Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Рӯдакӣ: Чаро масъулин нисбат ба минтақаҳои хавфнок бепарвоянд?»

№ 25.05.2017

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мақолаи Муҳаммад Зокирро зери унвони «Рӯдакӣ: Чаро масъулин нисбат ба минтақаҳои хавфнок бепарвоянд?», ки дар шумораи №40 (3677)- и рӯзномаи «Садои мардум» аз 15 апрели соли 2017 чоп шудааст, баррасӣ намуда, чунин иттилоъ медиҳад: Соли ҷорӣ дар мавзеи Комсомоли деҳоти «Зайнабобод» ва пули болои дарёи Элок, ки дар мақола дарҷ гардидааст, корҳои зиёди соҳилмустаҳкамкунӣ ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷалби сохторҳои таркибии он — Ситоди ҳолатҳои фавқулода, Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор, дар мавзеи деҳаи Комсомол 700 метр маҷрои дарё тоза карда, 400 метр хатти муҳофизатӣ мустаҳкам гардонида, беш аз 30000 метри  мукааб қуму шағал бароварда шуд.

Дар деҳаи Адолат ба дарозии 800 метр маҷрои дарё тоза, 250 метр садди муҳофизатӣ мустаҳкам карда шуда, дар ҳаҷми 13000 метри мукааб корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ иҷро гардиданд.

Дар деҳаи Шафақа бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ду экскаватор, як булдозер, як мошини боркунӣ ва чор нақлиёти калонҳаҷми боркаш 1000 метр садди муҳофизатӣ барқарор карда, 200 адад  хишти калони бетонӣ (кубик) хобонида шуд.

Якуми апрели соли ҷорӣ зиёда аз 2200 метр маҷрои дарёи Элок тоза, беш аз 1800 метр хатти муҳофизатӣ мустаҳкам ва барқарор шуд. Ҳаҷми умумии корҳои соҳилбандӣ зиёда аз 80000 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Сохтмони худсаронаи манзилҳои истиқоматӣ пурра манъ гардидааст. Ҷиҳати пешгирии сохтмони иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеҳои хатарнок, хусусан дар деҳоти «Зайнабобод» ва шаҳраки М. Турсунзода тадбирҳои судманд амалӣ шудааст. Айни замон дар ин мавзеъ ягон иншоот ва ё хонаи истиқоматӣ барои анҷом додани соҳилмустаҳкамкунӣ хатар эҷод намекунад.

Дар робита ба изҳори муаллиф — дар ҳудуди деҳоти «Султонобод», «Чоряккорон» ва «Роҳатӣ» дар заминҳои барои бунёди иншоот тобоварнабуда сохта шудани манзилҳои истиқоматӣ гуфтанием, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2011 «Дар бораи гирифтан ва ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ додани қитъаҳои замин барои маҳалҳои аҳолинишин» 2000 гектар, аз он ҷумла 1237, 90 га замини корами лалмӣ, 4,0 га замини ниҳолҳои бисёрсола, 708, 82 га чарогоҳ ва 49,28 га дигар заминҳои дар  кишоварзӣ истифоданашаванда ҷудо гардидааст. Аз ин қитъаҳои замин аз ҷониби комиссияи ҷамъиятии ноҳия ба оилаҳои эҳтиёҷманд ҳамчун заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим шудааст. Ҷиҳати иваз намудани 675 гектар замини тибқи қарори номбурда ҷудогардида, бинобар ба талаботи меъёрии сохтмон ҷавобгӯ набудан, ба қитъаҳои замини ба мақсад мувофиқ ба сохторҳои ҷумҳуриявӣ пешниҳод ирсол гардидааст.

Ҳамчунин, мақсаднок ва самаранок истифода намудани замин, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта минбаъд ба вайронкунии қонунгузории замин роҳ надодан, вусъат бахшидани кори комиссияи ҷамъиятӣ, шаффофу боадолатона ба роҳ мондани тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ дар машварати кории раиси ноҳия, ҷамъомади кормандони соҳаҳои фаъолияташон марбут ба замин мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Р. АШУРОВ, 

муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