Сарнавишти ҳар миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолориву фарҳангпарварӣ, бедориву дарки дурусти воқеият, маҳорати таҳлили ҳаводиси рӯзгор, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандонаш ба фардои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад.
Маҳз таҷаллии ҳамин хусусиятҳои ҷавонмардонаи фарзанди фарзонаи миллат, абармарди давру замон, родмарди арсаи сиёсат, меросбари фарҳанги пурифтихору деринбунёди давлатдории ориёӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ эмин монд ва мардуми хонабардӯшу бесарпаноҳмондаи аз даҳшати ҷанги бародаркуш хаставу афгор дубора бо умеду ормонҳои аз нав зиндашуда ба хоки муқаддаси Ватан баргаштаву паҳлуи ҳам аз сари ваҳдату якдилӣ дар ҷабҳаҳои созандагӣ ба кору пайкор пардохтанд.
«Ман ба шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомӯш месозам! То он даме ки як нафар гурезаи маҷбурӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намеҳисобам». Ин суханони саршор аз эҳсоси ватандӯстӣ аз умқи қалби бузургу пурмеҳр, орӣ аз кинаву адоват, бахшоянда, парварандаи ғояҳои сулҳу ваҳдати Пешвои миллат бархоста, дар зеҳни пухтаву сайқалёфтааш шакл гирифта, аз забони ҷавонмардонааш чун қавлу қасам возеҳу гӯшрас ва тантанавор хориҷ шуда, ба гӯши ҷони халқи Тоҷикистон, ки интизори Пешвои додрасу дардошно буданд, пайғоми сулҳу ваҳдат, якпорчагии давлат, эҳёи миллат, рушди соҳаҳои мамлакатро расонд, ба дилҳои аз ваҳшати ҷанги бародаркуш афгору рӯҳҳои аз даҳшати харобкориҳо хаста нуру тавон ва шуълаи умед ба фардои дурахшон бахшид.
Ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ ба он дорад, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Ҳамон сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ иваз карда шуд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории навин нигаронида шуда, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Яъне, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати миллӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад, зеро дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсияту хидматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, пайванди ногусастанӣ дорад.
Бо мақсади ҳифзи якпорчагии давлат ва баромадан аз буҳрони баамаломадаи сиёсӣ, дар он марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз, ки кишвар, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ амалан бо мақсади тақвияти ҳокимияти иҷроия, афзудани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми татбиқи қонунҳо, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардид. Ба бахти мардум, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо омили наҷоти давлату миллат, балки рушди устувори соҳаҳои хоҷагидории кишвар, аз ҷумла, иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва ғайра гардид.
Баъд аз гуфтушунидҳои дурудароз, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсоз барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмину таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ, афзудани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон мусоидат кард. Ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон нуқтаи эҳёи фарҳанги давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи соҳибфарҳангу боасолат ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар гардида, самараҳои наҷиби таърихӣ ба бор овард, ки гувоҳ бар тинати поку сулҳпарвар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди давлатдории Пешвои маҳбуби миллат аст.
Тоҷикистони азиз баъд аз имзои ин санади деринтизор дар сиёсати байналмилалӣ мавқеи шоиста касб карда, таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро баҳри ҳамкориҳои васеи мутақобилан судманд ҷалб намуд ва бо роҳандозии сиёсати «дарҳои боз» дар масири рушду пешрафт қадамҳои устувор гузошт. Эътибори баланди кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, бевосита ба ибтикороти Пешвои миллат алоқаманд буда, ҷонибдории сокинони сайёра аз ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат ҷиҳати ҳалли масоили глобалии ҷаҳон далели ин гуфтаҳост.
Мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтани таҷрибаи расидан ба ризояти умумӣ ва сулҳи пойдори тоҷикон аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, хоса Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчун дастурамал тавсия шудани он барои мамолики нобасомон гувоҳи эътибори ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Коршиноси олмонӣ Арне Клеманс Зайферт таҷрибаи сулҳи моро чунин баҳо дода буд: «Дар ҳақиқат, муҳокимаҳои сиёсие, ки солҳои охир пас аз бастани Созишномаи умумӣ дар бораи сулҳ ва ризоят дар ҷомеаи тоҷикон ба вуқӯъ пайваст, таҷрибаи беназиреро дар фазои Аврупо ва Осиё тавлид кард». Коршиноси англис Кэтрин Баренс дар ин маврид чунин қазоват кардааст: «Ҷараёни муноқишаи тоҷиконро хуб баррасӣ намуда, муайян сохтан лозим аст, ки чӣ тавр ин сабақи тоҷикон метавонад барои хубтар фаҳмидани ҷанги шаҳрвандӣ дар манотиқи дигар ба мо кумак расонад».
