯроварӣ ҳимоят намоянд. Дар натиҷа, задухӯрди қувваҳои ҳукуматӣ ва гирдиҳамомадагон ба ҳалокати як идда одамон анҷом ёфт, ки буҳрони амиқи сиёсӣ ва психологиро дар ҷомеа ба бор овард. Унсурҳои аз ҳизбу ҳукумат норозӣ, мансабхоҳ ва маҳалгаро низ дар ин раванди ҳодисаҳо нақши муайян бозӣ карданд.
Ин амали носавоб ба аҳли ҷомеа, бахусус ба ифротиёну афроди ҷиноӣ, дарси мумкин будани рехтани хуни инсонро дод. Ин таҷриба минбаъд хуни инсонро беқурб кард. Яъне, ин амали носавобро Ҳукумат аввалин шуда ба аъзои ҷомеа раво дид. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳама гуна иқдомро оғоз кардан душвор аст. Ҳамин ки оғоз шуд, минбаъд бе душворие идома меёбад».
Баъди ин муқаддима, ки фалсафаи амиқи инсони комилро дар бар мегирад, мисолҳо ва воқеаҳое гуфта мешаванд, ки чӣ гуна беқурбшавии инсону имонро нишон медиҳанд, сабабҳои шикаста пора шудани давлатро мефаҳмонанд, Абдулмаҷид Салимович ҳамчун сиёсатмадор дарди ҷомеаи тоҷикро мегӯяд:
«Акнун бе дар даст доштани фишангҳои асосии давлатдорӣ, ки ишора кардем, охирин умеди ақлҳои солими ҷомеа, яъне, аксарияти мардум, ба Парлумон нигарон шуда буд. Хушбахтона, боварии онҳо ҷомаи амал пӯшид. Вакилони Шӯрои Олӣ, аз як тараф, бо тақозои виҷдон, бо дарки масъулият барои ба эътидол овардани вазъият ва аз ҷониби дигар, (қисме ба ҳадафҳои ниҳоии худ) барои гузаронидани ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ зуд-зуд ҷамъ меомаданд. Сухангӯиҳо дар иҷлосияҳо барои худшиносонии вакилон ҳам равона шуда буданд. Масалан, сухангӯии Тӯраҷонзода дар Иҷлосияи якуми Шӯрои Олии даъвати XII (моҳи апрели 1990) қариб ҳамаро мафтун кард, ба худ кашид, пайрав сохт. Суханони Мулло Ҳайдар ошкор намуд, ки гапи Тӯраҷонзода ҷуволи холӣ аст. «Қуръон»-ро ҳар хел истифода кардан мумкин будааст.
Барои дарки амиқи он ки чӣ гуна ҷомеаи мо ба ин рӯз омада расид, ба ҳодисаҳои он замон муроҷиат кардан лозим меояд.
Дар ҷомеа, бахусус дар Парлумон ва Ҳукумат, се гурӯҳи гуногун ба вуҷуд омад. Гурӯҳи аввал — онҳое, ки зимомдори вазифа буданд. Дуюм — онҳое, ки бо такя ба қувваҳои беруна мехостанд ҳокимиятро ба даст оваранд ва дар ин роҳ аз зӯроварӣ низ даст намекашиданд. Сеюм — гурӯҳе, ки дар ҳолати номуайянӣ ва дақиқтараш, интизори устувор шудани ин ё он гурӯҳ истода, мавқеи бетарафиро ишғол мекард. Вале гурӯҳи вакилони Шӯрои Олӣ ва кормандони Ҳукумат, ки Ҳукумати қонуниро тарафдорӣ намуда, дар муқобили амалҳои зӯроварӣ ва ғайриконститутсионӣ қарор доштанд, бештар буданд.
Пайиҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олӣ — Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров ва рӯз то рӯз ба муборизаи ошкорову таҳдидкунанда гузаштани неруҳои мухолифин хавфи нооромиҳои дохилиро бештар намуд. Ва ниҳоят, баъди бо Раъйпурсии умумихалқӣ интихоб шудани Р. Набиев ба вазифаи Президенти кишвар, қувваҳои мухолиф бо баҳонаҳои гуногун барои фаъолияти ӯ монеаҳои зиёд ба вуҷуд оварданд. Таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, зуд-зуд бо роҳи фишороварӣ ба Парлумон ва Ҳукумати иҷроия ва бадтар аз ҳама, оғози гаравгонгирии аъзои Ҳукумат ва вакилони Шӯрои Олӣ, ба бесуботии вазъи сиёсӣ дар кишвар, махсусан, дар пойтахт, эҳсоси тарсу ваҳм ва нооромиро афзуд».
