Аммо он чаро аз назарҳо дур мондааст?
Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун сарзамини офтобрӯя, дорои табиати зебоманзар, кӯҳҳои сарбафалаккашида, обҳои мусаффо, чашмаҳову гиёҳҳои шифобахш ва мардумашро меҳмондӯсту ҳунарманд ва бофарҳанг мешиносанд. Хусусан, баъди соҳибистиқлол гардидани кишвар оламиён тавонистанд бо таъриху фарҳанги миллат аз наздик ошно шаванду онро бо чашм бинанд.
Воқеан ҳам мавзеъҳои таърихӣ ва манзараҳои дилфиребу нотакрори Панҷакент, Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Муъминобод, Фархор, Бохтар, Балҷувон, Ҳисор, Бадахшон, Сари Хосор, Ховалинг, дараи Ромит, Варзоб ва ғайра ҳар бинандаро мафтун месозанд. Аз ин хотир, шумораи сайёҳон сол то сол меафзояд.
Мутаассифона, мавзеъҳои зиёде, аз қабили дараи Алмосӣ, Қаратоғ, Шаҳристон, Покрӯд ва Лучоб мавҷуданд, ки ҳанӯз ба пуррагӣ омӯхта нашудаанд.
Мавзеи Покрӯд, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, аз зеботарин минтақаҳои ҷаззобу дилпазир ба шумор меравад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ он ҷойи муносиб барои саёҳат буд. Олимони соҳаи табиатшиносӣ, табибон ба ин ҷо бисёр меомаданд, вале тасмиме ҷиҳати обод гардондани он гирифта нашуд.
Хушбахтона, дар панҷ — шаш соли охир дар дараи Ромит, бахусус, мавзеи Покрӯд, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам шуд.
Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимию тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои зиёди моҳипарварӣ ва ғайра бунёд ёфта, барои таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои пажӯҳишҳои илмӣ оид ба биология, экология, муҳити зист, пиряхшиносӣ, табиатшиносӣ, гиёҳшиносӣ ва ғайра дар соҳили дарёи Покрӯд шароит ва имкониятҳои зарурӣ муҳайё аст.
Ҳоло истироҳатгоҳи Покрӯд ба қабули меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ омодааст. Иншооти он бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст.
Дар доираи корҳои созандагӣ ва ободонӣ бунёди ҳашт мактаб, панҷ бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи марказӣ ва лоиҳаи интиқоли хатти неруи барқ барои деҳаҳои дараи Ромит ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати татбиқи ҳадафҳои мазкур дараи Ромит ба яке аз минтақаҳои таваҷҷуҳбарангези сайёҳӣ табдил ва шароити зиндагии мардуми он беҳтар хоҳад гардид.
Дар атрофи рӯдхонаи Покрӯд меҳмонхонаҳои наву замонавӣ бунёд ёфта истордаанд, ки баъди ба истифода додан дар як рӯз метавонанд то сад нафар ва бештар аз он меҳмону сайёҳро қабул кунанд.
Бояд ёдовар шуд, ки соли 2000-ум бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дараи Ромит ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва туризм эълон гардид. Хусусан, дар «Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» (2018) аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва соҳибкорон дар минтақаи Ромит иншооти зиёд мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки вожаи «Ромит» дар «Авасто» ва дигар китобҳои илмиву таърихии қадима ба шакли «Рома», «Ром» ба маънои оромиш, истироҳату субот омадааст. Дар китобҳо ва тазкираҳои назмию насрии шоирону олимони асримиёнагии араб ва ислом вожаҳои «Ром» ва «Ромит» ба маънои ҷашни пошидани оби соф ба чеҳраи ҳамдигар истифода шудааст.
Имрӯз дар дараи Ромит ва соҳили дарёи Покрӯд деҳаҳои зиёде арзи ҳастӣ доранд, ки сокинони он гӯишҳои гуногуни забони қадимаи тоҷикиро нигоҳ доштаанд. Дар ин мавзеъ бо вожаҳои авастоӣ ва суғдӣ зиёд рӯ ба рӯ шудан мумкин аст.
Номи деҳаҳои он, аз қабили Покрӯд, Арху, Вускеф, Вистан, Коху, Хушон, Луфиғар, Пчев, Сорво, Варва ва ғайра исботи далели гуфтаҳои боло мебошанд. Ҷамъоварӣ ва баррасии илмии ин ва дигар вожаҳои қадима вазифаи забоншиносону адибон ва мавзӯи матлаби дигар аст, ки бояд анҷом пазирад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»