Чанде пеш вакилони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия қонунеро қабул карданд, ки ба мақоми ваколатдор иҷоза медиҳад то воситаҳои ахбори оммаеро, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, ба ҳайси «агенти хориҷӣ» сабти ном кунад.
Думаи давлатӣ қонуни зикршударо баъди се маротиба баррасӣ намудан қабул кард. Қабл аз баррасии аввал Вячеслав Володин-раиси Думаи давлатӣ қонунро «посухи ҳамвазн» ба «фишори Амрико ба хабарнигорони рус» номид, вале яке аз журналистони варзида Пётр Толстой, ки ҳоло муовини раиси Думаи давлатӣ мебошад, гуфтааст, ки ин санад «ҳеҷ таъсире ба озодии баён дар Федератсияи Россия надорад.» Созмонҳои марбутаи байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА, Афви байналмилал ва ғайра изҳорот доданд, ки қонун «гулўи матбуоти Россияро, ки дар вазъи ногуворе қарор дорад, сахттар мефишорад».
Дмитрий Песков — котиби матбуотии Президенти Федератсияи Россия мегўяд, «ин санад ба ҳукумат имкон медиҳад, ки дар сурати «эҷоди маҳдудият барои матбуоти Россия дар хориҷ» посух бидиҳад». Аз миёни 450 вакил 409 нафар ба қонун раъйи мувофиқ додаанд ва касе мухолифи санад садо баланд накардааст. Коршиносон ба он назаранд, ки қонуни нав ба фаъолияти радиои «Озодӣ», «Садои Амрико», «СИ ЭН Эн», телевизиони олмонии «Дойче Велле» халал мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки Шабакаи телевизионии РТ 13-уми ноябри соли равон дар Вазорати адлияи Амрико ба ҳайси «агенти хориҷӣ» сабти ном шуд. Дар шарҳи он хадамоти марбутаи Амрико гуфтаанд, ки расонаҳои русӣ, аз ҷумла РТ ва «Спутник» барои таъсир гузоштан ба интихоботи Президенти ИМА, ки моҳи ноябри соли 2016 доир гардид, ба дурўғбофӣ машғул шудаанд. Дар муқоиса ба дигар қонунҳо ин санад бетаъхир ба Палатаи болоии парлумони Федератсияи Россия ирсол гардида, 21 ноябр якдилона ҷонибдорӣ шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Шўрои президентии Федератсияи Россия оид ба ҳуқуқи инсон бинобар номушаххас будани баъзе истилоҳ баррасии дубораи санадро дар Думаи давлатӣ тавсия дод. Аммо аъзои Шўрои Федератсия қонунро дар шакли пешин қабул карда, гуфтанд, ки «баъдан онро мешавад суфта кард». 25 ноябри соли ҷорӣ Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия, ба қонун имзо гузошт ва он мавриди амал қарор гирифт.
Таҳияи Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»