Маҳмадхӯҷа Одинаев аз зумраи шахсоне мебошад, ки бо ахлоқи ҳамида, муносибати хуб ва хизмати софдилонааш на танҳо дар ноҳияи Рашт, балки берун аз ҳудуди он соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардидааст. Мегӯянд, ки усули табобати беҳтарини табиб чеҳраи кушода ва муносибати ӯ бо беморон мебошад. Ин гуфтаҳоро мо дар зиндагӣ ва рафтори Маҳмадхӯҷа мебинем.
-Дандонам муддати мадид дард кард,- мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» Камол Бекзода. — Дӯстон маслиҳат доданд, ки онро канда партоям. Ростӣ аз духтури дандон тарс доштам. Ба дард тоқат мекардаму ба духтур муроҷиат намекардам. Билохира, тоб наовардам. Назди Маҳмадхӯҷа рафтам. Дар қабулгоҳи ӯ ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Хеле интизорӣ кашидам, то навбатам фаро расид. Дандони дардмандро диду афсӯс хӯрд ва гуфт, ки агар барвақттар меомадӣ, табобаташ мекардем. Дигар имкон надорад. Вай дар ҳар боб сухан мегуфту дасташ ба кор банд буд. Фақат, ҳангоме ки ба милки дандон сӯзандору зад, каме дардро ҳис кардам. Баъди як муддат «ҷонат халос шуд», — хандида гуфт Маҳмадхӯҷа ва ба ман иҷозат дод, ки аз курсӣ бархезам. Бовар накардам, ки аз дарди дандон раҳо ёфтам. Духтур дандони кандаашро шусту ба коғазе печонда, ба дастам дод. Баъди ин воқеа сари чанд вақт ба назди ӯ меравам ва дандонҳоямро муоина мекунад. Аз суҳбату маслиҳатҳои вай на танҳо аз бемориҳои дандон, балки аз дигар касалиҳо низ орӣ шудам,- нақлашро ба охир расонд Бекзода.
Маҳмадхӯҷа Одинаев соли 1981 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 — и шаҳраки Навободро хатм намудааст. Он солҳо ин мактаб дар ноҳия номдор буд. Агар 25 нафар хонанда синфи даҳумро хатм менамуданд, албатта 20 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешуданд. Аз хурдӣ дар дил орзу дошт, ки баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил мешавад. Бо ҳамин ният ба шаҳри Душанбе рафта, ба донишгоҳ ҳуҷҷат супорид. Бахташ омад кард. Имтиҳонҳои қабулро бо сари баланд супориду ба номи пурифтихори донишҷӯ сазовор гардид.
Соли 1987 донишгоҳро хатм намуд ва як сол дар шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисос- духтури дандон кор кард. Тасодуфан як рӯз бо сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт шодравон Мусаяб Умаров вохӯрд. Сари дастархон сардухтур хеле кунҷковӣ карда, гуфт:
-Писарам, дар шаҳр кор кардан хуб аст, — дар хатми суҳбат гуфт Мусаяб Умаров,- агар гапи маро гирӣ, ба ноҳия баргард. Мутахассис намерасад. Шумо фарзандҳои диёр ба зодгоҳ наравед, кӣ ба мардуми одӣ хизмат мекунад? Сокинони ноҳия умед доранд, ки ҷавонҳои мо баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба зодгоҳи худ бармегарданд. Ба хотири мардум аз бисёр чизҳо гузаштан лозим меояд. Ман ҳам баъди хатми донишгоҳ дар шаҳр мондан мехостам, раҳматии падарам иҷозат надод. Ту бояд он ҷо дар хизмати мардум бошӣ…
Маҳмадхӯҷа баъди чанд рӯзи суҳбати фавқуззикр ба ноҳияи Рашт баргашт.
Инак, 17 сол аст, ки дар беморхонаи марказии ноҳия ба сифати духтури дандон хизмат мекунад. Дар ин муддат касе аз вай шикоят накардааст.
Маҳмадхӯҷа шаш фарзанд: чор писару ду духтарро тарбия карда, ба воя расонд. Писари калониаш ба пайроҳаи падар қадам гузошт. Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд ва онро бо ихтисоси дорусоз хатм намуд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе кор мекунад.
-Аз касби интихобкардаи хеш ифтихор мекунам ва аз зиндагии худ розӣ ҳастам. Аз он хурсандам, ки ба қадри тавон ба мардуми диёрам хизмат мекунам,- мегӯяд номбурда.
Д. МИРЗО, «Садои мардум»