Понғоз кайҳо шаҳр мешуд, агар…

№126 (4076) 22.10.2019

Ба шарофати «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 дар гӯшаю канори мамлакат шоҳиди ифтитоҳи иншооти гуногун ҳастем. Ин гувоҳи он аст, ки сокинони кишвар иқдоми Пешвои миллатро якдилона ҷонибдорӣ намуда, неруи худро ба ободонӣ равона кардаанд.

Сокинони деҳоти «Понғоз»-и ноҳияи Ашт низ бо азму иродаи қавӣ баҳри ободии диёр кӯшишу ғайрат доранд. Агар ба ҳар кори нек шахси  одилу хайрхоҳ сарварӣ намояд, баракати он дучанд мешавад. Аксар корҳои ободонию созандагии деҳоти мазкур бо сарварии шахси фозилу соҳибэҳтиром  Абдураҳим Дӯстматов сурат мегирад. Аз ҷумла, бо роҳбарии ин шахси ташаббускор қисми зиёди роҳи мошингарди Шайдон — Понғоз, ки солҳои зиёд валангор буд, мумфарш гардид.  Тавре соҳибкор Абдулҳаким Ҳамроқулов иброз дошт, роҳи зикршуда хеле танг буда, дар баъзе мавзеъҳо аз он ду  мошин гузашта наметавонист. Абдураҳим Дӯстматов бо соҳибони манзилҳо дар бораи фазилати роҳсозӣ ва гузашт кардан ба хотири манфиати ҷамъият суҳбат намуд. Дар натиҷа, бо розигии соҳибхонаҳо аз ду ҷониб роҳ васеъ карда, тавассути кумаки дастаҷамъонаи аҳли деҳа ба ҷойи  деворҳои куҳна деворҳои  сангу бетонии хуштарҳ сохта шуд. Бо усули ҳашар соҳили сойи Понғоз мустаҳкам гардид.

Бо ташаббуси номбурда, дар маркази деҳот  беморхонаи нав қомат афрохт, ки аз се бинои дуошёна иборат аст. Биноҳои  мазкур тарҳи зебо дошта, бо усули меъмории  шарқӣ бунёд ёфтаанд. Алҳол 90 фоизи корҳои  сохтмонии беморхона ба итмом расидааст ва хурду калони деҳа бесаброна баисти­фодадиҳии онро интизоранд.

Имрӯзҳо дар деҳа васеъ кардани 150 метр роҳ  идома дорад.

- Гардиши мазкур хеле хатарнок буда, борҳо боиси садама ва ҳалокати одамон гардид, — мегӯяд Абдураҳим Дӯстматов. — Мо аз  шаҳри Хуҷанд экскаватори замонавии «Волво» фармоиш дода, теппаи сангинро аз байн бардоштем. Баъди васеъ намудан роҳи мазкур барои 32000 сокини деҳоти «Понғоз» бехатар хоҳад шуд.

Бо ташаббуси соҳибкор Зайналобиддин Мақсудҷонов моҳи майи соли равон сохтмони мактаби  сеошёна оғоз ёфт, ки бояд тобистони соли 2020 ба итмом расад. Баъди баистифодадиҳӣ дар як баст 680 нафар ва дар ду баст 1300 нафар дар ин ҷо таҳсил хоҳанд  кард.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъулин баҳри тарғибу ташвиқи тарзи  ҳаёти солим ва  оммавигардонии варзиш, хусусан, миёни ҷавонону наврасон,  дастур медиҳанд. Мо тасмим гирифтем, ки дар шафати мактаб толори варзишӣ ва варзишгоҳ созем, — гуфт З. Мақсудҷонов.

Дар шафати филиали мактаби ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев 5 сол пеш бо ташаббуси соҳибкорони деҳа сохтмони мактаби якошёна оғоз шуд. Аммо аз сабаби нарасидани маблағ корҳои сохтмонӣ  нотамом  монданд.

- Хуб мешуд, агар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт барои зудтар ба истифода додани мактаби мазкур кумак  мекарданд. Зеро дар сурати идома надодани сохтмон мумкин аст, ки деворҳои мавҷуда фурӯ рафта, заҳмату маблағи соҳибкорон зоеъ шавад,- андеша дорад  нафақахӯр Абдуваҳҳоб Ҳусейнов -  раиси кумитаи  маҳалла.

Сокини 86 — солаи деҳа, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Тошпӯлод Мамадҷонов аз ободонии деҳа изҳори қаноатмандӣ карда, андешаҳояшро чунин иброз дошт: — Дар  амалишавии ин корҳои хайр саҳми Абдураҳим Дӯстматов хеле калон аст. Агар дар деҳот ин гуна афроди хайр­хоҳу дилсӯз зиёд мебуданд, Понғоз кайҳо шаҳр мешуд.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»