Сокини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мамадназар Ғуломов ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» мактуб ирсол намуда, дархост кардааст, ки дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, № 521 «Дар бораи Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад» маълумот диҳем.
Номбурда, махсусан, савол гузоштааст: «Банде, ки барои нафарони дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр фаъолияткунанда 14 рӯз рухсатии меҳнатии иловагиро пешбинӣ кардааст, ба хизматчиёни давлатӣ низ дахл дорад ё фақат ба кормандон ва мутахассисони соҳаи истеҳсолӣ?»
Барои посух гардондан ба саволи хонандаи рӯзнома мо ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Сардори раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии вазорати мазкур Д. Носирзода ба саволи Мамадназар Ғуломов чунин посух дод:
- «Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад» ба кормандони муҳандисӣ-техникӣ ва хизматчиёне, ки дар баландии аз 2000 то 2300 метр аз сатҳи баҳр кор мекунанд, давомнокии рухсатии иловагӣ (бо рӯзҳои тақвимӣ) 14 рӯз, давомнокии рӯзҳои кӯтоҳкардашудаи корӣ (бо соат) то 6 соат ҳуқуқ медиҳад. Муқаррар карда шудааст, ки татбиқи ҳамин қарор дар солҳои 2007-2008 дар вазорату идораҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар доираи фонди музди меҳнати тасдиқшудаи онҳо амалӣ карда мешавад.
Қисми 1 модаи 96 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон давомнокии камтарини рухсатии иловагӣ барои кор дар шароити зарарнок ва вазнини меҳнатиро муқаррар намудааст, ки на камтар аз 7 рӯзи тақвимиро ташкил медиҳад.
Ҳуқуқи гирифтани рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароити зарарноку вазнини меҳнатиро танҳо он кормандоне доранд, ки бевосита дар чунин шароит кор мекунанд. Бо собиқаи корӣ барои гирифтани рухсатии иловагӣ вобаста ба шароити зарарноку вазнин танҳо он вақти корие дохил мешавад, ки бо чунин шароитҳо рост омада бошад.
«Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад» ва дастури татбиқи ин номгӯй бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, №521 бо тағйиру иловаҳо аз 30 декабри соли 2007, №658 ва аз 31 декабри соли 2014, №794 тасдиқ шудаанд. Мувофиқи ин дастур, рухсатии иловагӣ ба рӯзи кории кӯтоҳ барои кормандони муҳандисию техникӣ ва хизматчиёне пешбинӣ шудааст, ки дар «Номгӯи истеҳсолот, коргоҳҳо, ихтисос ва вазифаҳое, ки шароити зараровар доранд ва кору фаъолият дар онҳо барои рухсатии иловагӣ ва рӯзи кӯтоҳи корӣ ҳуқуқ медиҳад», дарҷ шудаанд.
Таҳияи Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»