«Офтобро бо доман пӯшонида намешавад» мегӯянд дар урфият. Ҳарчанд ки бо сабабҳои маълум, дар замони Шӯравӣ ба намояндагони аҳли тасаввуф аҳамияти бояду шояд дода намешуд, олимону донишмандон ва шоирони баномусу меҳанпарвар ва хештаншиноси тоҷик аз сарчашмаю дарёи маъонии абармардони сӯфия, хоса шоири халқӣ Абдукарими Қурбон, ки бо тахаллуси Карим — Девона машҳур буд, дили ҳаводорони каломро об медоданд.
Номбурда соли 1878 дар деҳаи Ҷӯраки мавзеи Шӯриён, ҳоло деҳоти «Эсанбой»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Азбаски он замон дар деҳаҳои кӯҳистон мактаб вуҷуд надошт, Абдукарими ҷавон илми диниро дар назди аҳли саводи деҳааш аз бар намуд.
Дар байни мардуми диёр дар бораи шеър ва қиссаҳои шоир нақлу ривоятҳои бисёр паҳн гардида, сокинони собиқ деҳаҳои Шӯриён, Косабулоқ, Қарабулоқ, Боғак, Ҳоҷибойӣ, Ангулӣ, Сунбула, Тариқпоя, Мингботман, Турғок, Терак ва ғайра шахсан бо Карим — Девона шинос буданд.
Шоир бо мардуми фозили замонаш Абдурасули Қубодиёнӣ, Толиби Афсонагӯй, Муллобобо, Муллоҳомид ва Муллоҷӯраи Ҳисорӣ, Тағоймуроди Танбӯрӣ, бо тахаллуси Хиҷил ва Мирзонӯъмони Мафтун дӯстӣ дошта, аз суҳбати онҳо баҳравар гаштааст. Борҳо ба шаҳрҳои Деҳнав, Тирмиз, Шаҳрисабз, Самарқанд, Бухоро, Қӯқанд ва Панҷакент сафар карда, бо равшанфикрони замон аҳди дӯстӣ бастааст.
Карим — Девона чил сол умр дида, дар айни камолот ва сайқал ёфтани қалами шоирӣ, соли 1918 дар деҳаи Ҷӯрак вафот мекунад ва 1000 мисраъ шеър аз ӯ боқӣ мондааст.
Баъд аз беш аз як асри аз дунё гузаштанаш ашъори Карим-Девона, аз ҷумла, шеъру сурудҳои «Вафоти Абдулмаҷид», «Марги ногаҳонӣ», «Нолаи модар», «Ранги заъфарон», «Ба дӯст», «Тақдири ман», «Фалаки ситамгар», «Эй фалак», «Инсон ғулом намешавад», «Кӯҳи Ғозиён», «Шӯриён бозор шуд», «Тӯй дар Карасит», «Тӯйи калон дар Ҷӯрак», «Дар васфи Розия», «Фурсат ғанимат аст», «Зилзилаи Андиҷон», «Заҳри ситам», «Эй бехабар», «Бегона шав», «Шамолак», «Магар гуноҳ аст?», «Шӯриши Ҳисор», «Зилзилаи Қаратоғ», «Қатл дар Душанбе» ва «Табли ҷанг», дар кишвар суруда мешаванд.
Солҳои 50-60-уми асри ХХ бобати зинда гардонидани номи Карим-Девона аз ҷониби адиби маъруф Ҳабибулло Назаров талоши зиёд ба харҷ дода шуда, аввал маҷмӯаи шеърҳо бо номи «Сатрҳои оташин» ва баъд аз чанде асари «Дар ҷустуҷӯи Карим-Девона» пешкаши ҳаводорон гардид. Минбаъд низ, баҳри абадӣ гардонидани хотираи шоир ва дастраси мардум намудани шеърҳои ӯ бо қалами Муҳаммади Салим соли 2015 повести «Қиссаи Карим-Девона» пешкаши хонандагон гардид.
Соли 1988 ба ифтихори 110-солагии шоир дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон «Осорхонаи Карим-Девона» ифтитоҳ шуда, ҳамон сол бо ташаббуси масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Шӯриён пайкараи шоир гузошта шуд. Инчунин, соли 1998 ба муносибати 120-солагии шоир пайкараи ӯ аз деҳаи Шӯриён ба маркази маъмурии ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, назди Китобхонаи марказии ноҳия оварда, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ба номи Карим-Девона номгузорӣ шуд. Яке аз деҳаҳои шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор низ номи Карим-Девонаро дорад.
Чанде пеш бо сабаби дар назди Китобхонаи марказии ноҳия бунёд гардидани иншооти марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати ба дигар ҷой кӯчонидани пайкараи шоир Карим-Девона пеш омад. Мавзеи ҷудогардида дар қисмати ҷанубу ғарбии даромадгоҳи маркази ноҳия гулзор ва пайкараи шоири мардумӣ Карим-Девона баъд аз навсозӣ он ҷо насб карда шуд.
Дар ифтитоҳи «Гулгашти ба номи Карим-Девона», ки 8 майи соли равон баргузор шуд, роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, намояндагони ВАО-и кишвар, ҳамдеҳагон ва ҳаводорону мухлисони бешумори ӯ иштирок намуданд.
Бо шарофати ин иқдом ба раванди бунёдкорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи тозае зам гардида, барои сокинони ноҳия ва меҳмонон мавзеи фароғатии дигар муҳайё шуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»