Ин таҳлили Достиев аз амал ва мушоҳидаҳояш дар он солҳо, махсусан, солҳои 1991-1992, ки ӯ низ вакили Шӯрои Олӣ буду дар талошҳо иштирок дошт, бармеояд. Ҳам дар рӯзҳои пурмаҷлиси моҳҳои апрел-майи соли 1992, ҳам баъди онҳо Достиев дар толору майдонҳо хомӯш набуд. Кафкубӣ намекард, балки мавқеи муайян дошт ва тибқи он амал мекард. Агар рафтори ғолибони аз майдони «Шаҳидон» ба водии Вахш қаҳрамонвор баргаштаро мулоҳиза намоем, дарк мекунем, ки фаъолияти онҳо ба муқобили Достиеву ҳаммаслаконаш нигаронида шуда буданд. Ноҳияи Бохтар, ки роҳбараш Достиев буд, дар маркази минтақаҳои ин ғолибону пуркарруфар воқеъ буд. Онҳо ноҳияро ором намемонданд ва баъзеҳоро таҳқир не, нест карданӣ буданд. Агар суханронии Достиевро дар Иҷлосияи XV Шӯрои Олии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 1992 ба ёд орем, ин бастагиро ба хубӣ эҳсос мекунем:
«Аз рӯзҳои интихоботи Р. Набиев ба вазифаи Президенти Тоҷикистон, муқовимати мухолифон коҳиш наёфта, баръакс баҳонаҳои гуногун, барои аз сари қудрат дур кардани ӯ, бофта мешуд. Як қисми мухолифони ҳукумати Р. Набиев мавқеи ошкорои ҷангҷӯёнаро гирифта, ҳатто чанд моҳ пас суқути Р. Набиевро пешгӯӣ менамуданд. Қувваҳое буданд, ки ҳанӯз дар давраи интихоботи президентӣ эълон мекарданд, ки дар сурати ғалаба накарданашон ба силоҳ рӯ оварда, роҳи ҷангро пеш хоҳанд гирифт.
Масалан, ҳангоми яке аз вохӯриҳо дар як масҷиди ноҳияи Турсунзода, имомхатиб ба суоли: «Агар номзадатон дар интихобот ғалаба накунад, чӣ кор хоҳед кард?» ҷавоб дода буд, ки «Агар номзади мо ғалаба накунад, ба даст силоҳ хоҳем гирифт, ҳамаи коммунистонро хоҳем кушт ва давлати исломӣ барпо хоҳем кард».
Мураккабшавии вазъияти сиёсиву низомии Тоҷикистон ба он сабаб низ вобаста буд, ки баъзе аз роҳбарон ва гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ бо дастури давлатҳои дигар фаъолият менамуданд. Агар чунин намебуд, ҳангоми гирдиҳамоиҳо баъзеҳо парчами давлатҳои дигарро бардошта, худро таблиғотгари он давлатҳо нишон намедоданд».
***
Дар замони баъди Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ Абдулмаҷид Салимович хеле фаъол ва қатъӣ барои танзими ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мамлакат талош мекард. Махсусан, соли 1993, ки ҳанӯз авҷи ҷанг буда, ҳеҷ кас ба гапи каси дигар боварӣ ва эътиқод надошт, овозу каломи дилраси вай мардумро ба андеша ва амали нек равон менамуд. Ҳам дар суханҳои расмӣ ва ҳам дар гуфторҳои хоса каломи вай ботаъсир буд.
4-уми январи соли 1993 А. Достиев дар суҳбат бо мухбири телевизиони тоҷик вазъи онрӯзаи кишварро таҳлил карда, аз ҷумла, изҳор намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 5-уми январ ба халъи силоҳ кардани аҳолии осоишта, яъне, онҳое, ки ғайриқонунӣ силоҳ нигоҳ медоранд, шурӯъ менамояд. Онҳое, ки силоҳро баъди ин ҳам нигоҳ доштан мехоҳанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.
Минбаъд ҳам А. Достиев ба ин масъала ҷиддӣ машғул буд. Бинобар ин, Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми апрели соли 1993 бо мақсади баланд бардоштани манфиатнокии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ Шӯрои кординатсионии мақомоти тартиботиро дар ҳайати 9 нафар бо роҳбарии А. Достиев ташкил дод.
