Покистон содироти афлесунро зиёд мекунад

№ 03.12.2021

афлесунМушовири Сарвазири Покистон оид ба савдо ва сармоягузорӣ Абдуразоқ Довуд чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ изҳор намудааст, ки Покистон дар мавсими навбатии ҷамъоварии ҳосили афлесун содироти онро ба хориҷа зиёд мекунад. Соли равон содироти меваи манго ба Покистон фоидаи зиёд овард. Инчунин, аз охирҳои соли 2020 то моҳи апрели соли равон Покистон 460000 тонна афлесун содирот намуд, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ аст.

Дар муқоиса бо соли қаблӣ содироти афлесун аз Покистон ба кишварҳои гуногун 30 дарсад афзуд. Ҳафт моҳи охир ҳаҷми моҳонаи содироти Покистон ба хориҷа аз 2 миллиард доллар бештар шудааст, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баланд дар минтақа ба шумор меравад, яъне, дар 7 моҳ аз 14 миллиард доллар зиёд мебошад.

Тибқи  иттилои нашрияи «China Economic Net», Ҷумҳурии Халқии Хитой ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии Покистон мусоидат намуда, ҳамчунин, яке аз харидорони асосии меваю сабзавоти ин кишвар ба шумор меравад.

Умед аст, ки фасли зимистон ба шарофати тоҷирон дар қатори мандарин, инчунин афлесуни хушбӯю хушлаззати Покистон низ бо нархи дастрас  дар бозорҳои кишвар фаровон мешавад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»