Дар рӯзҳое, ки нархи пиёз дар бозорҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон, то 4 сомонӣ боло рафт, деҳқонони вилоят пиёзи барвақтиро пешкаши харидорон гардониданд.
Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун, ки дар рӯёнидани ҳосили фаровони пиёз таҷрибаи ғанӣ доранд, имсол беш аз 80 ҳазору 500 тонна ҳосил ғундоштанианд.
Кишоварзони ҷайҳунӣ, ҳамчунин дар парвариши пахта, лимӯ, сабзӣ, тарбузу харбузаю ҳандалак, зардолую дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ соҳибтаҷриба мебошанд. Аз ин ҷост, ки маҳсулоти парвардаи хоҷагиҳои ноҳия дар ҷумҳурӣ харидор доранд.
Тавре сардори Идораи кишоварзии ноҳия Нуралӣ Валиев гуфт, деҳқонон бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ солҳои охир нисбат ба кишти маҳсулоти барвақтӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодаанд.
Мувофиқи дурнамо, кишоварзони ноҳия бояд дар 14 ҳазору 12 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронанд. То имрӯз дар майдони беш аз 13 ҳазор гектар, аз ҷумла дар 300 гектар картошка, 5 гектар сирпиёз ва 2 ҳазору 300 гектар пиёз кишт намудаанд, ки беш аз 90 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Инчунин, бо таъмини бозорҳои мамлакат бо пиёзи барвақтӣ, кишоварзони хатлонӣ содироти онро ба Федератсияи Россия низ шурӯъ намудаанд, ки ин иқдом арзандаи ситоиш аст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»