10 январ навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе- 2» ба фаъолият оғоз намуд.
***
10 феврал Маркази миллии тестии (ММТ) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии тестии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
***
6 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ХХII зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар кард.
***
1 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба бунёди боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор» оғоз бахшид.
***
10 март дарозтарин пули мошингузари шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма ба истифода дода шуд, ки он 306 метр дарозӣ дорад.
***
20 март мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар баргузор гардид.
***
20 март Сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-www. president. tj дорои бахши арабӣ ва шакли мобилӣ гардид.
***
23 апрел Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
***
16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар кард.
***
21 июн бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри «Аҳорун» ифтитоҳ ёфт.
***
15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти сохтмони иншооти сершумори ба истиқболи солгарди 3000- уми Ҳисор бунёдёбанда ба ноҳияи Ҳисор ташриф овард.
***
20 август дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи муосири «Сипеҳр» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
29 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди кормандони касбу кори гуногуни ҷумҳуриро ба истиқболи солгарди 23-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои олии низомию махсус сарфароз гардонид.
***
30 август дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави таълимию истеҳсолӣ- Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастони Пойтахт-90» ба фаъолият пардохт.
***
3 сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе «Майдони теннис»-и шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт.
***
3 сентябр терминали нави ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба истифода дода шуд.
***
5 сентябр дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» ифтитоҳ ёфт.
***
10 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ба кор даромад.
***
12 сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон -шаҳри Душанбе ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.
***
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин ба сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи байнидавлатии гази «Осиёи Марказӣ- Хитой», воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, оғоз бахшиданд.
***
13 сентябр мошини дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба кор даромад.
***
24 сентябр дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббуси иқдомҳои арзишманд ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об ҷоизаи махсуси «Ҷануб- Ҷануб» тақдим карда шуд.
***
4 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 600- солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашн гирифта шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.
***
14 октябр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ҷумҳурӣ баргузор шуд.
***
15 октябр дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории «Душанбе-2014: Соҳибкорӣ- муҳаррики иқтисодиёт» доир гардид.
***
18 октябр ба ифтихори 90- солагии мақоми пойтахтро гирифтани шаҳри Душанбе ҷамъомад доир гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.
***
27-28 октябр дар «Кохи Сомон»- и Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
***
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 29 октябри соли 2014 таҳти №1130 имзо гузошт.
***
6 ноябр 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.
***
22 ноябр дар деҳоти «Мискинобод»- и ноҳияи Файзобод 120- солагии гӯрғулисаро Ҳикмат Ризо таҷлил гардид.
***
5 декабр Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №306 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» қабул гардид.
Таҳияи Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»