Дар ҶСК «Комплекси сайёҳии Варзоб» пленуми сайёри Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он роҳбарону аъзои ташкилотҳои иттифоқи касабаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлия, муассисаҳои дигари давлатӣ ва донишгоҳҳо ширкат намуданд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов роҷеъ ба мақоми иттифоқҳои касаба дар ҷомеаи имрӯза мухтасар суханронӣ карда, аз масъулону аъзои ин ташкилоти бонуфуз даъват ба амал овард, ки дар рафти фаъолияти хеш ба онҳое, ки дар сектори хусусӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолият мекунанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро онҳо низ ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои хеш ниёз доранд.
Сипас, аҳли ҷаласа маърӯзаҳои раиси Кумитаи иттифоқи касабаи шаҳри Душанбе Фотеҳ Наҷмуддинов, Кумитаи иттифоқи касабаи ҶСК «Ориёнбонк» Ёқубҷон Ҳайдаровро шуниданд. Дар ҷараёни кори пленум ҳайати комиссияҳои доимоамалкунандаи иттифоқи касабаи соҳа ва Низомномаи озмуни «Беҳтарин шартномаи дастаҷамъӣ (коллективӣ) дар ташкилотҳои ибтидоии соҳа» тасдиқ ва вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»