«Помиринвест — 2022»: қадами устувор дар ҷодаи рушд

№106 (4526) 26.08.2022

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест — 2022» баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокчиён аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.

Дар форуми мазкур беш аз 150 иштирокчӣ, аз ҷумла роҳбарону намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Туркия, Ҷумҳурии Қазоқис­тон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.

Маросими расмӣ бо сухани ифтитоҳии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир оғоз гардид.

- Мақсад аз баргузории чорабинии сатҳи байналмилалӣ ҷалби донорҳо ва шарикони рушд, иштироки ҷавонон дар пешрафти кишвар, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, рушди ҳунармандӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ — иҷтимоии вилоят мебошад, — иброз намуд раиси ВМКБ.

Таъкид шуд, ки дар 20 соли охир рушди иқтисодиёт дар вилоят 7,5 фисад таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 160 миллион сомонии соли 2005 — ум ба 1 миллиарду 278, 8 миллион сомонӣ дар соли 2021 расид.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба ВМКБ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоя­гузорон, инчунин, самтҳои ояндадори ҳамкорӣ суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ навори видеоии имкониятҳои сармоягузории вилоят ба намоиш гузошта шуд ва мавзӯъҳои «Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти ВМКБ», «Рушди соҳаҳои саноат ва энергетика дар ВМКБ» бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» ва «Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасох­тори соҳа» баррасӣ гардиданд. Дар рафти форум мулоқоти соҳибкорон сурат гирифта, тарафҳо ҷиҳати густариши робитаҳои судманди иқтисодиву иҷтимоӣ ба мувофиқа расиданд.

Дар ин замина, 30 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 950 миллион сомонӣ дар соҳаҳои сохт­мон, истих­роҷ, кишоварзӣ, саноати коркард, ташкили IT- паркҳо ва дигар самтҳои ояндадор ба имзо расиданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»