Боиси шарафмандӣ ва сарбаландии миллати тоҷик аст, ки 26 июли соли 2011 Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои шоиста ва арзандааш дар таьмину таҳкими сулҳ, тамаддунсозию фарҳангпарварӣ, мусоидат ба Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи муҳити зист, рушди пояҳои иҷтимоӣ ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ ба унвони олии фарҳангию сиёсӣ «Пешвои асри XXI» мушарраф гардонд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери Ливои Пешвои миллат, бо даст ёфтан ба ваҳдати комил ва сулҳи сартосарӣ, ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ ва рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор ниҳода, ба дастовардҳои назаррас, монанди сохтмони неругоҳҳо, кушодани нақбу пулҳо, бунёди роҳҳои аҳамияти дохилиҷумҳуриявию байналмилалидошта, муассисаҳои таълимии замонавӣ ва дигар иншоотҳои азим ноил гардид. Ҳамакнун, баъди баҳрабардорӣ қарор додани агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва афзудани иқтидори энергетикии кишвар, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар корҳои созандаву таконбахши иқтисоди миллӣ бомаром ҷараён дошта, ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзудани сатҳи некуаҳволии мардум, беҳтар сохтани шароити маишии сокинон тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. Бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар кишвар ободониву созандагӣ ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, инфрасохтори сайёҳӣ ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, бомаром ва якдилонаву дастаҷамъона ҷараён дошта, кабӯтари сулҳу осоиштагӣ ва саодату хушбахтӣ дар осмони беғубори Ватани маҳбубамон болафшонӣ мекунад. Чунончӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 октябри соли 2020) қайд карданд: «Дар натиҷаи амалӣ гардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт».
Талошҳои фарҳангсолоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина гузошт, то миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳё гашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти фикрӣ бирасад. Дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Ба роҳбарияти давлат муяссар гашт, ки забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии мавҷудияти миллат пурра эҳё намуда, корбурди идорию сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии онро таъмин намояд. Ҷиҳати ривоҷи худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур омад, ки бо барномарезиҳои ҳадафманд хотираи таърихии миллатро эҳё ва барқарор намояд. Дар ин росто, бо супориши бевоситаи фарзанди фарзонаву фарҳангпарвари айём симои абармардони таъриху фарҳанги миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абуҳанифа, Имом Бухорӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ, эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд. Ҳамчунин, ба зумрае аз абармардони таъриху фарҳанг, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон унвони олии кишвар — «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Бо таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифи кишвар сол аз сол рушди бесобиқа касб намуда, ҷиҳати рушди илмҳои техникӣ ва заминаи назариявии соҳаи истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мешаванд. Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф 18 марти соли 2020 таъкид намуданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад… Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавононро, тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».
Дар шароити аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам беҳдоштӣ бисёр печидаи ҷаҳони муосир соли ҷорӣ дар сатҳи бисёр хуби ташкилӣ ва фазои осудаву фаъолнокии аҳли ҷомеаи кишвар доир гардидани ду маъракаи бисёр муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо моҳи март ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябр баёнгари маърифати баланди ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии аҳолии кишвар мебошад, ки аз ҷониби нозирони байналмилалӣ сазовори баҳои арзанда ва арзёбии нек гардиданд.
Тавре ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 октябри соли 2020) бо ваҷҳи хоси ватандӯстона, эҳсоси баланди масъулият ва меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба халқи азизи кишвар таъкид доштанд: «Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад… Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам».
Савганди Пешвои миллат, дар асл, савганди хурду бузурги кишвар, ҳар фарди баору номус ва худогоҳу ватандӯст ва суханони ироашуда сармашқи кору фаъолияти созанда ба хотири ояндаи дурахшони давлат ва саодатмандии наслҳои миллат мебошад.
Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани хидматҳои таърихии абармарди дунёи сиёсат ва фарзанди шоистаи давру замон, пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаву хирадмандона ва фарҳангсолоронаву инсонгароёна кафолати пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва ояндаи боз ҳам дурахшон аст.
МИРАЛИЗОДА
Абдусалом Мустафо,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