Деҳқон пайи сериву пурии мардум заҳмат мекашад, то ҳосили дилхоҳ гирифта, зиндагиашро пеш бараду дар фаровонии дастархони мардум саҳм гузорад. Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ маҳсуб меёбад, аксари аҳолиаш дар деҳот ба кишоварзиву чорводорӣ машғуланд. Аз ин рӯ, шароити мусоид лозим аст, то ин ки кишоварз аз замин ҳосили дилхоҳ ба даст оварад. Пеш аз ҳама, бояд ҳолати мелиоративии замин хуб буда, бо об таъмин бошад. Оё каналу заҳбурҳо, пойгоҳҳову дастгоҳҳои обкашии мо ба мавсим омодаанд? Бо мақсади муайян кардани рафти омодагиҳо ба мавсими обёрии замин ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем.
Тавре сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Агентии мазкур Қодир Алиев дар суҳбат бо мо иброз дошт, нақшаи тоза кардани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, таъмири иншооти гидротехникӣ дар ҳаҷми 92 фоиз иҷро шудааст. Бино ба гуфти мавсуф, ба ҳолати имрӯза имконияти шабакаҳои обёрӣ барои бо об таъмин намудани обистифодабарандагон мавҷуд аст. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки аз 74 пойгоҳи обкашӣ 40 адад, аз 930 дастгоҳи обкашӣ 830 адади он то имрӯз таъмир шудааст. Рафти бастани шартномаҳо низ оид ба обрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо идораҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Мувофиқи нақша — чорабиниҳои тасдиқгардида бояд барои обёрӣ кардани 551304 гектар замин бо истифодабарандагони об шартнома баста шавад, ки имрӯз иҷрои он 91 фоизро ташкил медиҳад ва аллакай бо 4345 нафар истифодабарандагони об шартнома баста шудааст.
Дар қисмати шимоли ҷумҳурӣ ҳазорҳо гектар замин ба воситаи каналҳои байнисарҳадӣ обёрӣ мешаванд. Мо дар робита ба ҳолати обрасонии каналҳои байнидавлатӣ аз масъулини Агентӣ пурсон шудем. Ҳамсуҳбатам оид ба ин масъала изҳор дошт, ки Тоҷикистон ду шабакаи обёрии байнисарҳадӣ дорад, ки тавассути он бояд аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон об гирад.
-Инҳо Канали шимоли Фарғона ва Канали калони Фарғона мебошанд. Тавассути Канали шимоли Фарғона бояд, ки зиёда аз 5000 гектар заминҳои ноҳияи Ашт ва аз ҳисоби Канали калони Фарғона бошад, заминҳои шаҳри Конибодомро бо об таъмин кунем. Мутаассифона, дар ин шабакаҳо ҳанӯз об нест. Аз Канали шимоли Фарғона панҷ-шаш соли охир қариб, ки об нагирифтем, бо Канали калони Фарғона бошад, мувофиқи нақша обрасонӣ карда намешавад. Мувофиқи нақша мо бояд дар ҳар сония 6 метри кубӣ об гирем. Мутаассифона, бо сабаби нарасидани об мо ин ҳаҷмро гирифта наметавонем.
Аз номбурда доир ба хизматрасонии шабакаҳои обрасонии Тоҷикистон ба ҷумҳурии ҳамсоя пурсон шудем. Мавсуф иброз дошт, ки мо бояд аз шаҳри Турсунзода дар мавсими норасоии об Ҷумҳурии Ӯзбекистонро қисман бо об таъмин кунем.
-Аз поёноби дарёи Қаратоғ Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз мо об мегирад. Дар ин масъала ягон монеа вуҷуд надорад, онҳо обро мегиранд. Аммо обро на аз шабакаҳои обёрӣ, балки аз дарё мегиранд, — гуфт ҳамсуҳбатам.
Мавсуф дар идома афзуд, ки бинобар норасоии об дар Канали калони Фарғона камбуди об эҳсос мешавад, аммо Агентӣ кӯшиш мекунад, ки ин норасоиро тавассути дарёи Исфара бартараф намояд. Дар он ҷо дастгоҳҳо вуҷуд доранд, ки обро аз дарёи Исфара кашида, ба Канали калони Фарғона ҷорӣ менамоянд.
Яке аз вазифаҳои дигари Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳдошти замин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Майдони заминҳои аз истифода берунбуда 35,5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Бино ба гуфти Қодир Алиев, имсол дар назди идораҳои зертобеи Агентӣ нақша гузошта шудааст, ки аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузории маҳаллӣ ва ҳаққи хизмати обрасонӣ корҳои беҳ кардани ҳолати мелиоративии заминҳоро вусъат бахшанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»