Прокуратураи ноҳияи Файзобод баҳри амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотиро таъсис дод. Гурӯҳ бо навбат ба нуҳ Ҷамоати шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ рафта, ба мардум муҳтавои Паёмро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Имрӯз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб кардани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосиру иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода бурда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд, ки иқдоми мазкур муҳиму саривақтист.
- Дар шароити кунунӣ мо вазифадорем, ки пеши роҳи амалҳои террористиву экстремистиро гирем, нагузорем, ки фарзандони мову шумо фирефтаи ташкилотҳои тундгароӣ шаванд. Мутаассифона, бинобар аз даст додани зиракии сиёсӣ даҳҳо ҷавононро нотавонбинони миллат ва давлат гумроҳ карданд, ки пайомадаш фоҷиабор буд, — таъкид намуд аъзои гурӯҳ.
Рисолати ватандӯстӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар шахси баору номус аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд. Фарзандонро дар рӯҳияи худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ, дониши хубу аъло, эҳтироми калонсолон, ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ тарбия кунанд. Мақомоти прокуратура бо мардум чунин вохӯриҳоро вобаста ба Паёми Президент ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор минбаъд низ доир менамояд.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод