Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон масири 32 соли Истиқлолияти давлатиро бо сулҳу ваҳдати миллӣ паси сар намуд ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардида, дар байни давлатҳои ҷаҳон омӯхта мешавад. Тӯли ин муддат кишвари мо раванди қонунгузории миллии худро бунёд намуда, низоми самараноки мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро ташкилу такмил дода, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳоро мустаҳкам намуд. Бояд гуфт, ки ин ҳама маҳсули заҳматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, ки мо ба чунин дастовардҳо ноил гардидем.
Воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллатамон на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар суботи минтақа низ саҳми бузург гузоштанд. Маҳз, хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14-уми майи соли 2016 дар мамлакат 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд ва он ҳамасола бо фарогирии барномаҳои муҳими сиёсию ҳуқуқӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Бо қабули ин қонун оид ба ҷашн гирифтан дар санаи 16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бамаврид аст, зеро 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон — Тоҷикистон мавқеи хешро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, доираи ҳамкориҳоро бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон фарохтар намуда, бо назардошти манофеи миллӣ, тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳояшро таъмин кард. Ин аст, ки мардуми кишвар ифтихор доранд, ки дар саргаҳи ташаккули муваффақонаи давлатдории навинамон, маҳз шахсият ва талошҳои Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба шарофати иродаи ҷиддӣ ва мавқеъгирии устуворонаашон сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, пешравию шукуфоӣ барқарор ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин карда шуд. Ҳамчунин, бо баргузории рӯзи оғози Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам омадани ин санаи фархунда басо рамзист, зеро дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Сарвари давлат қадамҳои нахустинро дар сиёсат гузошта, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарории сохти конститутсионӣ, ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, барои рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихию фарҳангии Тоҷикистон хизматҳои бузург анҷом доданд.
Имрӯз баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор шудан ба боварии халқ, маъво гирифтан ба дили вай аст, ки хушбахтона ин ба Пешвои маҳбубамон пурра насиб гаштааст. Маҳз, бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш он дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дода шудааст. Воқеан ҳам, мояи ифтихори мо - кормандони мақомоти судӣ мебошад, ки имсол ҳаштсолагии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як шукӯҳу шаҳомати хос дар кишвари азизамон мутантан таҷлил менамоем.
Хулоса, дар ин рӯзи барои миллати тоҷик ва ҳар як сокини мамлакат хотирмону таърихӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳату саломатӣ, умри дароз ва дар амалӣ намудани ниятҳои неки созанда тамоми хушиҳои оламро орзу менамоям.
Зуҳуриддин АСРОРЗОДА,
сардори Раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон