Пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат

№126 (3111) 08.10.2013

Ба қарибӣ пленуми сеюми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он як масъала — «Дар бораи ҳолат ва вазъи беҳтар намудани тарбияи ватандӯстӣ, байналмилалӣ, меҳнатӣ ва маънавию ахлоқии насли наврас» муҳокима гардид. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратов доир ба ин масъала гузориш дод.

- Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 апрели соли 2013) кори зиёди ташкилотчигӣ, тарбиявию фарҳангиро миёни ҷавонон роҳандозӣ намуд, — гуфт Раҳмат Қудратов. — Тарбияи ватандӯстӣ, меҳнатию маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон аз самтҳои афзалиятноки кори Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои ибтидоии он дониста мешавад.

Моҳи апрели соли 2011 Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ташкилотҳои собиқадорони давлатҳои аъзои ИДМ ба ҷавонон муроҷиатнома қабул намуда буд. Дар муроҷиатнома аз ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват мешуд ба иғвои гурӯҳҳои ғаразнок, ки мехоҳанд алорағми дӯстию бародарии халқу миллатҳо низоъ андозанд, бо ҳам дӯсту иттифоқ бошанд.

20 ноябри соли 2012 дар шаҳри Москва маҷлиси муштараки Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он кори ташкилотчигии собиқадорон, кумитаҳои собиқадорони ҷангу меҳнат оид ба тарбияи ватанпарварӣ, байналмилалӣ ва ахлоқию маънавии ҷавонон баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардид. Ин қарор дар маҷлисҳои раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин робита Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои мудофиа, маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои зиёди тарбиявиро амалӣ сохта истодааст.

Аз ҷумла мунтазам ташкил намудани суҳбату вохӯриҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат бо ҷавонон ба ҳукми анъана даромадааст.

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартнома дар қисмҳои ҳарбӣ бо афсарону сарбозон пайваста суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Мувофиқи супориши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди вазорат аз ҳисоби собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст гурӯҳи доимоамалкунанда ташкил дода шудааст.

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат корҳои тарбиявӣ, ватанпарастӣ ва меҳнатдӯстиро байни хонандагони мактабҳои олӣ, литсею мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ хуб ба роҳ мондааст.

Дар пленум фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба таҳлил шуд. Баробари пешравӣ камбудии кори бахшҳои ибтидоии баъзе шаҳру ноҳияҳо низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла миқдори соатҳои дарсҳои таълими ҳарбӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нокифоя ҳисобида шуд. Ба вазоратҳои дахлдор таклиф пешниҳод гардид, ки ин масъала мавриди таҳлилу   омӯзиш қарор гирад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»