Проблема ва мулоҳиза Пайдошавии «Баҳри сабз» дар регзори Аралқум

№73 (4335) 03.06.2021

Ё чӣ тавр шӯразаминро метавон сабзазор намуд?

аральское-мореТо нимаи дуюми асри гузашта Арал чорумин кӯли калонтарини дунё ба шумор мерафт. Масоҳати умумии он 66000 километри мураббаъро ташкил дода, чуқуриаш ба ҳисоби миёна ба 53,4 метр баробар буд. Он 1090 километри мукааб об дошту 25 номгӯй моҳӣ парвариш мегардид.

Пас аз он ки Ҳукумати Шӯравӣ аз ҳисоби заминҳои солҳо бекорхобидаи Осиёи Марказӣ зиёд намудани майдони кишти пахтаро шурӯъ намуд, фоҷиаи баҳри Арал оғоз шуд. Аз сабаби сол то сол афзун намудани майдони пахтазор қисми зиёди оби дарёҳои Сир ва Аму на ба Арал, балки ба даштҳои лабташна мерафтанд. Пасоби пахтазоре, ки ба баҳри Арал ҷорӣ мешуд, бо худ нуриҳои азотию фосфорӣ, гербисиду заҳрхимикатҳоро «армуғон» меовард. Бинобар коҳиши воридшавии об, хушкидану шӯршавии баҳр суръат гирифт. Олами набототу ҳайвоноти атрофи он рӯ ба харобӣ оварда, моҳипарварӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Баҳр ба ду қисмат – Арали калон ва Арали хурд тақсим шуд. Соли 1990 чуқурии Арали хурд то ба 38 метр расид. Консентратсияи намак дар оби он хеле баланд гардида, 30 грамм дар як литрро ташкил медод. Соҳили баҳр дар баъзе аз ҷойҳо зиёда аз 113 километр дур рафта, киштиҳои бекорхобида дар миёнаи регзор «ҳайрон» монданд.

Мувофиқи маълумоти сомонаи «Газета. уз», ҳоло майдони холимондаи баҳри Арал (ба ибораи дигар регзори Аралқум) тақрибан 6 миллион гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 2,8 миллион гектар дар Қазоқистон ва 3,2 миллион гектар дар Ӯзбекистон ҷойгир аст. Аз ин майдони пур аз намакҳои заҳрогин соле то 150 миллион тонна чангу ғубори намаколуда ба фазо бархоста, ба сари сокинони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Турк­манистон ва Афғонистону Тоҷикистон мерезад. Аз ҳамин сабаб помидору бодиринг ва дигар сабзавот пажмурдаю бемор шуда, сифати ангур паст гардидааст.

Аз ҷониби дигар чангу ғубори намакин дар болои пиряхҳо таҳшин шуда, обшавии онҳоро метезонад. Зиёд шудани хокбориш, ҳамчунин, боис ба авҷгирии бемориҳои роҳи нафас низ мегардад. Ҳар сол дар ҷаҳон наз­дики 12 миллион гектар замини кишт дар натиҷаи истифодаи нодуруст ва шӯразанӣ ба биёбон табдил меёбад. Ин дар ҳолест ки аҳолии дунё торафт зиёд шуда, талабот ба заминҳои кишт меафзояд. Моҳи апрели соли 2010 собиқ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва июни соли 2017 роҳбари ҳозираи он Антониу Гутерриш ба мавзеи хушкшудаи баҳри Арал омада, фоҷиаи онро умумиҷаҳонӣ номиданд.

Дар хусуси мушкилоти баҳри Арал аз миёнаҳои солҳои ҳаштодуми асри гузаш­та дар матбуот бонги изтироб мезаданд. Моҳи январи соли 1988 раиси Шӯрои Олии ИҶШС Андрей Громико дар маҷаллаи «Коммунист» ҳалли мушкилоти баҳри Аралро ба миён гузошт. Мутаассифона, он вақт иқтисодиёти Давлати Шӯравӣ тамоюл ба поёнравӣ дошт. Ба ҳар ҳол пас аз ин нигоштаи шахсияти намоёни шӯравӣ дар расонаҳои хабарии ҷаҳон вобаста ба буҳрони Арал мақолаи зиёд ба табъ расиданд. Бо мақсади ҳалли мушкил корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ва семинару конфронси зиёд баргузор гардиданд. Ягона иқдоме, ки самаранокиро нишон дод, лоиҳаи ҷамъияти Германия оид ба ҳамкории техникӣ (GTZ) буд. Дар доираи он дар 27000 гектар рег­зори Аралқум дарахту буттаҳои гуногун шинонида шуд.

