То таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Шуғнон бунёди зиёда аз 60 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи 62 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Чанде пеш дар деҳаҳои Питоб ва Санговни деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон бо маблағгузории МИМҲД-и вилояту ноҳия, шарикони рушд ва ҷалби сокинони маҳаллӣ пули мошингузар бо сарфи 1,5 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар маросими ба истифода додани он изҳор дошт, ки масъалаҳои рушди деҳот ва беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум пайваста таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва бунёди иншоот гувоҳи ҳамкории самарабахши давлат бо бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад. Дастгириҳои давлат бори дигар ҳар як шаҳрванди солимфикрро ба он водор месозад, ки бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшанд. Алҳол чунин ободкориҳо дар ноҳияи Шуғнон бомаром ҷараён дорад ва умед аст, ки дар се соли оянда ҷиҳати таъмини ҳаёти шоиста, ҳатто дар дурдасттарин деҳоти кишвар, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд.
Шоҳтолиби Шоҳқосим, «Садои мардум»