Ду ҳафтаи охир масъалаи сохтмони НБО-и «Роғун» боз дар саргаҳи тамоми ахбори интишорию сомонаҳои интернетӣ қарор гирифт. Новобаста аз он ки Бонки Ҷаҳонӣ баъди анҷоми ташхиси тарҳи неругоҳ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани он, муҳимияти иқтисодӣ ва экологӣ доштанашро барои кулли минтақа эътироф кард, кишвари ҳамсояи мо аз мавқеи пешинааш даст кашиданӣ нест.
Аввал, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов эълон дошт, ки «Ӯзбекистон ҳаргиз ва дар ҳеҷ шароите аз тарҳи НБО «Роғун» ҳимоят нахоҳад кард». Сипас, дар пайи ин изҳороти расмии Тошканд, дар сомонаи «ЦентрАзия.ру» матлабе аз номи академики ӯзбек Р. Абдуллоев чоп шуд, ки ба ҳукумати кишвараш пешниҳод намудааст: «Тамоми қудрати низомиаш, ҳавопаймоҳои бомбаафканашро ба дараи Роғун фиристода, сарбанди неругоҳро бо бомбаҳои муосиртарин несту нобуд созад. Ҳамзамон, зарбаи пешгиркунанда ба артиши тоҷик дар самти Турсунзода-Ҳисор-Душанбе зада, неруи ҳарбии Тоҷикистонро заифу корношоям созад». Зери интиқоди шадиди коршиносони тоҷику минтақа, ин «академик»-и навбаромад даст доштанашро дар таълифи мақола инкор кард, вале агар маводҳои қаблан нисбати Тоҷикистон навиштаашро аз назар гузаронем, баръало дармеёбем, ки чӣ гуна муносибати бадғаразонаю душманона нисбати миллати тоҷик ва давлати тоҷикон дорад.
Албатта, дар чунин ҳолатҳо тамоми имкониятҳо баҳри фишороварӣ ва татбиқи нақшаҳо аз ҷониби манфиатдорон рӯйи кор оварда мешаванд. Аз ҷумла истифодаи «худиҳо» дар кишвари зери назар. Дар бораи иртиботи Раҳматилло Зойиров — раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бо ватани хуни нофаш рехта матлабҳои зиёде навишта шудаанд. Номбурда ҳамеша гила мекунад, ки «ӯро дар хизматгузории дигарон гунаҳгор месозанд»-у ҳамчун «фарзанди Тоҷикистон қабулаш намекунанд». Вале мисли об рӯшан аст, ки ҳеҷ инсоне бидуни мақсад гоме пеш намегузорад.
Пуштибонии Раҳматилло Зойиров (сомонаи «TojNews» аз 12 августи соли 2014) аз сокинони деҳаҳои Чорсада ва Алигалабони деҳоти «Ҳакимӣ»-и ноҳияи Нуробод ҳам бо тақдиру мушкилоти онҳо дахле надорад. Зойиров монанди раҳнамоёни берунааш мунтазир набуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ хулосаи ташхисашро мунсифонаю одилона, бетарафу шаффоф ба нафъи Тоҷикистон эълон мекунад. Чун аниқ шуд, ки бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ягон хатаре барои минтақаи Осиёи Марказӣ надорад, бародарони ӯзбекамон аз мувозинат берун шуданду бо асабоният ба такрори афсонаҳои қаблӣ шурӯъ намуданд.
Раҳматилло Зойиров наметавонад рӯшод мавқеи барои тоҷикон муқобилро ҷонибдорӣ кунад, аз ин рӯ, роҳи дигари барояш тавсияшударо иҷро менамояд. Яъне, бедор кардани ҳисси эътироз нисбати сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар шуури сокинони маҳаллӣ. Ӯ хубтар аз дигарон медонад, ки чунин тарҳи бузурги ҷаҳонӣ ҳатман иҷрои баъзе корҳоеро тақозо мекунад, ки аз хоҳиш берунанд. Аз ҷумла кӯчонидани сокинони баъзе деҳаҳо, ба монанди Чорсада ва Алигалабон, ки ба хотири манфиати садҳо миллион аҳолии ҷумҳурӣ ва минтақа бояд ҷойи зисташонро тағйир диҳанд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо, албатта, дар кӯча нахоҳад монд. Барномаи таъмини онҳо бо замину зистгоҳи нав дар сатҳи баландтарини давлатӣ пешбинию тасдиқ шудааст. Дар ин замина, аз пашша филсозии Раҳматилло Зойиров фақат кӯшишест баҳри дастгирии талошҳои Ӯзбекистон дар ростои сохтмони НБО-и «Роғун». Он ки дастзании худро ба ин қазия ҳамчун ҳуқуқшинос маънидод мекунад, барои пинҳон доштани алоқамандии амалҳои худаш бо мавқеи ҷумҳурии ҳамсоя мебошаду халос. Ана, дар куҷо ниҳон аст ҳадафе, ки аз ҷониби Раҳматилло Зойиров пуштибонӣ мегардад!
Дилшод Назирмадов