Соли 2018 доктори илмҳои кишоварзӣ, академик, роҳбари лоиҳаи Институти илмӣ — таҳқиқотии Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали Ӯзбекистон Зиновий Новитский, ки 40 сол боз дар қисмати хушкшудаи баҳри Арал таҳқиқоти илмӣ мебарад, ҳангоми мулоқот бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз хусуси аҳамияти ба роҳ мондани корҳои ҷангалмелиоративӣ дар ин мавзеи паҳновар пешниҳод ба миён гузошт. Роҳбари давлати Ӯзбекистон пешниҳоди олимро ба назар гирифт ва дар муддати кӯтоҳ «Барномаи давлатӣ оид ба дигаргунсозии минтақаи назди Арал тавассути гузаронидани корҳои ҷангалтехникӣ» қабул карда шуд. Тайи се сол Вазорати ҳолатҳои фавқулода дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали Ӯзбекистон дар 1,5 миллион гектар ҷангалзори иборат аз саксавул ва дигар дарахту буттаҳои ба шӯразамин тобовар бунёд намуданд. Ин иқдоми нек минбаъд низ идома меёбад. Бунёди ҷангал дар ин шӯразамин чӣ манфиат дорад?

aralsea7Тавре Зиновий Новитский навишт, дар ҷое, ки қаблан шамолҳои дайду «ҳукмронӣ» карда, чангу ғубори намакинро ба сару рӯи сокинони шаҳру деҳоти гирду атрофи баҳри Арал мепошиданд, ҳоло сабзазор пайдо шудааст. Миёни қаторҳои ҷангали саксавул гиёҳҳои гуногун рӯида, оҳубарра, заргӯш, рӯбоҳ, тазарв (мурғи даштӣ, фазан) ва дигар ҷонваронро ҷалб менамоянд.

Аз тарафи дигар саксавул ва гиёҳҳои сабз рӯи заминро пӯшонида, барои ба фазо бархос­тани чангу ғубори намакин монеа мешаванд. Ҳар қадар ки майдони саксавулу дарахту буттаҳои ба шӯразамин тобовар дар атрофи баҳри Арал зиёд шавад, ҳамон қадар хокбориш камтар шуда, босуръат обшавии пиряхҳо камтар мегардад. Агар ин иқдоми ӯзбекис­тониҳоро дар Қазоқистону Туркманис­тон низ амалӣ созанд, муҳити зис­ти Осиёи Марказӣ ба самти мусбат тағйир меёбад.

Таҷрибаи олимони Институти илмӣ- тадқиқотии хоҷагии ҷангали Ӯзбекистон собит намуд, ки як гектар саксавулзори чорсола дар давоми як сол 1158,2 кило гази карбонатро фурӯ бурда, 835,4 кило оксиген ҷудо менамояд.

Дар ҷумҳурии мо низ ҷорӣ кардани таҷрибаи олимони Ӯзбекистон самарабахш хоҳад буд. Махсусан, дар регзор ва шӯразаминҳои ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав зиёд намудани кишти саксавул ва дигар дарахту буттаҳои ба хушкию шӯразамин тобовар муҳити зисти ин мавзеи гармтарини ҷумҳуриро беҳтар намуда, ба рушди шутурпарварӣ ва парандапарварӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамин гуна замини солҳо бинобар сабаби шӯразадагӣ бекорхобидаро ба ихтиёри хоҷагиҳои ҷангал дода, дар онҳо оҳую шутурпарварӣ ва парвариши мурғи даштӣ (тазарв)-ро метавон ба роҳ монд. Таҷрибаи кишвари ҳамсоя нишон дод, ки дар мавзеи солҳои зиёд бе обу гиёҳбуда, бо азми дурусту саъйи комил метавон ҷангал бунёд кард.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»