Якуми августи соли равон дар толори калони бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо фаъолони ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент доир гардид.
Дар ҷамъомад муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон аз шаҳру ноҳияҳои зикршуда ширкат варзиданд.
Қобили зикр аст, ки мулоқот ба хотири шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат, ки 21 декабри соли гузашта ироа гашт, баргузор шуд.
Муовини раиси вилояти Суғд Зоҳид Давронзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайра мақдам гуфт.
Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳу тавзеҳ дод. Дар идомаи суханронӣ фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳвар қарор гирифта, зикр шуд, ки ҳайати вакилони кунунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, муҳандисону меъморон, табибон ва намояндагони дигар соҳаҳо, ташкил медиҳанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиaи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳама дастуру ҳидоятҳои аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додашуда дар фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кор мебошанд.
- Минбаъд низ ҳама кӯшиш ба он равона мегардад, ки манзалати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор дар пешбурди сиёсати давлатӣ муассиртар гардад. Табиист, ки дар ин раванд тавсеа бахшидани робитаи вакилон бо интихобкунандагон хеле муҳим ва саривақтӣ аст. Бо назардошти ин, кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳое, ки аз ҷониби вакилон мавриди баррасӣ қарор мегиранд, барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва некуаҳволии мардум мусоидат намоянд. Зеро қонун ифодакунандаи иродаи шаҳрвандон ва парлумон, фароҳамкунандаи фазои мукаммали ҳуқуқӣ дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, рисолати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабули қонунҳое мебошад, ки дар марҳилаи муосири рушди кишвар зарурӣ буда, ҷавобгӯи манфиатҳои миллии халқи Тоҷикистон бошанд, — таъкид намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар фарҷом Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаро ба шукргузорӣ аз рӯзгори кунунӣ, дастовардҳои кишвар ва фазои сулҳу оромӣ даъват намуда, зикр кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз манфиатҳои миллӣ ба таври шоиста ҳимоя намоянд.
Сипас, миёни Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳозирин суҳбати самимӣ ва ошкоро сурат гирифт, ки дар раванди он мушкилоти мавҷуда баррасӣ ва пешниҳодот ироа гардиданд.
Далер Абдулло,
«Садои мардум»