Мақомоти қудратии шаҳри Кӯлоб дар дохили анборҳои нигаҳдории Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғдиён» 1200 халта (60 тонна) орди гандуми муҳлати истеъмолаш гузашта ва пастсифатро ошкор намуданд. Мутобиқи хулосаи коршиносони бахши ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Раёсати стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи минтақаи Кӯлоб, ордҳо ғайристандартӣ буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
Ҳангоми санҷиш мутахассисони соҳа дар таркиби орд кирму метакҳои зиндаи ҳаракаткунанда, бӯйи ғализ ва таъми бадро, ки дар натиҷаи куҳнашавии аз ҳад зиёд ба амал омадаанд, мушоҳида карданд. Дар хулосаи тартибдодаи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр низ истеъмоли маҳсулоти мазкур барои саломатӣ хатарнок арзёбӣ шудааст. Онҳо изҳор доштанд, ки истифодаи орди ошкоршуда метавонад ба заҳролудшавии организм боис гардад.
Бо вуҷуди хилофи меъёрҳои стандартӣ будани орд, Давлатов Валӣ Мирзоалиевич, ки аз январи соли ҷорӣ ба ҳайси директори ҶСК «Суғдиён» фаъолият дорад, 180 халта орди муҳлати истифодааш гузаштаро бо орди муҳлатдор ва сифати хубдошта омехта карда, ба соҳибкори инфиродӣ Д. Назаров фурӯхтааст ва бо ин васила ба ӯ 25 ҳазору 200 сомонӣ, яъне ба миқдори махсусан калон, зарари молиявӣ расонида, орди боқимондаро дар анборҳои ҷамъият бо ҳадафи фурӯхтан нигоҳ доштааст.
Исмоили Зариф, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Кӯлоб, зимни суҳбат гуфт, ки нисбат ба В. Давлатов барои ин кирдор бо дастрасии моддаи 209 қисми 1-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои «Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад», пешбинӣ менамояд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Ба илова, тафтиши пешакӣ дар ҳаракатҳои номбурда аломатҳои ҷиноятии моддаҳои 294 қисми 3 банди «б», яъне «Фиреби истеъмолкунандагон ба миқдори махсусан калон» ва 322 қисми 1 – «Хунукназарӣ»-ро муайян кард. Дар маҷмӯъ, нисбат ба В. Давлатов бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда ба анҷом расид ва барои баррасӣ ба Суди шаҳри Кӯлоб ирсол гардид. Ордҳои пастсифати муҳлаташ гузашта аз муомилот бардошта шуд.
Ёқуби Содиқ,
«Садои мардум»