Рӯди Душанбе боиси ифтихор бошад

№13 (4753) 26.01.2024

ДарёШодравон Лоиқ Шералӣ навишта ва Хурмо Ширинова суруда буд:

Дарё! Дарё!..

Бехуд равонӣ, дарё,

Пирӣ чу дунё…

Оре, аксар дарёҳо чу дунё пиранду рӯди Душанбе пиртар аст аз ин зебошаҳр, ки дар соҳилҳои он доман густурдааст.

Замоне мардуми русзабон бо муҳаббат ин рӯдро «Душанбинка» — «духтар» ё «бонуи Душанбе» ном мебурданд. Тибқи нақшаи сталинии ободонии шаҳр, рӯд соҳилбандӣ гардида, барои рӯдро ба қисматҳо ҷудо намудан бо хиштҳои бетонӣ монеаҳо эҷод намуда буданд.

Чанд сол қабл рӯзномаи «Садои мардум» (№96(3733)) зери унвони «Рӯди ман, олам дигар шуд…» матлабе нашр намуда буд. Матлаб чунин оғоз меёфт: «Беш аз 20 сол мешавад, ки рӯзе чанд маротиба аз тирезаи дафтари корӣ ҷониби рӯди Душанбе дида дӯхта, аз дил мегузаронам: Оё замоне фаро мерасида бошад, ки нигоҳи мо ба сангҳои хушку тираранг ва алафҳои хушкидаи он барнахӯрда, нороҳатамон насозад?!».

Пас аз чопи матлаб аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ҷавоб расид. Таъкид гардида буд, ки масъалаи ободонии рӯд дар мадди назари масъулин қарор дорад ва дар ояндаи наздик дигаргуниҳоро интизор бояд шуд. Аз он айём қариб ҳафт сол сипарӣ гардид ва дарвоқеъ, дар ин муддат дар пойтахт ва соҳилҳои Душанберӯд дигаргуниҳои фараҳбахши зиёд ба амал омаданд. Бо ҷаҳду талоши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ теъдоди биноҳои пурнақшу нигори осмонбӯс афзуда, боғҳо ва гулгаштҳои нав арзи ҳастӣ намуданд. Дар канори рости рӯд роҳи нақлиёт таҷдид гардид ва ба дарозои соҳил роҳи пиёдагард бун­ёд ёфта, гулу бутта ва ниҳолҳои зебо шинонда шуданд. Атрофи рӯд зебою дилпазир аст, вале ба дохили рӯд менигарему боз ҳамон мисраи шодравон Мирзо Турсунзода ба хотир мерасад: «Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон…».

Пас аз чанд рӯзи чопи мақолаи зикршуда дар канори пули хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, қисмати ноҳияи Сино чанд экскаватор пайдо гардида, дарахтони дарёро решакан ва сангҳои қаъри дарёро ҳамвор намуданд. Аммо имрӯз дар ин қисмат ниҳолҳои нав қад мекашанд …

Дар фасли гармо дар баъзе ҷойҳо гурӯҳҳои хурди кӯдаконро дучор омадан мумкин аст, ки машғули оббозианд. Сокинони пойтахт ва меҳмонон бепарвоёна дар соҳилҳои рӯд рафтуомад доранд. Дар соҳил курсие нест, ки даме нишинед ва дар дохили рӯд манзарае нест, ки тамошо кунед. Ҳол он ки тамошои мавҷҳои рӯд ва шунидани садои он давою дармони хуб аст барои пиронсолон ва беморон.

Бидуни шак, ободонии рӯди Душанбе омодагии ҷиддӣ ва маблағи зиёдро тақозо дорад. Итминон дорем, ин мушкилиро бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ метавон ба осонӣ бартараф намуд. Кофист, ки қисматҳои рӯд бо шарти пешакӣ обод намудан ба муҳлати муайян барои истифода ва баҳрабардорӣ ба соҳибкорон тақсим карда шавад. Дар марҳилаи ободонии ин қисматҳо соҳибкорон метавонанд аз фурӯши сангу шағал ва реги қаъри дарё манфиат ба даст оранд. Пас аз бунёди садду дарвоза ва баландшавии сатҳи об моҳипарвариро низ ба роҳ мондан мумкин аст.

Суханони меъмори тоҷик, сокини шаҳри Сочии Федератсияи Россия Назирҷон Тоҳирҷонов ба хотир меояд, ки гуфта буд: «Сайёҳон ба манотиқи иқлимаш гарм асосан барои ду чиз меоянд: офтоб ва об. Сочи дар замони шӯравӣ ва имрӯз ҳам бо обу офтоби худ сайёҳонро ҷалб менамуду менамояд. Ҳоло он ба шаҳри сайёҳии дараҷаи олӣ табдил ёфтааст. Дар кишвари мо низ ин ду неъмат арзонист. Соҳибкорон бояд аз ин неъматҳо беҳтару хубтар истифода намоянд. Агар дар даруни дарё ду-се соябон гузореду шароити одитаринро барои истироҳати мардум муҳайё созед, дар фасли гармо фавҷ-фавҷ одамон ҷониби дарё равон мешаванд».

Барои бастани пеши об ва бун­ёди дарвозаҳо хиштҳои бетонии қаъри дарё, ки солҳои шуравӣ гузошта шудаанд, метавонанд ёрӣ расонанд. Дар шароити кунунии камшавии оби дарёҳо дар кишвар ва ҷаҳон ин тадбир манфиатовар хоҳад буд, зеро дар натиҷаи лоақал ба як метр баланд намудани сатҳи об ҳазорҳо метри кубӣ об захира мегардад, ки онро ҳам барои обёрии боғу гулгаштҳо ва ҳам эҳтиёҷоти дигари сокинони пойтахт истифода бурдан мумкин аст.

Чун дар бештари қисматҳои соҳил аллакай роҳҳо бунёд гардида, имкони бунёди ҳеҷ гуна иншооте мавҷуд нест, қисматҳои боқимонда, хусусан соҳили чапи рӯдро – аз пули хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то қисмати ба рӯди Кофарниҳон пайвастаи он, ки ҳанӯз имкони бунёди иншооти истироҳату фароғат вуҷуд дорад, аз даст додан лозим нест. Хуб мешуд, дар ин минтақа инфрасохтори сайёҳӣ бунёд мегардид.

Ободии рӯди Душанбе ободии пойтахт аст ва ҳар сокини шаҳр мехоҳад ва ҳуқуқ дорад, бо ин рӯд ифтихор дошта бошад. Меандешем, ки бо чунин сарвари дилсӯзу ғамхори пойтахт, мисли муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин рӯз дур нахоҳад буд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»