Аз 4-ум то 7-уми феврали соли 1993 70 нафар журналистони хориҷӣ аз Россия, Англия, Фаронса, ИМА, Арабистони Саудӣ, ҶИЭ ва мамлакатҳои дигар бо даъвати Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Москва ба Душанбе омаданд, то ба ҳақиқати зиндагии мардуми Тоҷикистон шинос шаванд. Бо онҳо аввалин шуда А. Достиев ҳамсуҳбат шуд. Вай, аз ҷумла, зикр кард, ки: «Дар бораи воқеаҳои моҳҳои охири Тоҷикистон дар хориҷа бисёр навиштанд, аммо афсӯс, ки дар байни онҳо навиштаҳои бофта зиёданд. Баъзе аз журналистҳо дар Москва нишаста, ҳатто ба ҳодисаи воқеӣ аҳамият надода, рӯирост дурӯғ менависанд». Достиев таъкид намуд, ки шумо барои он даъват шудаед, ки ҳақиқати Тоҷикистонро дида, дар бораи он нависед.
Зикр кард, ки ҳукумати қонунии Тоҷикистонро аксари мардуми кишвар дастгирӣ мекунад. Мардуми меҳнаткаши Бадахшон ва Рашт ҳам ҳамроҳи Ҳукумати қонунианд. Вай ба пурсишҳои онҳо посух дод.
Муддате баъд, аниқтараш, 3-юми майи соли 1993, вақте барномаи «Время»-и Россия хабар дод, ки ҷанговарони ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳавопаймои ҷангии Ӯзбекистонро заданд, Достиев ҳамон рӯз конфронси матбуотӣ даъват карда, изҳор дошт, ки он тайёраи ҳарбии Тоҷикистон буд.
16-уми июл ҳамроҳи як гурӯҳ депутатҳои Федератсияи Россия, экспертҳои ҳарбӣ, бо роҳбарии Г. Кутс ба шуъбаи 12-уми Дидбонгоҳи сарҳадчиёни Россия дар ноҳияи Ҳамадонӣ рафт. Достиев ба Россия ва Ӯзбекистон, ки дар он шароити душвор ёрии сиёсӣ ва моддӣ мерасонданд, миннатдории самимӣ изҳор намуд. Ҳамчунин, зикр кард, ки воқеаҳои вақтҳои охир далолат медиҳанд, ки барқарор ва мустаҳкамшавии давлати мустақили мо ба баъзе аз давлатҳо маъқул нест. То ин вақт мо сарҳадшиканиро аз ҷониби Афғонистон фақат ба дастаҳои мусаллаҳи оппозитсия, ки дар вақташ боигариро аз Тоҷикистон берун бурда буданд, вобаста медонистем. Аммо хунрезиҳои охир, ки дар онҳо дивизияи 55 — и пиёдаи яке аз кишварҳои ҳамсоя иштирок дошт, моро водор кард, то андешаамонро тағйир диҳем. Роҳбари ҳайати Россия ҳам Достиевро дастгирӣ карда, ин амалро таҷовуз ба муқобили Россия номид.
24-уми апрели соли 1993 А. Достиев ҳангоми сафар ба ИМА бо ҷонишини Муншии умумии СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ М. Гулдинг суҳбат карда, ӯро бовар кунонд, ки роҳбарияти Тоҷикистон барои муътадил гардонидани вазъияти кишвар талоши ҷиддӣ дорад. Мақсади халқи тоҷик бунёд ва мустаҳкам кардани сохти дунявӣ ва демократӣ аст, ҳуқуқи ҳама шаҳрванди мамлакат таъмин карда мешавад.
Инчунин, зикр кардан мехоҳам, ки соли 1992 Абдулмаҷид Салимович яке аз шахсиятҳои асосии водии Вахш бар муқобили ифротгароёни исломӣ буд, аммо вай бо доду таҳдид не, бо тамкину маслиҳат сулҳро эҷод кардан мехост.
Қиссаи Абдулмаҷид Достиев қиссаи мардони шуҷоъ мебошад, ки дар замони таъсиси Ҳукумати қонунӣ дар шаҳри Хуҷанд ва марҳалаи бузурги баъди он дар паҳлуи Роҳбари давлату миллати тоҷикон — Эмомалӣ Раҳмон истода, ин роҳро бошарафона тай карданд.
И. УСМОНОВ,
доктори илми таърих, профессор